Бахшҳо
23 апр 2014 19:54Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Дастури додситонӣ барои бастани “Пайк”-и Аҳмади Иброҳим

Фаъолияти ҳафтаномаи “Пайк” – ягона нашрияи мустақили Хатлон бо дастури додситонии вилоят қатъ карда шудааст. Масъулони додситонӣ фаъолияти ин нашрияро дар сари вақт тамдид нашудани муҳлати кории он арзёбӣ менамоянд.

Аҳмади Иброҳим, сармуҳаррири нашрия, 23 апрел дар суҳбат бо “Озодагон” ин хабарро таъйид карда, гуфт, дар пайи қарори додситонӣ онҳо натавонистанд, ҳафтаи ҷорӣ “Пайк”-ро рӯи чоп оранд. Нахустин шумораи ҳафтаномаи “Пайк” моҳи июли соли гузашта баъд аз расман номнавис шудан дар Вазорати фарҳанг дастраси хонандагонаш гардид.

Аҳмади Иброҳим мегӯяд, масъулини Вазорати фарҳанг дар аввал танҳо барои 5 моҳ нашрияи онҳоро ба қайд гирифта, гуфтаанд, баъдан тамдид хоҳанд кард, вале бо гузашти вақт дубора тамдид нашудааст. Қарори манъи фаъолияти ҳафтаномаи “Пайк” дар ҳоле содир шудааст, ки массисини он ба қавли Аҳмад Иброҳим борҳо барои навиштани маводи танқидӣ дар бораи камбудҳои мансабдорони болоӣ ҳушдор гирифта буданд.

Ӯ мегӯяд, ҳоло онҳо интизори ҷавоби расмии Вазорати фарҳанг дар бораи дубора тамдид намудани муҳлати кории он буда, дар сурати ҷавоби манфӣ гирифтан, мустақим ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон муроҷиат хоҳанд кард.
Мӯҳр
Чамшед
Ягона газетаи буд ки мехондам. Руи бадхохонаш сиёх!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

"Пайкон"-и рузноманигори шахир Чумъаи Толибро чи гуна шикастанд, ёд доред? Гадое ба як компютери кухнаи корхонаи у чашм духту онро гирифт! Гадое, сакалтуе... "Пайк" низ ба чашми дигаронашон халидааст. Масхарааст, ки 5 шумораро ичоза медиханду "фикр" мекунанд ва баъд...

Миршароб
Аз руи конугузории чори, Вазорати фарханг хак надорад, ки рузномаро ба мухлати муайян ба кайд гирад. Танхо Ваазорати фарханг метавонад, ки рузномаро сабти ном кунад ва дар холати риоя накардани коунгузории Чумхурии Точиикстон макомоти дахлдор метавонад, ки фаъолияти рузномаро катъ кунад. Дар ин сурат мутасаддиёни рузнома ба Вазорати фарханг оиди катъ шудани рузнома хабар пешниход мекунанд.

"Пайк" рузномае буд, ки бо кадамхои устувораш дили хонандагонашро тасхир карда буд. Кисмати зиёди озодандешон дили худро тавассути ин хафтавор холи карданд. Мутмаинам, ки аз ин хаста намешаванд. Хакикат хамеша дастболост, зеро "тагои" хакикат Худост ва хакгуёнро дуст медорад. Бо умеди бурдбори.

Пайк хамеша дарди мардумро менависад, аммо баъзе аз чашмтангон инро нодида гирифта, мехоханд Пайкро боз доранд. Аммо журналистони Пайк хечгох аз корашон хаста нестанд. Барояшон сихати саломати орзумандам. Хамеша каламашон бурро бошад, ва харгуна хохинхоро руи нашро орад, ки давлат донад онхо ба ватан ба прещидент хиёнат мекунанд....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2014    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)