Бахшҳо

Доктор Аминов: Ҷароҳӣ дар Бемористони Ибни Сино ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аст

Бо истифода аз дастовардҳои илмӣ ва технологияи навтарин дар тамоми кишварҳои пешрафтаи дунё қариб 30 сол мешавад, ки ҷарроҳиҳои гуногуни тиббӣ бе буридани бадани бемор анҷом меёбад. Дар Тоҷикистон низ аз ин тарзи табобати замонавӣ истифода мешавад. Дар Бемористони Ибни Сино, ки бо мукаммалтарин ва навтарин таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз мебошад, ин тарзи ҷарроҳӣ бо маҳорати баланд анҷом дода мешавад. Давоми се соли охир танҳо дар шӯъбаи урологии бемористон 820 нафар бо ин шева ҷарроҳӣ шудаанд.
Ҷарроҳии эндоскопӣ чӣ тавр сурат мегирад ва муддати табобати беморони ҷарроҳишуда чанд рӯзро ташкил медиҳад? Дар ин бора суҳбате доштем бо мудири шӯъбаи урологияи Бемористони Ибни Сино доктор Аминов.

-Доктори муҳтарам, нахуст мехостем дар бораи шӯъбае, ки роҳбариашро бар уҳда доред, каме маълумот медодед?

-Шӯъбаи урологӣ дар канори шӯъбаи ҷарроҳии дил яке аз ду шӯъбаест, ки аз оғози роҳандозии Бемористони Ибни Сино, дар моҳи сентябри соли 2009 фаъол аст ва яке аз бахшҳои муҳимтарини бемористони мо маҳсуб мешавад. Шӯъба бо навтарин дастгоҳҳои сохти Олмон муҷаҳҳаз гардонида шуда, амалҳои ҷарроҳӣ бо шеваҳои навтарин анҷом дода мешаванд.

-Бештар кадом намуди бемориҳо дар ин шӯъба ба табобат фаро гирифта мешаванд?

- Дар ин ҷо беморони санги гурда, санги ҳолиб, санги масона, кистаҳои гурда, аденомаи простата, тангии маҷрои пешоб, клапани маҷрои пешоб бо тариқи эндоскопӣ ва бидуни буридани бадан ҷарроҳӣ мешаванд. Назорати видеоӣ имкон медиҳад, ки ҷарроҳ тамоми равандро пеши назар дошта бошад ва ба камтарин иштибоҳ роҳ надиҳад. Касоне, ки аз кори пизишкӣ огоҳ нестанд, шояд чунин тасаввур бикунанд, ки чун амал бо дастгоҳҳои навтарин анҷом мешавад, ин кор хеле сода аст. Аммо чунин нест, ин амалҳо маҳорати зиёд, лаёқат ва таҷрибаи на камтар аз панҷсолаи фаъолият дар риштаи эндоурологияро талаб мекунанд.

Мавриди зикр аст, ки ҳудуди 76 дар сади ҷарроҳиҳо дар шӯъбаи мо аз тариқи дастгоҳҳои эндоскопӣ анҷом мешаванд. Ин навъи амали ҷарроҳӣ камзахм буда, ҷарроҳишудагон хеле зуд шифо меёбанд ва маъмулан пас аз ду-се рўз ба хона мураххас мешаванд ва як ҳафта пас метавонанд фаъолияти меҳнатиашонро идома бидиҳанд. Дар давоми се соли охир мо беш аз 820 амал анҷом додем, ки чунонки гуфтам, аксари онҳо бо роҳи эндоскопӣ сурат гирифтаанд.

- Дар мавриди маҳорат ва таҷрибаи корӣ ҳарф задед. Албатта, шумо ва пизишкони шӯъбаатон ин таҷриба ва маҳоратро ба қадри кофӣ доред...

-Бале, ҳам ман ва ҳам пизишкони дигари шӯъба, ба ҷуз он ки солиёни зиёд дар бемористонҳои Тоҷикистон кор кардаем ва таҷрибаи кофии корӣ дорем, боз чандин маротиба барои коромӯзӣ ва бозомӯзиҳои як ва семоҳа ба муассисаҳои дармонии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дар заминаи пизишкӣ мебошад ва ҳамчунин семинар ва конфронсҳо, ки дар онҳо навовариҳои дармону ҷарроҳии эндоурологӣ дар сатҳи байналмилдалӣ баррасӣ мешаванд, сафар кардаем. Ҳамчунин мо аз ҳузури мутахассисони хориҷӣ, ки пайваста ба бемористон меоянд, босамар истифода мекунем; шеваи кори ононро меомӯзем ва аз машвараҳояшон баҳравар мегардем.

-Пас, гуфта метавонед, ки минбаъд мутахассисони ватанӣ метавонанд он ҳама навъ ҷарроҳиеҳоеро, ки ном бурдед, худашон анҷом бидиҳанд?

-Албатта, мо ҳамарӯза амалҳои ҷарроҳии мухталифи урологиро ҳам ба воситаи эндоскоп ва ҳам ба тариқи ҷарроҳии боз бомуваффақият анҷом медиҳем. Вале ин нуктаро лозим ба таъкид медонам, ки дар бемористони мо интихоби ҷарроҳ марбут ба худи бемор аст. Ба маврид аст, бигўям, ки дар оѓози фаъолияти бемористони мо бештари ҷарроҳиҳо аз ҷониби мутахассисони хориҷӣ (Эрон, Русия, Олмон, Жопон) анҷом дода мешуд. Бо таҳия ва иҷрои барномаи тарбияи мутахассисони ватанӣ аз ҷониби роҳбарияти бемористон, фиристодани мутахассисон ба марказҳои омўзишии хориҷӣ, акнун бештари амалҳои ҷарроҳӣ дар заминаҳои мухталифро худи мутахассисони тоҷик ва дар сатҳу сифати баланди ҷаҳонӣ анҷом медиҳанд. Бо сарбаландӣ метавон гуфт, ки Бемористони Ибни Сино дар баробари табобат дар сатҳи баланд, мактаб, дақиқтараш донишкадаест, ки бо сифати баланд мутахассисони дараҷаи олиро тарбия ва омода месозад.

-Мегӯянд, нархи хидматрасонӣ дар бемористони шумо гарон аст ва қишри камбизоати аҳолӣ аз хизматрасонии он наметавонад бархурдор бошад?

-Не, ин тавр нест ва ин тасаввур иштибоҳист. Бемористони мо тарҳи сармоягузории хусусист, яъне мисли бемористонҳои дигар аз буҷа маблаѓгузорӣ намешавад. Тамоми василаҳои истифодашаванда якбормасрафанд ва аз хориҷа бо нархи гарон ворид карда мешаванд ва ҳамчунин шароит ва фазо барои бемор дар бемористони мо аз кулли бемористонҳои дигар фарқ мекунад. Аслан чун сухан аз ҳаёти инсон меравад, бояд сифати дармон ва сиҳатии инсон дар мадди назар бошад, маблағ мавзуест, ки дар ин маврид дар радаи охир қарор мегирад.

Бо ин ҳол, бо таваҷҷуҳ ба вазъи иҷтимоии мардуми кишварамон, дар назди бемористон ширкати «Суғуртаи тиббӣ» ташкил шудааст, ки ниёзмандон бо пайвастан ба он зимни ташхису табобат ва аз ҷумла, ҷарроҳиҳои урологӣ аз имтиёзҳои зиёд дар амри пардохти ҳаққи хидматҳои тиббӣ бархурдор мешаванд. Ва бо итминон метавонам бигӯям, ки бо дарназардошти таносуби сифат ва қиммат нархи дармону ҷарроҳӣ дар бемористони мо на танҳо зиёд нест, балки камтар аз муассисаҳои ҳамгуни ҷумҳурӣ аст. Нафароне, ки маълумоти бештар гирифтан мехоҳанд метавонанд ба сайти расмии мо ворид шаванд ва нархномаву имтиёзҳое, ки мо пешниҳод мекунем, ба таври комилу мушаххас огаҳӣ ёбанд. Сомонаҳои мо www.ibnisino.tj ва www.sugurta.tj.

-Ба кору фаъолияти шумо ва мутахссисони бемористонатон муваффақият мехоҳем.


-Сипос!
Мӯҳр
Холид
Шеров Валичон
Саломи маро бипазиред мухтарам доктор Аминов. Ман аз шумо минатдор мебошам, ки рузи 03.03.2015 чаррохи гурдаамро фаъолона ичро намудед. Номи чаррохи гурдаамро хуб намедонам ба фикри худ (уетро.калико.пиеро.пластика) буд. холо бошад ман аввал аз Худованди бузург минатдор мебошам ва дуюм аз шумо,ки дигар ягон дард , сузиш ва ягон чиз хис
намекунам.Ва ман аз шумо сарбаланди хохонам...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)