Бахшҳо

Пурсиши мо: Тоҷикистон имрӯз ба чӣ ниёз дорад?

Зафар МИРЗОЁН, донишманд:
“Тоҷикистон ба равшанбинони иқтисоддон ниёз дорад. Дуюм ниёз ба олимони донишманд, ки обрӯву эътибори аз пушти худ бурдани мардумро дошта бошанд. Мо ба фикр мезанем, ки чаро мардуми Чин бо қади пасту замини каму ҷамъияти зиёд, тавлидоташ ҷаҳонро гирифтааст? Бе кӯфтан ба дари ҳар бозоре ворид мешавад. Пешравии Чин ба он хотир аст, ки тамоми мардумаш дар тавлидоти хонагӣ машғуланд. Ҳол он ки ин кор дар қадим байни мардуми фарҳангандеши тоҷику эронӣ зиёд буд. Ба гумони ман, як навоварӣ ва тозаандешӣ миёни олимони мо нест. Яке аз роҳҳои мардумро ба эҷодиёт савқ додан, ин ҷустуҷӯи истеъдодҳо мебошад. Бе истеъдод ҷомеа вуҷуд дошта наметавонад. Он потенсиале, ки дар мардум вуҷуд дорад, бояд истифода бурд. Дар байни мардуми Хуҷанд истеъдодҳо ҳастанд на ба дараҷаи баланд, вале муносиб, ки метавонанд онҳоро ба кор гиранд. Дар таронасароиву рақс истеъдодҳои зиёд нуҳуфтаанд. Раисҷумҳур ҳам онҳоро дарёфта хурсанд шуданд ба мисли дарёфтани Зебо Аминзода. Ин корро дар дигар соҳаҳо ҳам мешавад кард.”

Иброҳим УСМОНОВ, профессор:
“Пайдо кардани ҷои кор дар Ватан барои ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки қобилияти меҳнатӣ доранд, лозим аст. Ҷои кор ба он маъное, ки онҳо аз паи меҳнати ҳалоли худ он қадаре маош гиранд, ки барои рӯзгузаронии оилаашон расад. Аз ин зиёдтар эҳтиёҷот Тоҷикистон надорад.”

Парвиз МУЛЛОҶОНОВ, сиёсатшинос:
“Аз ҳама муҳимтар барои Тоҷикистон ин масъалаи ислоҳоти саросарӣ ва дигаршавии модели иқтисодӣ мебошад. Низоми иқтисодии феълии мо дар такя ба пули муҳоҷирон қарор дорад. Ин низоми иқтисодии мо ба чизе пойдор нест ва агар вазъи геополитикӣ вайрон шавад, ба тамоми низоми Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад. Ин маънои онро дорад, ки дар дохили кишвар ҷойҳои корӣ фароҳам шавад ва аксарияти мардуми Тоҷикистон дар дохил кор кунанд на дар хориҷа ва маошу даромади лозимаро пайдо намоянд. Масъалаи дуюм тақсимшавии шохаҳои қудратист. Чун ин вижагии аслии демократия аст. Яъне шохаи судӣ бояд аз шохаи иҷроия ҷудо бошад. Масъалаи асосии дигар ин фасод аст, ки агар ҳал нашавад, ягон ислоҳот пеш намеравад. Инро таҷрубаи байналмилалӣ нишон медиҳад.”

Абдунабӣ САТТОРЗОДА, донишманд:
“Осонтараш ин аст бигӯем, ки Тоҷикистон эҳтиёҷе надорад нисбат ба он ки бигӯем ба чӣ эҳтиёҷ дорад.”

Алӣ МАСТОВ, таҳлилгар:
“Имрӯз Тоҷикистон ба ҳама чиз аз ҷумла, кулли арзишҳои як ҷомеаи мутамаддин, низоми мардумсолор, роҳбари мардумӣ, иқтисоди орӣ аз тақаллубу фасод, маорифи ҷадиду муосир ниёз дорад. Агар соддатар ибрози андеша намоем, мо имрӯз ба ҳама унсури нав ва кадрҳои болаёқат бештару пештар зурурат дорем. Гузашта аз ин, сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба бозбинии саросарӣ ниёз дошта, вақт аст, бахшҳои иқтисоди бозаргониро дар ҷумҳурӣ амалӣ намоем. Дар ҳама ҷабҳаҳои кору зиндагӣ мутахассисони ҳирфаӣ бояд ҷалб карда шаванд. Маҳалгароӣ, ки тору пуди ҳама соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти моро фаро гирифтааст, аз беху бун решакан карда шавад. Фақат иродаи қавии сиёсӣ дар сатҳи аз ҳама олии роҳбарӣ метавонад гардиши куллиро дар самти ислоҳоти ҷомеа ба вуҷуд биёрад. Дар навбати худ бе баргузории интихоботи озоду демократӣ расидан ба қуллаи умед амрест номумкин.”

Абдураҳмон ХОНОВ, вакили парлумон:
“Мо ба чизҳое ниёз дорем, ки барои ҳамаи паҳлўҳои ҳаёти мо зарурӣ ҳастанд. Мо ба сатҳи баланди зиндагии иҷтимоӣ ниёз дорем, ки ин тавассути иқтисодиёти тавонманд ба даст меояд. Иқтисодиёти тавонманд ҳам хоси он кишварест, ки дар онҷо суботу амният ва ваҳдати миллӣ ҳаст. Суботу амният ҳам дар он ҷомеае ҳаст, ки дар он таҳаммулпазириву ҳамдигарфаҳмӣ вуҷуд дорад. Фарҳанги таҳаммулпазирӣ ҳам ба он кишварҳое хос аст, ки дар онҷо фарҳангу маънавиёту дониш аст. Аз ин хотир ҳамаи паҳлӯҳои ҳаёти мо аз ҳам вобастаанд. Имрӯз фарҳанги сиёсиву маънавии мардум бояд боло бошад ва ба сатҳи таҳсилоти ҷавонон таваҷҷуҳи махсус дошта бошем, чун онҳо ояндаи миллат ҳастанд.”
Мӯҳр
Хакикатчуй
Точикистон мирузхо аввалан ба истехсолот, баъд ба чои кори доими ва сад дар сад бархам додани коррупсия эхтиёч дорад

Баракс мухочирон ба Точикстон нёз дорад на шахрвандон Хтой ва Афсарони 201!!

Халим
Мардуми Точикистон ба Президент ва парлумони дар хакикат мардуми ниёз дорад.

мо ба хамин уйгурхо ниез дорем ки дар бозори корвон зану духтарони моро гап дода гарданду мо ба мухочират равем рузи дароз корашон бади бозор бо як либоси хитои маишат бо духтарону занони точик тарзи корашон хамин хел сода ки пашаашонро пиш гуфта намешавад

тохир
Точикистон имруз зарурият ба миллати ягона дорад.Имруз миллати точик дар шиноснома вале хамчун миллат ташакул наефтааст.Мо холо ба чои точик Кулоби.Хисори.Гарми.Хучанди.Панчакенти.Пом

Шараф
Бародарони азиз вакто,ки тавассути телевизионхои озоду демократии Афгонистон суханони босаводонаи халки одди,шарху гуфторхои мантикии сиёсии интеллегентсия ва риояи забонхои давлати-пашту ва точикии дарии кобулиро мебини ва аз тарчумахои дарии ба таври оли тарчумашудаи филмхои хинди кабат-кабат гушт гирифта лазат мебари ва хамчунин бахсу мунозирахои вакилони парлумонашон ва пеш аз хама вакилбонувони фаъорлашонро мебини хайрон мемони.Бар худ суол медихи ин Афгонистони чангзада аст ва ё Точикистони социалистии мардуми хучанди то соли 1991?Баъдан дар киёс бо Точикистон ба дахшат меои!Як ба шабакахои телевизионии кишвар нигаред.Руз то бегох русиянд.Бехунари хам андоза дорад!О наход,ки барои тарчумаи пайвастаи филмхои хоричи маблаг ёфт нашавад.Аз минбархои баланд гулу даронда забони давлати ва худшиносии милли мегуянду дар асл кору максад дигар аст!Дар тамоми чабхахои зиндаги гайр аз чилдуругзани,таърифхои дуругини бехуда,хунамошдихи ва минтакагарои чизи дигаре ба назар намерасад.Бо ин амал на пешрави мешаваду на ягон хоку бало.Худо Валичон Валичонович Путинхучаевро нигохбон бошад,ки мардикорони точикро рох медихад ва онхо хам халкро ва хам бонкхову хам рохи охану аэропортро мехуронанду мепушонанд!Бешубха ислохоти сохаи иктисоди,кишоварзии бесаводонаи гузаронида кишварро ба хоки сиёх шинонд ва кишвар таъчилан ба ислохоти хамаи сохахои хочагии халк ва пеш аз хама чобачогузори кадрхо ниёзи сахт дорад.Имруз кишвари мо аз лихози пешрави аз Афгонистон низ фарсаххо кафо мондааст.Танхо ба гуруххои мафиозии беакл,ки тахавулоти сиёсии чахон ва даввлатдории намефахманд бояд олимони босаводи мо фахмонанд,ки кишвар ру ба таназул аст.

Точикистон ба бисер чи ниез дорад!!! Пеш аз хама аз давлати подшохи бояд ба давлати демократи баргардонда шавад!!! Ислохоти калон нузаронида шавад ва системаи давлатдори тамоман тагир додашуда, конунхои демократияи асил хукмфармо гардад!! Тамоми кадрхои бесавод аз мансаб дур карда шаванд!!! Махз бесаводии кадрхо дар системаи давлатдории мо буд, ки фасод ба куллахои баландтарин расидааст, ки ин миллатро ба нести бурда истодааст!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2014    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)