Бахшҳо

Забту мусодираи 207 кило маводи мухаддир дар 7 рӯз

Тайи як ҳафтаи ахир кормандони агентии назорати маводи нашъаовар аз қочоқчиён беш аз 206 кило маводи мухаддир мусодира кардаанд.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ин ниҳод иттилло доданд, аз ин миқдор нашъаи забтшуда 8 килои онро героин, бештар аз 107 кило ҳашиш ва 91 килояшро канабис ташкил медиҳад. Манбаъ афзуд, барои содир намудани ин ҷиноятҳо 5 нафар боздошт гардиданд, ки ду тани онҳо шаҳрвандони ҷумҳурии исломии Афғонистон буданд. Гуфтанист, дар ҷараёни ин амалиётҳо силоҳу муҳимоти ҷангӣ низ кашф ва мусодира шуданд. Маврид ба зикр аст, ки амалиёти боздошти як гурӯҳи муташаккили ҷиноии байналмилалӣ чанд моҳ пеш оғоз шуда буд. Тибқи маълумоти оперативии дарёфтшуда ин гурӯҳ қасд дошт, бо истифода аз масири муносибе миқдори зиёди маводи нашъадорро аз Афғонистон ба кишвари мо ва баъдан ба мамолики дигари ИДМ интиқол диҳад. Пайгирии амалҳои гурӯҳ, ки ҳатто то ҳадде ширкаткунандагонаш мушаххас шуда буданд, бештар аз ду моҳ тӯл кашид, ва ниҳоят аввалин аъзои он дар амалиёти фаврие дар ҷамоати бо Афғонистон ҳаммарзи «Саричашма»-и ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон бо миқдори бағоят калони героин ва ҳашишу канабис мавриди боздошт қарор гирифтанд.

Амалиёти дуюм низ дар ноҳияи марзӣ сурат гирифт. Ин бор гурӯҳ қасд дошт, аз тариқи ноҳияи Дарвоз вориди хоки Тоҷикистон шавад ва як нафари онҳо, шаҳрванди ҶИА ҳангоме ки дохили маркази ин ноҳия мешуд, бо силоҳи дасташ ва маводи мухаддир дастгир шуд. Бояд гуфт, ки ин гурӯҳ қаблан ҳам ба интиқоли ғайриқонунии мухаддирот ба Тоҷикистон даст дошт ва шаҳодати ин боздошти як нафаре мебошад, ки чанд сол пеш ба ҷурми ширкат дар муомилоти ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон дастгир ва зиндонӣ шуда буд.

Манбаъи хабар афзуд, дар ҷараёни баргузории ду амалиёти дигар дар вилояти Суғд кормандони раёсати агентӣ се тан аз аъзои як гурӯҳи муташаккили ҷиноиро боздошт намуданд, ки ба интиқолу тиҷорати героин машғул буд. Ва ниҳоят амалиёти охирин дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон баргузор шуд. Кормандони Раёсати агентӣ дар ин вилоят сокини 39-солаи шаҳри Кӯлобро зимни тиҷорати чаканаи героин боздошт намуданд ва ба ҳабс гирифтанд.

Аз рӯи ҳамаи ин ҳодисаҳо парвадаҳои ҷиноятӣ тибқи моддаҳои 200, қисми 4 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар), 289 (қочоқ) ва 195 (нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ) КҶ-и ҶМ парвандаҳои ҷиноятӣ боз намуданд,-афзуд сарчашмаи иттилоъ.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)