Бахшҳо
24 апр 2014 10:49Тоҷикистон / Сиёсат

Қабули ду пешниҳоди Кабирӣ ва ҳизбаш дар парлумон

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва Маҷлиси Намояндагон, рӯзи 24 апрел тарҳи пешниҳодии ҳизбаш барои тағйири "Қонун дар бораи интихоботи Маҷлиси Олӣ"-ро дар парлумон муаррифӣ кард. Ин тарҳ, ба гуфтаи ӯ, аз 11 банду зербандҳо иборат буда, метавонад барои баргузории интихоботи озоду шаффоф ва иштироки баробари намояндагони аҳзоб дар ин маърака мусоидат намояд.

Вале Галина Рабиева, намояндаи Саркумитаи Маҷлиси Намояндагон, аз ин ҳисоб нуҳ пешниҳоди Кабириву ҳизбашро рад кард. Ӯ гуфт, аз тамоми пешниҳодҳои ҲНИТ ҳамагӣ дутояшро мепазиранд, ки якеи он баргардонидани гаравпулӣ ба номзад дар сурати гирифтани 10 дарсади овози мардум ва дигараш бо “ручка” пур кардани протоколҳо мебошад.

Аз ин пештар, Саркумитаи Маҷлиси Намояндагон ин тарҳро баррасӣ карда, мисли имрӯз аз 11 пешниҳод дутои онро қобили қабул дониста буд. Дар ҷаласаи рӯзи 24 апрели Маҷлиси Намояндагон вакилон болои баъзе аз бандҳои ин тарҳи пешниҳодии ҲНИТ, аз ҷумла иштироки муҳоҷирон ба ҳайси номзад дар интихобот баҳс карданд.

Муҳиддин Кабирӣ гуфт, ҳоло дар Русия беш аз якуним миллион шаҳрванди Тоҷикистон машғули кору зиндагиянд ва ҳақ доранд, ки ҳамчун номзад дар интихоботҳо иштирок кунанд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, қонунҳои Тоҷикистон инро иҷоза намедиҳанд. Вале Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, гуфт, бар асоси иттилои расмӣ ин 800 ҳазор аст, на якуним миллион муҳоҷир. Баъдан, ба қавли ӯ, “набояд дар масъалаи муҳоҷирон воҳима кард”, чун то ҳол касе монеи онҳо нашуда, ҳаққашонро низ поймол накардааст.
Мӯҳр
Маъруф
Магар бо чунин ном дар Точикситон конун хаст!

БА ФИКРАМ, КАБИРИ БАРОИ НАЗХАТ АРЗАНДА НЕСТ, ГАРЧАНДЕ, КИ ХУБ ХАРФ МЕЗАНАД. РОХБАРИ НАЗХАТ- ОРИ АЗ БОЗОРУ НАФС БОШАД. БОЗОРИ ЧЕРКИЗ ИН ДАЛЕЛИ ШАХИ НЕСТ.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2014    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)