Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 07:46

Аз мост, ки бар мост…

26 сентябр 2011, 03:51

Бо гумони даст доштан дар ин ҷиноят сокини ноҳияи Восеъ, Ашӯралӣ Ятимови 17-сола боздошт гардид. Дар натиҷаи кофтуков аз Ятимов телефони мобилии тамғаи «Айфон», муттааллиқ ба Ӯроқов Комилҷон ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва мусодира карда шуд…

Кормандони прокуратураи ноҳияи Восеъ қотилони ду ҳамватани моро, ки дар вилояти Маскави ҷумҳурии Русия ин амали ваҳшиёнаро ба анҷом расонида буданд, дар Тоҷикистон боздошт намуданд. Тибқи иттилои Музаффар Юсуфов, муовини додситони ноҳияи Восеъ, пулиси префекти Чехови вилояти Маскав моҳи июли ҳамин сол ҷасади 2-тан шаҳрвандони Тоҷикистон, бародарон- Давлаталии 41-сола ва Комилҷон Уроқови 33-сола, сокинони ноҳияи Восеъро, ки барои мардикорӣ ба ҷумҳурии Русия рафта буданд,  аз чуқурии 1,5-метр дарёфт намудаанд. Дар сарраёсати тафтишотии кумитаи тафтишотии федератсияи Русия аз рӯи ин ҳолат парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, вале то ҳанӯз ҷинояткорон ошкор нагашта буданд. Ҷаноби Юсуфов мегӯяд, гумони он мерафт, ки дар куштори ин ду ҳамватани мо шояд мардуми бумӣ даст дошта бошанд. Дар ҳамин ҳол, аз ҷониби лейтенанти адлияи Кумитаи тафтишотии федератсияи Русия Александр Толчко  ба унвонии прокуратураи ноҳияи Восеъ дархост оид ба кумаки ҳуқуқӣ дар мавриди ҳолати куштори шаҳрвандони Тоҷикистон ворид гардид.

Изи қотил дар ватан

Тавре ба хабаргузории «Озодагон» ҷаноби Юсуфов гуфт, «дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони даст доштан дар ин ҷиноят сокини ноҳияи Восеъ, ноболиғ  Ашӯралӣ Ятимови 17-сола боздошт гардид. Дар натиҷаи кофтуков аз Ятимов телефони мобилии тамғаи «Айфон», муттааллиқ ба Ӯроқов Комилҷон ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва мусодира карда шуд».

Ба гуфтаи муовини прокурори ноҳия, Ашӯралӣ Ятимов дар содир намудани ҷиноят худашро пурра гунаҳкор дониста, гузашта аз ин ҳамроҳонашро, ки дар ин куштор даст доштаанд, номбар намудаст. Ёқубҷон Убайдуллоев, соли таваллудаш 1983, сокини рустои Кадучии ҳамин ноҳия ва боз чанд тани дигари барои тафтишоти пешакӣ ҳанӯз номаълум дар якҷоягӣ бо Ашӯралӣ Ятимов ба хотири тассарруфи пул, қасд ба ҷони бародарон Ӯроқовҳо карда, бо бераҳмӣ ҳар дуро ба қатл расонида, баъдан дар чуқурии беш аз 1-метр гӯрондаанд.

Дар ҳамин ҳол, дар прокуратураи ноҳияи Восеъ нисбат ба Ятимов ва Убайдуллоев бо моддаи 104, қисми 2, бандҳои «а», «е», «з» ва «и»-и кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Аслиддин Достиев, шаҳри Кӯлоб{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!