Бахшҳо
23 апр 2014 15:43Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Навбату кашмакаш дар пушти дари Сафорати Русия. Аз Ватан чаро мераванд?

Як гуруҳ сокинони Тоҷикистон, ки дар пайи дарёфти шаҳрвандии Русия мебошанд, мегӯянд, далели аслии рафтани эшон аз Ватан гурез аз фақру камбизоатӣ ва бекорист.

Ин шаҳрвандони кишвар, ки ҳар рӯз субҳи худро пушти дари даромадгоҳи Сафорати Русия дар Душанбе сипарӣ мекунанд, мегӯянд, аз зиндагӣ дар кишваре, ки ба ҷуз наздикону пайвандони шахси аввал ҳама фақиру нодор мебошанд, хаста шудаанд. Ба гуфтаи онҳо, ба ҷуз рӯзҳои истироҳати ҳафта дигар ҳар рӯз аз соати 7 то 10 пушти дари Сафорати Русия дар Душанбе пур аз одам аст.

Яке аз гирдомадагон гуфт: “Ҳар рӯз ин ҷо таҷаммӯи зиёди одамон аст. Албатта, мо, ки ҳанӯз фарҳанги навбат истоданро надорем, гоҳе шоҳиди кашмакашу танишҳои забонӣ низ мешавем.” Нафари дигар, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, “баъзан аз амали бархе ҳамватанон нангам меояд, чун хаёл мекунам масъулини сафорати рус аз дохил ба аҳволи мо назар карда, механданд. Ҳарчанд ҳоло шумораи гирдиҳамомадагон кам ба назар мерасад, вале ба ҳар сурат мисли як шахси бефарҳанг рафтор мекунанд.”

Навбату кашмакаш дар пушти дари Сафорати Русия. Аз Ватан чаро мераванд?Дар ҳоле ки сокинони кишвар аз муддати тӯлонӣ истодан пушти дари сафорати Русия ва рафтори бади бархе афрод шикоят доранд, Елена, як хонуми руси муқими Тоҷикистон мегӯяд, баъзан масъулини сафорат сарбозони рус ва онҳоро бидуни навбат қабул мекунанд: “Ду-се рӯз пеш як нафар аз муддати зиёд навбат истодан хаста шуду талош кард, бидуни навбат аз болои мардум гузарад, вале ба замин ғалтиду дасташ шикаст.”

Дар ҳамин ҳол, яке аз шаҳрвандони рустабори дигари кишвар аз баъзе талаботи масъулини дипломатҳои Русия, ки мухолифи гуфтаҳои Кремлин аст, норозӣ мебошад: “Ман худ тотор ҳастам, соли 1996 тамоми афроди оилаи мо, ба ҷуз ман ба Русия кӯч бастанд. Чанде қабл хабар ёфтам, ки қонун дар бораи соддатар кардани дарёти шаҳрвандии Русия ба имзо расидааст. Вале чун ба инҷо омадам, инҳо мегӯянд, русзабонҳои ба мисли ман бояд як муддат дар қаламрави Русия зиндагӣ намоянд. Дар ҳоле ки дар қонуни қабулшуда ин чиз гуфта нашудааст.”

Ӯ мегӯяд, “намедонам, дар ҳоле ки мо русзабонҳо наметавонем ҳатто дастрасӣ ба умури фаҳмондадиҳии сафорат дошта бошем, тоҷикон барои чӣ мехоҳанд ба Русия раванд.” Аксар нафарони ҷамъомада дар назди Сафорати Русия дар Душанбе бар инанд, ки бо дарёфти шаҳрвандии ин кишвар мушкили онҳо рафъ хоҳад шуд ва онҳо аз Ватани бепулу ҷои кор халос мешаванд.

Як ҳамсуҳбати мо, ки ба шарти ифшо нашудани номаш розӣ шуд ибрози назар кунад, гуфт: “Худ қазоват кунед, дар Тоҷикистон ба ҷуз мансабдорон ҳама фақиру бечораву бехонаву даранд. Ҳама ба Русия мераванд. Хуб, дар сурате ин хел ҳаст, пас, чаро барои гирифтани шаҳрвандии Русия талош накунем. Дар ҳоле ки бо доштани шаҳрвандии ин кишвар мо метавонем озод бидуни тарсу ҳарос аз кормандони Хадамоти муҳоҷирати Русия ҷои кор пайдо кунему ризқу рӯзии фарзандонамро таъмин намоем. Барои мисол, ман дар яке аз мағозаҳои шаҳри Маскав кор мекунам, агар ман бемор шавам, суғуртаи ман метавонад, хароҷоти табобати маро рӯпуш кунад. Барои ман роҳаттар аст зиндагӣ дар Русия нисбат дар Ватан ва зери азобу машаққати камбизоатӣ.”
Мӯҳр
Бовар кунед.ин расмро дида шарми кас меояд.Руйхат карда якто-якто дароянд намешавад?мешавад.аммо дар ин чо низ бемаърифати бемаданиятии баъзехоро нишон медихад ва номи тамоми точик паст мешавад,аз рафтори онхо.руйхат барои даромадан ба утокхои гуногун тартиб диханд ва хама навбатро риоя кунанд хеле хуб мешавад.вагарна шармандагист.

Аз ватан факат ба хотири чои кор мераванд мардум.агар шахрвандони ЧТ дорои душахрванди шаванд.ин ягон зарар надорад,баръакс сатхи зиндагонии онхо хуб мешавад.Факат хиёнат ба давлату миллати точик ва рус накунанд шуд.

Дар вактхои СССР хама навбат меистод, ягона кассаи аэропорт тарафи Бадахшон хамин холро дошт; 4 кас хам мебуданд, телатумбак мекарданд. Лекин хозир хама хамин хел шудаст. кам хам бошанд, ором истода наметавонанд. Мисли хамон кассаи аэрапорт як старшина мондан даркор, ки хамаро бо дубинка зада катор кунад. Аммо аламовар он аст, ки старшина аз миллати дигар буд ва ин хел телатумбакро акнун хамаи точикистониён мекунанд. Худамон беадабонро акл ёд додан наметавонем?

Сайдало
КИШВАР БА ФЕОДАЛДАВЛАТ МУБАДАЛ ШУДАИСТОДААСТ.ОЁ КАСЕ ФИКР МЕКАРДА БОШАД,КИ ОКИБАТИ ШАХРВАНДИИ РУССИЯ ОЯНДА ЧИ МЕДИХАД?!ХАЙР ХУКМАТ МУМКИН МИНТАКАГАРО БОШАД ЛЕКИН ЗИЁИЁН ЧАРО ХОМУШАНД ВА ОКИБАТИ ИН КОРРО НАМЕФАХМОНАНД!

касе ба русия рафта зиндагии худро пеш мебарад ва амну тинчии хонаводаи худро таъмин мекунад аз рафтан ба русия пушаймон нашудааст. вале ватан ватан аст ва у онро фаромуш намекунад вале фарзандонашон асло мисли волидайнашон онро ед намекунанд. ва ба зодгохи бобоиашон намеоянд.

Хукукшинос,
Посух шармат наояд шарм бояд гушнахои болоба ояд

Сафар,
телатумбака чи кор мекуни бехтараш дар бораи нарафтани точикон аз точикистонро кунед МО ДАВЛАТИ ДЕМОКРАТИИ ХУКУКБУНЁДИ ДУНЯВИЕМ!!! ИНА ШАРМАНДАГИ!!!

есуман,
ВАТАН ХАМОН ВАТАН АСТ КИ ЗИНДАГИИ ХУБ ДОШТА БОШИ НА МИСЛИ ЯГОН ... КАЛОНТАРХОИ ПЕШ МЕГУФТАН КИ ДАР ЧОЕКИ ЗИНДАГИАТ ХУБ АСТ ОН ЧО ВАТАН АСТ!!!

ин издихоме ки дар назди дарвозаи сафорати русия шудааст чои хайратовар нест. мардум аз ночори ва ноумеди аз ватанаш ба кишвари хорич меравад. ва бародар хак гуфтааст ки ватан он чоест ки зиндаги хуб аст. падару модарон ояндаи фарзандони худро фикр мекунанд ва мехоханд фарзандонашон аз макотиб дониши хуб бигиранд ва ин донишро макотиби русия кафолат дода метавонад. инчунин амнияти шахрванди русия ичро мешавад. ва дигар чизхое ки ба шахсони асил ва мехнати зарур аст русия дода метавонад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2014    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)