Бахшҳо
22 апр 2014 11:48Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Кабирӣ ба ҳукумат: "Ҳанӯз дер нашудааст, фурсат ҳаст..."

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳалномаи додгоҳ барои мусодираи бозори “Саховат”-ро ниҳояти кор надониста, ба мақомот гуфтааст, ҳанӯз ҳам барои қабули пешниҳодҳояш фурсат доранд.

Раиси ҲНИТ дар изҳороти худ, ки рӯзи 22 апрел дастраси “Озодагон” шуд, мегӯяд, “барои пайдо кардани роҳи ҳал мо ба додгоҳ чанд пешниҳоди мушаххас намудем, ки дар сурати амалӣ шудани яке аз онҳо, масъала ба фоидаи ҳама тарафҳо ҳал мегардад. Ҳоло ҳам фурсат барои ҳифзи моликияти шаҳрвандон ва ҷойи кор барои садҳо нафар вуҷуд дорад.”

Ӯ изҳор доштааст, “бо назардошти марҳилаҳои дигари баррасии парвандаи бозори “Саховат”, ки раиси ҲНИТ яке аз соҳибмулкон ба шумор меравад, бори дигар пешниҳодҳои худро ба мақомот ироа мекунам.”

Парвандаи бозори “Саховат”-ро бо даъвои Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон додгоҳи ноҳияи Турсунзода баррасӣ намуд. Оҷонсӣ гуфта буд, бозори “Саховат” ба далели камбуд дар санадгузорияш бояд аз соҳибмулкони феълияш гирифта шавад. Яке дигар аз далели мақомот ин аст, ки сокинони атрофи бозор варзишгоҳ надоранд ва “Саховат” ба варзишгоҳ табдил дода хоҳад шуд. Дар яке аз мурофиаҳои қаблӣ Муҳиддин Кабирӣ пешниҳод карда буд, агар мақомот замин ҷудо кунанд, ӯ омодааст бо сармояи худ варзишгоҳ бисозад ё барои сохтани бозори нави муосир ва кӯчондани мағозаву дӯконҳои соҳибкорон ба ҷои нав қитъаи замин ҷудо шавад ва ё пардохти иҷораи варзишгоҳҳо аз тарафи соҳибмулкони бозор барои машқи варзишгарон сурат бигирад.

Раиси ҲНИТ бар ин аст, ки қабул шудани яке аз пешниҳодҳои ӯ обрӯи мақомоти давлатӣ ва мавқеи онҳоро низ баланд хоҳад бардошт: “Амалӣ гаштани яке аз ин се пешниҳоди мо дар баробари ҳифзи моликияти мо ва садҳо соҳибкорон чанд фоидаи дигар низ дорад. Аз ҳама асосиаш, нишон медиҳад, ки ҳадафи асосии мақомот гирифтани моликият ё танҳо иваз кардани соҳибмулк нест.”

Ӯ дар идома ишора кардааст, ки тибқи ҳалномаи судӣ бозори “Саховат бояд аз байн бурда шавад, дар ҳоле ки мақомот ба соҳибкорон ваъда медиҳанд, ки бозорро хароб карданӣ нестанд: “Барои он ки ин ваъда ҷанбаи ҳуқуқӣ пайдо намояд, мо ин пешниҳодҳоро кардем ва ҳоло ҳам фурсат барои ҳифзи моликияти шаҳрвандон ва ҷойи кор барои садҳо нафар вуҷуд дорад. Чунин мавқеъгириҳо ва суҳбатҳои намояндагони мақомоти давлатӣ боиси пайдо шудани шубҳаҳо дар бораи танҳо иваз кардани соҳибмулк гаштааст.”

Раиси Ҳизби наҳзат мегӯяд, агар мақомот ҳадафи иваз кардани соҳибмулкро дошта бошанд, он аз лиҳози қонунӣ имкон надорад: “Даъво сари он аст, ки бояд варзишгоҳ барқарор ва ба соҳиби аслиаш, Кумитаи варзиш баргародонида шавад. Дар сурати иваз кардани соҳибмулқ бо соҳибмулки дигар, чи давлатӣ бошад, чӣ хусусӣ, ҳатман мухолафат ба асли даъво ва ҳалномаи суд ба вуҷуд меояд, ки мақомоти давлатӣ ба чунин кор нахоҳанд рафт. Ин амалан маънии аз моликият маҳрум кардани соҳибмулкони имрӯзиро дорад, ки дигар ниёзе ба асоснокии ҳуқуқӣ ва судӣ нест. Баръакс, ошкор ва бесаҳнасозӣ гирифтани моликият ба маротиб обрӯмандтар аст, аз он, ки онро дар пушиши баргардонидани моликияти давлатӣ ё ҳимояи манфиати ҷамъиятӣ анҷом бидиҳанд.”

Кабирӣ дар охир таъкид кардааст, тарафи содиркунандаи камбуди тибқи даъво, мақомоти давлатӣ мебошанду ҳоло ҳам даъвогар боз ҳам мақомоти давлатӣ аст ва моликияти шахрвандро боз ҳам ба нафъи мақомоти давлатӣ, яъне, содиркунандаи камбудӣ, меситонад: “Суол ба миён меояд, ки агар содиркунандаи камбудӣ худи мақомоти давлатӣ бошад, пас ҷуброни хасороти шахрвандро, ки дар натиҷаи амали ғайриқонунии мақомоти давлатӣ ба миён омадааст, кӣ бояд пардохт кунад?” Ба гуфтаи ӯ, бар асоси моддаи 32 Консититутсияи Тоҷикистон, “товони зарари моддӣ ва маънавие, ки шахс дар натиҷаи амали ғайриқонунии мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ё шахсони алоҳида мебинад, мувофиқи қонун аз ҳисоби онҳо рӯёнда мешавад.”
Мӯҳр
.
Хадафи хукумат айнан гирифтани бозор аз сохибмулк, яъне Кабири аст. Максад: мухолифинро бе манбаъхои иктисоди гузоштан аст. Раиси бе маблаг, хизби камбагал ягон фаъолият карда наметавонад.

Муҳоҷир
Кабири: " ...агар мақомот ҳадафи иваз кардани соҳибмулкро дошта бошанд, он аз лиҳози қонунӣ имкон надорад: “Даъво сари он аст, ки бояд варзишгоҳ барқарор ва ба соҳиби аслиаш, Кумитаи варзиш баргародонида шавад. Дар сурати иваз кардани соҳибмулқ бо соҳибмулки дигар, чи давлатӣ бошад, чӣ хусусӣ, ҳатман мухолафат ба асли даъво ва ҳалномаи суд ба вуҷуд меояд, ки мақомоти давлатӣ ба чунин кор нахоҳанд рафт".
О чаро имскон надошта будааст???? Ё Шумо худро ба нодонӣ мезанед, ё вазъиятро дарк намекунед. Ҳама чиз имкон дорад. Вақте моликияти афвшударо давлатӣ кунонидан имкон дошта бошад, чаро ин кор имкон надорад? Ва ҳам, соддагӯиҳову пешниҳодҳоятон ё худ тарсгузориҳотон назди ҳукумат хандаи касро меорад, оғои Кабирӣ!! Мақомот он чунон ба ин кор мераванд, ки чашматону даҳонатон воз мемонад(маъзур барои дағалгӯӣ)!!! Мана мебинем, бозорро "ОШ ШАВАД" гуфта метиед, ягон пешниҳодатона ё тарсгузориҳоятонро қабул намкунанд, ҷои писараммаатон каси даркориро мешинонанд ва Шумо боз САБР мекунед, то бренди ҳизб ҳифз шавад. О дигар чӣ кор карда ҳам метаовнед.
Хуб мебуд, аз писари устодатон Нури ва Тураҷонзода ибрат мегиритеду, зудтар аз амволатон халос мешудед, ва мисли Зойиров пуле намеёфтед, ки як офис бисозед. Ин чиз Шуморо интизорр аст, оғои Кабирӣ, умеду ормони на ин ки ҳизбиён, баоки мардумро, ки ба Шумо дошт, барҳам задед. раҳбари як ҳизбе, нерӯе, ки амволи худашро ҳифз карда наметаовонад, чӣ гуна метавонад барои ҳифзи дороии як миллат иқдом кунад?????

ман ххайрони хамин кабири хастам мегарди дигар думи бозор гирифта о рафта ягон корхона соз мардум кор кунан ефтай хами бозоркунира пули муфт ба даст овардана меги дигар кор надора дар давлат хамун чои даркор шудай барои халк ба манфиати халк кораш мефармоянд ту боши бозор гуфта гашти рав хон ягон истехсолот бикун

Амирбек
Бигузор варзишгох баркарор шавад!

Ин шахса ин кадар гам натед!.....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2014    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)