Бахшҳо

Cокинони селзада: "Барои пули барқу андоз меоянд, барои аҳволпурсӣ - не!" (АКС)

Сокинони селзадаи деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон аз нарасидани кумаки зарурӣ барои онҳо бо гузашти беш аз 5 шабонарӯз аз зери хоку лой мондани чизу чораашон шикоят доранд. Ин сокинони ноҳияи Хуросон рӯзи 20 апрел дар суҳбат бо хабарнигори “Озодагон” гуфтанд, бо вуҷуди он ки тамоми ашёи рӯзгори онҳо зери хок мондаву захираи маводи ғизоиашонро сел бапуррагӣ “бо худ бурд”, ҳанӯз аз сӯи мақомот кумаке ба онҳо нарсидааст.

Ба гуфтаи сокинони Меҳнатобод, нафароне, ки манзили истиқоматияшон дар пайи омадани сел хароб гаштаву пур аз лойқа шудаанд, дар хонаҳои пайванду наздикони худ шабашонро рӯз мекунанд.

Cокинони селзада: "Барои пули барқу андоз меоянд, барои аҳволпурсӣ - не!" (АКС)Як сокини кӯҳансоли Меҳнатобод мегӯяд, ҳоло ӯ ҳамроҳ бо чаҳор фарзанду ду келин ва се набераи худ дар хонаи яке аз хешонаш ба сар мебарад: “Ҳама чизро бо чашми худ дидеду дигар ба гуфтаи ман, ҳоҷат нест. Ин хонаҳое, ки ҳоло Шумо онҳоро пур аз лойқаву харобгашта мебинед, бо маблағе обод шудаанд, ки худ онҳоро бо сари занакиям бо арақи ҷабинам дар Русия кор карда, ба даст оварда будам. Ман баъд аз фавти шавҳарам барои пайдо кардани нафақа ва сарпаноҳ ба 4 фарзанди аз падар ятиммонда ба Русия рафта, муддати 10 соли умрамро дар ғурбат гузаронидаам.”

Зуҳри рӯзи 16 апрели соли ҷорӣ дар пайи боришоти зиёд дар ҷануби кишвар беш аз 170 манзили истиқоматӣ дар деҳаи Меҳнатободи ҷамоати Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон тайи селоб монда, девори бархе аз ин хонаҳо фурӯ рехтааст. Ба қавли сокинони ин деҳа, ҳарчанд ин селоб мунҷар ба аз байн рафтани даҳҳо чорвои хурду калони онҳо шудааст, вале талафоти ҷониро низ дар пай дорад. Бар асоси иттилои манобеи маҳаллӣ дар ин офати табиӣ ду кӯдак, аз ҷумла Абдураҳими 2-сола зери лойқа монда, ба ҳалокат расидааст.

Сайидиброҳим, ки худро бобои Абдураҳим муаррифӣ кард, мегӯяд, набераи ӯ ҳанӯз чанд соат қабл аз омадани сел ба хонааш меҳмонӣ омада буд: “Ӯ писари духтарам аст, саҳари ҳамон рӯз бо модараш ба дидорбинии мо омада буданд, вале ҳангоми омадани об, ки ниҳоят сатҳаш баланд буд, аз дасти модараш афтиду тайи хок монд.”

Cокинони селзада: "Барои пули барқу андоз меоянд, барои аҳволпурсӣ - не!" (АКС)Тибқи маълумоти расмии ҳукумати ноҳияи Хуросон инчунин беш аз панҷ гектар замини кишт, аз ҷумла гандуми сокинон аз байн рафтааст. Тавре хабарнигори “Озодагон” аз маҳалли ҳодиса боздид кард, ҳоло сарбозони марбут ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар деҳаи Меҳнатобод қарор дошта, ба сокинон барои холӣ кардани хонаҳоашон аз лойқа кумак менамоянд.

Бо вуҷуди ташриф овардани хабарнигори “Озодагон” ба деҳаи Меҳнатобод бо дархости сокинон, вале аксари онҳо бо як ҳиссиёти нобоварӣ ба рӯзноманигорон суҳбат мекарданд. Холаи Марзия далели нобоварии мардум ба рӯзноманигоронро ба таври зарурӣ пушиш наёфтани вазъияти эшон донист. Ӯ мегӯяд, “ростӣ мо аз суҳбат бо рӯзноманигорон низ хаста шудем, имрӯз Шабакаи аввал, фардо Сафина ва ғайра, аммо натиҷа ҳеч. Шаби дароз мо ки ҳоло дар хонаи хешутаборамон зиндагӣ дорем аз назди телевизор дур намешавем, ки ана ҳозир моро намоиш медиҳанду аз дарди дил ва вазъияти мо ба ҳама хабар медиҳанд. Вале афсӯс, чанд сония танҳо баъзе аз хонаҳои деҳаи зери об мондаи моро нишон медиҳанду халос. Он ҳама суханҳои дуру дарози назди дурбинашон гуфтаи мо шояд “қайчӣ” мешаванд ё удалит...”

Мусоҳиби мо дар идома аз бетаваҷҷӯҳии мақомот нисбат ба сарнавишти онҳо низ шикоят кард. Ӯ гуфт, “барои пардохти андозу пули барқ як лаҳза моро нишастан намемонанд, вале дар ин рӯзҳои мушкил касе намепурсад.”

Як ҳамсӯҳбати дигари мо аз Меҳнатобод мегӯяд, то худи раисиҷумҳури Тоҷикистон аз вазъи онҳо огоҳ нашавад, касе барояшон кумаки зарурӣ нахоҳад кард. Ӯ бовар дорад, қазияи селзадагони Хуросон аз қаламрави ноҳияашон берун набаромада, зоҳиран президент ҳам аз он бехабар аст ва ё иттилои комил надорад. “Инҳо аз тарси он ки маҷбуран бароямон кумак кунанд ва ё дар сохтмони манзил кумак кунанд, иттилои воқеиро ба раисиҷумҳур намерасонанд. Ҳоло онҳо мунтазиранд, ки ду-се рӯз офтоб шаваду девори намкашидаи манзиламон хушк гардад. Он вақтбоз моро ба хонаҳои кафидаамон ворид мекунанду мегӯянд, зиндагӣ кунед. Дар ҳоле ки он бисёр хатарбор аст”,-таъкид дошт ин сокини Меҳнатобод.


Cокинони селзада: "Барои пули барқу андоз меоянд, барои аҳволпурсӣ - не!" (АКС)

Cокинони селзада: "Барои пули барқу андоз меоянд, барои аҳволпурсӣ - не!" (АКС)

Cокинони селзада: "Барои пули барқу андоз меоянд, барои аҳволпурсӣ - не!" (АКС)

Cокинони селзада: "Барои пули барқу андоз меоянд, барои аҳволпурсӣ - не!" (АКС)

Cокинони селзада: "Барои пули барқу андоз меоянд, барои аҳволпурсӣ - не!" (АКС)

Cокинони селзада: "Барои пули барқу андоз меоянд, барои аҳволпурсӣ - не!" (АКС)

Cокинони селзада: "Барои пули барқу андоз меоянд, барои аҳволпурсӣ - не!" (АКС)

Cокинони селзада: "Барои пули барқу андоз меоянд, барои аҳволпурсӣ - не!" (АКС)
Мӯҳр
.
Шукрона кунед хуросонихо , шукрона. Главный чанг нашавад.

shukrona boid kard az hudovand

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2014    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)