Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 18:40

Занон дар Арабистони Саъудӣ ҳуқуқи ширкат дар интихоботро пайдо мекунанд

26 сентябр 2011, 04:03

Подшоҳи Арабистони Саъудӣ эълом кард, ки занон аз ин ба баъд дар ин кишвар аз  ҳаққи раъй додан дар интихоботи шӯроҳои шаҳрӣ бархӯрдор мешаванд.


Малик Абдуллоҳ ин нуктаро зимни ироаи як паёмаш ба мардуми Арабистони Саъудӣ баён дошта афзуд, ҳамзамон бонувони араб ҳуқуқ доранд, ки ба узвияти Маҷлиси Шӯрои Арабистон пазируфта шаванд.Ин тасмими подшоҳ ба истиқболи гарми ҷомеаи кишвар рӯ ба рӯ шуда, фаъолони ҳуқуқи инсон қарори мазкурро гоми ҷиддӣ дар пешрафти кишвар эълом доштанд.Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ Малик Абдуллоҳ дар шарҳи тасмими ахираш гуфтааст, чун мо ҳозир нестем тибқи қавонини шариат занонро дар тамомии нақшҳои ҷомеъа ба ҳошия биронем, мо баъд аз машварат бо уламои аршад ва дигарон тасмим гирифтаем, ки аз давраи баъдӣ занонро ба унвони узв дар Маҷлиси Шӯро пазируфта бошем, занон қодир хоҳанд буд, ки ба унвони номзад дар интихоботи шӯроҳои шаҳрӣ ширкат кунанд ва ҳатто аз ҳаққи раъй дар ин интихобот бархӯрдоранд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!