Бахшҳо

Муҳиддин Кабирӣ: “Худованд сабур аст, зуд ҷазо намедиҳад”

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, нашр шудани китобчаҳо ба мисли “Ҷаҳони андеша” ва назари файласуфони вақт дар мавриди инкори вуҷуди Худовандро як падидаи табиӣ хонда, пайравони дини Ислом, аз ҷумла уламои исломии тоҷикро ба баҳсҳои мусоламатомезу дар чаҳорчӯбаи одоб дар робита даваът кардааст.

Раиси ҲНИТ, ки дар ин бора дар саҳифаи фейсбукияш ибрози назар кардааст, гуфтааст, хомӯширо дар мавриди ба китобчаи “Ҷаҳони андеша”, ки дар яке аз бобҳояш вуҷуди Худованд инкор мешавад, бо дархости пайдарҳами дӯстонаш шикастааст. Ӯ мегӯяд, “баҳс дар бораи вуҷуди Худованд баҳси нав нест, дар ҳама давру замон будааст ва хоҳад монд. Худи сарчашмаҳои динӣ, аз ҷумла Қуръони маҷид низ дар бораи мункирони Худо мегӯяд ва равиши даъвати онҳо ва муносибат бо онҳоро низ нишон додаст. “...Удъу ило сабили раббика билҳикмати ва мавъизатил ҳасана ва ҷодилҳум биллати ҳия аҳсан …” (Ба сӯйи парвардигорат бо ҳикмат ва мавъизаи нек бихон ва бо онҳо (мункирон) бо услуби накӯ баҳс намо…(Наҳл, 125).”

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло бояд донишмандони исломӣ вуҷуди мункирони Худоро ҳамчун чизи табиӣ қабул кунанду муносибат бо онҳоро низ дар асоси таълимоти динӣ, илм, мантиқ ва одоби нек ба роҳ монанд, мисле ки пешвои мазҳаби онҳо қаблан аз ин усул кор гирифта буд: “Айнан ҳамон коре, ки бузургони мо дар гузашта кардаанд. Бахусус ба мисли Имом Абуҳанифа, ки баҳси илмиву мантиқии ишон бо даҳриҳои замони худаш бо ҳузури халифа дар сарчашмаҳо зикр гаштааст. Хеле хуб аст, ки муносибати уламои мо низ бо ин падида хеле оромона ва мантиқӣ мебошад чуноне, ки Эшони Маҳмудҷон кардаанд.”

Раиси Ҳизби наҳзат бар ин аст, ки ҳеч гоҳ мусулмонон бо инкор шудани Худовандашон аз сӯи як гуруҳи кӯчак таҳқир нахоҳанд шуду вазифаи муъминии онҳо даъват ба сӯи Худованд бо риояи фармудаҳояш дур аз ҳар гуна умури берун аз одобу ахлоқ ва дахолат ба пархоши махлуқон бо Холиқ.

Муҳиддин Кабирӣ дар мавриди сар задани ин гуна баҳсҳо миёни доираҳои равшанфикри тоҷику садо баланд кардани онҳо илова намудааст, “баъд аз пошхӯрии идеологияи бехудоӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ раванди дингароӣ бо як суръати баланд пеш меравад, ки дар баъзе ҳолатҳо боиси рушди тундгароӣ мегардад. Мушкилоти зиёди сиёсӣ, иктисодӣ ва фарҳангӣ заминаи мусоиде барои тундгароӣ мебошанд. Табиист, ки қишри равшанфикри ҳар ҷомеа ин мушкилотро пеш аз ҳама дарк мекунад ва бояд садо баланд кунад. Агар лозим шавад эътироз кунад. Аммо, эътироз ба кӣ ва баҳс бо кӣ? Бо ҳукуматҳо, ки мушкилотро ҳал карда наметавонанд ва боиси рушди тундгароӣ мешаванд ё Худованд, ки бо номи Ӯ дин дар ҷомеаҳо бо суръат пеш меравад? Мушкили асосии як идда аз равшанфикрони мо ҳаминҷо шурӯъ мешавад. Чун онҳо тибқи табиат ва рисолаташон бояд садо баланд кунанд ва огоҳ кунанд, агар лозим шавад баҳсу эътироз кунанд ва мекунанд. Қисме бо инсонҳое мисли худ, ки масъулияти ҷомеаро доранд, масалан хокимони давр ва қисми дигар бо Худованд. Бо Худованд баҳс кардан осонтар аст, ба Ӯ эътироз кардан бехатар мебошад (замони инквизиция гузаштааст). Худованд сабур аст, Ҳаким аст, зуд ҷазо намедиҳад ва эҳтимоли зиёд аст, ки ҷазо ҳам надиҳад, чун Раҳим ҳам ҳасту Ғафур ҳам. Аммо эътироз ба инсон ба хусус ҳоким ба маротиб хатарноктар аст чун сабуру раҳиму ғафур нест ва ҷазоро зуд ва гоҳо бераҳмона медиҳад. Инҷост, ки равшанфикрони бо табиати ҳолашон мустақили эътирозманиш ва нороҳат аз вазъи ҷомеъаҳояшон ин садояшонро ба суе равона мекунанд, ки ҳам "дилро холӣ карда бошанд" , ҳам "рисолати" хешро анҷом диҳанд ва ҳам муҷозот нашаванд. Ҳар файласуф то қадре илоҳиётшинос ҳаст ва медонад, ки "ин даргаҳи мо даргаҳи навмедӣ нест, сад бор агар тавба шикастӣ, боз ой".

Раиси Ҳизби наҳзати исломӣ дар охири навиштаҳояш гуфтааст, “бархе аз равшанфикрони мо роҳи амнтар ва осонтари анҷоми рисолати худро пеш гирифтаанд, ки ин бо ХУДИ ХУДОВАНД сар ба сар шудан аст. Воқеан метавон аз ин ҷасорати бештар нишон дод? Чаро масъаларо аз ин нигоҳ баҳо надиҳем?”

“Ҷаҳонбинии оянда” дар шакли китобчаи иборат аз 40-саҳифаӣ моҳи июли соли 2013 бо теъдоди 100 нусха дар нашриёти «Кайҳон»-и шаҳри Душанбе ба табъ расидааст.
Мӯҳр
рухом
шумо аз бахри худо нею маромхои ифлоси худ динро сипар кардаед.

Муҳаммад
Ассалому алайкум
Ин гуфтаҳо дуруст аст дар бораи шахсе аслан мусалмон нест ва ба вуҷуди Аллоҳ имон надорад, аммо шахсе худро мусалмон медонад ва боз вуҷуди Аллоҳро инкор мекунад, ҳукмаш дар Ислом дигар аст ва ҳамчун муртад шумурда мешавад ва тибқи шариат бояҳ ҳадди риддат бар ӯ ҷорӣ кард.
Саломат бошед

Мошооллох Чаноби Кабири бисер одами бузург хастед, мо доимо дуогуи шумоем, як ана хамон баромади шумо дар телевизиони Эрониро ки як ду мох пеш дидем бисер ачоиб интервью додаед, зинда бош Чаноби Кабири!!!

Салим
Бехтараш олимону уламои дин як махфил ороянд ва масъаларо холисона ба баррасй бигиранд. Ва дар хамончо ба як хулоса биёянд, ки оё кй хак аст, дар мавриди мачудияти Худованд...

Муҳтарам Кабири ҳамеша тарафдоронашро ба даргузашт ба таҳамулпазири дават мекyнад ки ин албатара давате хубе ҳаст вале ҳамеша дар муқобили зулмy ситам ва беадолатие ки нисбати азояш мегардад хомуши ё ба як баёнияи қоне нагардад. Мо эҳсос мекунем ки агар дар маврриди манофеи раҳбарони болои наҳзат кадом фишорy тақиб аз тарафи давлат ба амал ояд баёнияҳо ва мусоҳибаҳои пай дар пай ба амал меояд вале дар нисбати азоён чинин эҳсоси самимият дида намешад.

Рахмдил
Салим чи ту ба Худо бовари надори. ин чи хели гапай.

Ассалому алайкум. Ба самъи душманони Худо мерасонам, ки олами инсон худ нишонаи он аст, ки Худо вучуд дорад ва асоси хама хасти Уст. Ман якчанд савол дорам, ки агар инсон ба вучуди Худо бовар надошта бошад, ба ин саволхо посух гуфта наметавонад ва харчи мегуяд ботил аст.
Саволхо: Агар инсон барои худ коре карда метавонад, пас чигуна пайдо шудааст? Акле, ки дар у хаст, аз кучо маншаъ гирифтааст? Чаро боре тифл аст, бори дигар чавон, айёми дигар пир мешавад? Чаро аз марг начот надорад? Офтоб, Ситорахо, обу хаво, хок, оташ чигна худ ба худ ру мезананд, дар холе, ки онхо ба хамдигар алока доранд? Олимони ИМА кашф карда баромаданд, ки инсон хангоми нафасгири калимаи мубораки Аллохро талаффуз мекунад, Ин чигуна шудааст? Боз чизи дигар: Мо дар мактаби миёна аз фанни физика мехонем, ки модахо аз атомхо иборатанд ва атомхо таксимшавандаанд. Пас барои душманони Аллох маълум намегардад, ки он чи мо дар ин дунё мебинем, мекапем, мечашем, буй мекунем ва гайра хама хечанд ва ана хамон рух асоси хасти аст. Агар мункирони Худо зарае дониш дошта бошанд, инро дарк мекунанд ва аз фикру гумони ботилашон мегардаднд.

Чаноби Кабири бехтарин Лидери(сарвари) сиёси ва ДИНИ мебошад. МОШООЛЛОХ!!!

адвакат
Офарин чаноби Кабири! бехтарин посух ба мункирони Худо.

Китоби мазкурро сканер карда дар сахифаи Фейсбукии Точикистон онлайн гузотем мархамат карда хонед ва фикру акидаи худро баён кунед. Факат номи Чахонбинии фалсафии гузошта шуда аст, яъне номи китоб хато шудааст!!!,

salmon
jazokaLLOH janobi Kabiri khudovand chashmy dushmanoni shumoro kur gardonad, OMIN

рухом,
максади тура нафахмидам!!! Ту киро дар назар дори?!

рухом,
Агар Кабириро дар назар дори, тухмат мекуни!!! Кабири дар хакикат сиесатмадори донишманд аст !!!

1111
Яке шукрона сипар карду дигаре чангу чадалро,
Ту ба ман рох нишон дех, то бубинам рох кучост.
Рухи Хайём

Амонатулло
Кабири Шумо худро аллакай чун сиёсатмадори босаводу точики тоза нишон додед.Дар Маскав низ шуморо хурмат мекунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2014    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)