Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 22:43

Намози ёдбуд ба хотири шаҳид Бурҳониддин Раббонӣ дар Афғонистон

24 сентябр 2011, 08:21

Имрӯз дар кулли масоҷиди давлати исломии Афғонистон намози ёдбуд ба хотири шаҳид Бурҳониддин Раббонӣ баргузор гардид.


Толибшоҳи Сайид, муовини райиси Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсзабон- «Афруз» , ки барои ширкат дар маросими ҷанозаи собиқ райисҷумҳури ин кишвар, райиси Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон ба Кобул рафта буд, дар ин бора ба «Озодагон» хабар дод. Зимни як тамоси телефонӣ номбурда гуфт: «Чанд лаҳза қабл дар масҷиди Абубакри Сиддиқи маҳаллаи Баҳористони Кобул ба ин манзур намози муслимин сурат пазируфт, ки дар он ҳудуди 22 ҳазор ширкат доштанд».

 

Ёдрас менамоем, устод Бурҳониддин Раббонӣ зимни як ҳамлаи интиҳорӣ дар манзили зисташ воқеъ дар шаҳри Кобул баъд аз зӯҳри сешанбеи 20-уми сентябр ба шаҳодат расид. Ч,асади ӯ рӯзи  23-юми сентябр дар оромгоҳи Вазир Акбархони Кобул ба хок супурда шуд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!