Бахшҳо
23 апр 2014 14:27Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Бурду бохти семоҳаи Хадамоти гумрук таҳти роҳбарии Рустами Эмомалӣ

Хадамоти гумруки Тоҷикистон фаъолияти се моҳи аввалашро таҳти роҳбарии генерали 27-сола Рустами Эмомалӣ, писари раисиҷумҳури Тоҷикистон ҷамъбаст намуда, дастовардҳои нахустинро оммавӣ кардааст.

Тавре аз Хадамоти гумруки Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Рустами Эмомалӣ барои бори аввал дар Хадамоти гумрук қабули кормандони нав ва ишғоли мансабҳои холиро тариқи озмун роҳандозӣ кардааст. Бо супориши Рустами Эмомалӣ дар Хадамоти гумрук “Комиссия оид ба гузаронидани озмун барои хизмат дар мақомоти гумрук” таъсис дода шудааст.

Дар мавриди мубориза бо қонунвайронкуниҳо дар худи Хадамоти гумрук манбаъ афзуд, ки шахсан Рустами Эмомалӣ дар натиҷаи санҷишҳои хизматӣ нисбати 27 нафар санади ҷазои интизомӣ имзо намудааст. Дар маҷмуъ нисбати 35 нафар корманди гумрук муҷозоти интизомӣ татбиқ гардидааст.

Манбаъ илова намуд, ки “дар 3 моҳ 1494 ҳодисаи қонуншикании гумрукӣ ошкор карда шудааст. Дар натиҷа 1216 нафар шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва мансабдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи 991 ҳазору 260 сомонӣ ҷарима ситонида шуд. Маблағи умумии аз ҳисоби ошкор ва пешгирии ҳолатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ситонидашуда 26 миллиону 421 ҳазор сомониро ташкил менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013-ум 3 миллиону 270 сомонӣ зиёд мебошад.”

Ин дар ҳолест, ки дар семоҳаи аввал тиҷорати хориҷии Тоҷикистон коҳиш ёфта, ба 1 миллиарду 154 миллион доллари амрикоӣ баробар шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 ба маблағи 55,9 миллион доллар кам гардида, 95,4%-ро ташкил додааст. Бо вуҷуди ин Хадамоти гумрук таъкид мекунад, ки дар семоҳаи аввали соли 2014 нақшаи воридоти пардохтҳои гумрукӣ 7,7 миллион сомонӣ барзиёд иҷро шуда, ба буҷет 901,4 миллион сомонӣ ворид гардид.
Мӯҳр
“дар 3 моҳ 1494 ҳодисаи қонуншикании гумрукӣ ошкор карда шудааст"

Ба фикри ман хамин конуншиканихо буд, ки хама чиз арзон буд, акнун конуншикани нест ягон чизи арзон хам нест.
наход як мошини Б/У 5 000 долар растаможка шавад? чанд сол умр даркор аст ки як мошини ба дил хариву растаможка куни? 300 сол бо ин маошу штрафхои точики!!!

й
беееехтарин хаааабаааари раааасмииии фаааабрикааааи чаааавоб.

Сайр....
Барои кадом кораш чаноби Рустам рутбаи генерал дорад? Магар вай ба ин рутба арзандааст?

Дониш
КОРЕ МЕКУНАД БАРОИ ХАЛК МЕКУНАД РУСТАМИ ЭМОМАЛИ ХАМ МИСЛИ МО ЯК ДАХОНУ ЯК ШИКАМ ДОРАД ОН ЧИ КОР МЕКУНАД МО МАРДУМ БАХРА МЕБАРЕМ. БА МО МУТААСИФОНА АЗ БОЛОИ ФАРЗАНДОНИ РАИСОНУ КАЛОНЗОДАГОН ЛУКМАХОИ БЕЧО ПАРТОФТАН АНАНА ШУДААСТ. КИ ИН АЛБАТА ХУБ НЕСТ. МАН ЯК ЧАВОНИ ОДДИ ХАСТАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛИ ХАМСОЛИ МАН АСТ. МАН ФАХР АЗ ОН МЕКУНАМ КИ ХАМСОЛИ МАн БА ЧУНИН МАКОМ РАСИДААСТ. АЗ КАНДАШ ХАЛОЛ!!! ИН КОРХОЕ КИ РУСТАМИ ЭМОМАЛИ КАРДА ИСТОДААСТ ХАМА АЗ РУИ КОНУН АСТ ВА МО ЧАВОНОН БОЯД БО У ХАМРОХ ШАВЕМ ВА ДАВЛАТИ ХУДРО ПЕШ БАРЕМ!!! БОЗ ГУМОН МАКУНЕН КИ МАН ХАМ КАЛОНЗОДААМ МАН ЯК ФАРЗАНДИ ОМУЗГОР АЗ НОХИЯИ ДУРДАСТ МЕБОШАМ ВА ДАР ЗИНДАГИ БО МАКОЛИ ХАКИКАТ КАТ МЕШАВАД ВАЛЕ НАМЕШИКАНАД АМАЛ МЕНАМОЯМ. ИН БУД ОН ЧИ МАН МЕХОСТАМ БА САММИ ШУМО ХОНАНДАГОНИ АРЧМАНД РАСОНАМ. ДОНИСТА МОНЕД ХУДОВАНД ХАМ АЗ ГАЙБАТ БЕЗОР АСТ!!!

Зиндагиро дуст доред бо хама бешу камаш....

Рустам ! !! Хизмати милат ва падари милатро ба чо биёр. Дуои Падарро бигир. Хиёнат ба молу мулки Падар накун. Боки хаме хеч.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2014    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)