Бахшҳо
22 апр 2014 17:05Тоҷикистон / Сиёсат / Видео

Видеои фирори додситони кул ва вазири дороӣ аз Ватан (ВИДЕО)

Муҳофизони Виктор Пшонк, додситони пешини Украина ва Александр Клименко, раҳбари собиқи вазорати дороиҳои ин кишвар ҳангоми талоши тарк намудани марзи Украина дар фурудгоҳи Донетск, бо нерӯҳои марзбонӣ “даст ба гиребон” шудаанд.

Дар навори видеоие, ки дар интернет нашр шуд, дида мешавад, чӣ гуна Пшонк ва Клименко мехоҳанд, бо ҳар роҳе набошад, аз нуқтаҳои назоратӣ ҷониби ҳавопаймо бираванд. Марзбонҳо талоши нигоҳ доштани онҳоро мекунанд ва ҳатто як нафар ба ҳаво тир холӣ мекунад, аммо ин ҳам мансабдорони собиқро аз роҳ намегардонад.



Сергей Астахов, намояндаи Хадамоти нерӯҳои марзбонии Украина гуфтааст, дар толори ҳайати расмӣ муҳофизони ин мансабдорон бо зӯр сарҳадбононро якҷониба кардаанд, то барои онҳо роҳ кушоянд. Бино ба иттилои расонаҳои Украина, Виктор Пшонкро барои ҳамла ба марзбонон то шаш соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.

Александр Клименко бошад, дар саҳифаи Фейсбуки худ аз журналистон барои пахш кардани ин навор изҳори сипос кардааст. Ба қавли ӯ, дар ин видео дида мешавад, ӯ аз афроди номаълум ки худро шинос накарданд, мегурезад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2014    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)