Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:19

Расул Боқиев- барандаи нишони тиллоии Ҷоми Ҷаҳон оид ба дзюдо

26 сентябр 2011, 07:06

Расул Боқиев, варзишгари маъруфи Тоҷикистон барандаи Ҷоми Ҷаҳон дар риштаи гӯштии дзюдо гардид.


Тавре Муродалӣ Тешаев, сухангӯӣ Кумитаи миллии олимпӣ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, паҳлавони тоҷик дар вазни 73 кило бо намояндаи Ӯзбакистон Сӯҳроб Дӯстов рақобат намуда, ӯро шикаст дод. Баъдан, бо Давид Папаук, варзишгари номии Шветсария вориди рақобат гашта, дар ин давр ҳам дастболо шуд. Елдар Зарифхонови мизбонро (аз Қазоқистон) дар даври сеюм бо усули иппо шикаст дод. Дар даври чаҳорум бошад, бо намояндаи ҷумҳурии Ӯзбакистон, нафареро, ки дар бозиҳио Осиёии Гуанчжоу Расул бо усули сари китф мағлуб намуда буду аз ҷониби довари маркази ғайриодилона баҳогузори гардид, ин навбат шикаст дод ва бори дигар зӯру тавонмандии худро дар риштаи дзюдо ба ҷаҳониён нишон дод.

Манбаъ афзуд, Расул Боқиев дар даври ниҳоӣ Ринат Иброҳимови қазоқро мағлуб карда, барандаи нишони тиллоии сабқат гардид.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!