Бахшҳо

ВИДЕО: Посухи Кабирӣ ба мухолифонаш дар мулоқотҳои “гарм”-и Суғд

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) аз мухолифини ҳизбаш, ки иддао доранд, ба фаъолияти ҲНИТ хотима бахшида шаваду ниёзе ба ҳизби исломӣ нест, хост, дар ин масъала ба Додгоҳи конститутсионӣ ва парлумон муроҷиат кунанд, на ба ӯ.

Кабирӣ дар охирин вохӯрияш бо интихобкунандагони вилояти Суғд, ки дар шаҳри Истаравшан баргузор шуд, гуфт, “бар асоси Сарқонуни кишвар дар Тоҷикистон 8 ҳизби сиёсӣ фаъолият доранд ва агар нафаре ба ин розӣ нест, бояд бо ҲНИТ ё Ҳизби коммунисту Ҳизби халқӣ демократӣ даъво накунад, мо парлумону Суди конситутсионӣ дорем, ба онҳо муроҷиат кунад”.

Ба гуфтаи Кабирӣ, ин гуна даъвоҳо бояд дар асоси қонун ва аз тарафи ниҳодҳои марбута баррасӣ шавад, на дар кӯчаҳо: “Ин баҳс баҳси кӯчаву бозорҳо нест. Мо як бор дидем, ки бо шиорпартоию баҳсҳои кӯчагӣ ба куҷоҳо расидем”.

Раиси ҲНИТ аз сокинон хост ба қадри суботу ваҳдати миллии Тоҷикистон, ки дар пайи талошу заҳматҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, муассиси ҲНИТ ба миён омадааст, бирасанду ҳар даъвое доранд, дар асоси қонун ҳал кунанд. Ӯ дар мавриди иттиҳомот алайҳи ҳизбаш ишора карда, гуфт, ҳоло ҳар коре, ки дар олам мешавад, аз ҷумла Сурияву кишварҳои арабӣ мусулмонон гунаҳкор мешаванд, вале чаро боре касе фикр намекунад, ки дар ҳоли ҳозир дар Украина ҳам нооромист: “Дар ҷанги дуюми ҷаҳон ҳудуди 50 миллион нафар кушта шудааст, ки онро мусулмонон ташкил накарда буданд ва ё худ Ҷанги аввали ҷаҳонро. Дар Тоҷикистони мо ҳам баъзе аз расонаҳои хабарӣ мисли Бӣ-Бӣ-Сию СНН тавре хабарҳоро пӯшиш медиҳанд, ки гӯиё танҳо мусулмонону ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ гунаҳкоранд. Дар ҳоле ки бар асоси омори соли гузаштаи Созмони милали муттаҳид танҳо се дарсади амалиётҳои террористию экстремистӣ аз сӯи мусулмонон ташкил шудааст”.

Ин ҳарфҳои Кабирӣ дар ҳолест, ки як модари тоҷик дар вохурии ӯ бо интихобкунандаҳо аз бедарак шудани фарзанди худ шикоят карда, гуфт, тӯли 7 сол мешавад, ӯ беному нишон аст ва ба ин наҳзатиҳо гунаҳкоранд: “Рост, намоз хондан даркору аммо ин хел мардумро бероҳа кардан даркор нест. Дар ин 7 сол зани писарам баромада рафту падару фарзанди ӯ аз дунё даргузаштанд. 7 сол мешавад, ман азоб мекашам”.

Инчунин нафари дигаре низ аз худ варзишгар ном бурда, дар ин вохурӣ баҳсу мунозараи иштирокдорони маҷлис бо раиси ҲНИТ-ро яке аз хусусиятҳои демократия хонда, пайравони ҳизби Кабириро дар тафриқаандозӣ муттаҳам кард: “Ҳамчун варзишгар метавонам, аз номи тамоми варзишгарони шаҳри Истаравшан як ду сухан гӯям, чун демократия ҳаст. Ман бисёр шунидам, ки тавре бародари гиромӣ гуфтанд, ҳамин хел мардумро ба қисмҳо – намозхону бенамоз ҷудо мекунанд ё мегӯянд, ту аз ин ҳизб ё он ҳизб, ки ин суханҳо миёни мардум як фитна эҷод мекунаду моро ба соли 1992 бармегардонад. Ин ваҳдату ягонагӣ бо пул не, бо хун омадааст ва зиёда аз 2 миллион шаҳванди Тоҷикистон зери хок рафтааст. Ман дар бисёр ҷойҳо менишинам ва дар бисёр ҷойҳо баранда ҳастам, ҷигарҳои лахта-лахтаи модаронро дидаам, ки фарзандонашон дар Сурия меҷанганд”.

Нафари сеюм ба нашъаманд шудани фарзандаш ишора карда, таъкид намуд, ҳамаи нашъафурӯшон риш доранду Қуръон дар даст ба чунин амали номатлуб даст мезананд.

Муҳиддин Кабирӣ аз ин пештар бо интихобкунандагони вилояти Хатлон, аз ҷумла шаҳри Кӯлобу Қӯрғонтеппа мулоқот карда буд.

ВИДЕОҲОИ мулоқоти Кабирӣ бо интихобкунандагон дар Истаравшан:








Мӯҳр
Рости гап бародарон ман ин мардуми истаравшанро мардуми бо маданият мехисобидам аммо ин рафтори онхо гаири инсони мебошад.Одам боят бо навбат гап занад на ин,ки магал бардошта гапзанад.

Инсоф
ба ин мардум чӣ шуда бошад ??? Хуб нест чунин рафтор намудан.

ist
Душманонам заифу номарданд,
Душмани мард орзу дорам.

Ончи ки алайхи ХНИИТ ва Рохбараш карда мешавад айни мочарои Русияву Укроин аст. Яъне Русия бо истифода аз кудрат харчи мехохад мекунад, ки камоли номарди аст, на бештар аз он.

таджик
Оё ҳамаи он ашхосе, ки дар ин толор баромад доштанд ҳама истравшанианд ???

эксперт
Ба ҳар як нафаре, ки камтар тафаккур карда метавонад, маълум аст, ки ин мулоқот не, ин маъракаи омодакардаи мақомоти махсус алайҳи ҲНИТ мебошанд.
Шахсан ман ҷонибдор, ҳаводори ягон ҳизбу ҳаракат нестам. На ба ҲХДТ ва на ба ҲНИТу дигараш овоз доданӣ ҳам нестам. Вале ин намоиш, ки нақшофаринҳояш мардуми Истравшан мебошанд, нишон дод:
1. Мақомот дар хидмати Муҳиддин Кабирӣ қарор доранд. Кабирӣ бо посухҳояш, бо рафтораш нишон дод, ки як сиёсатмадори исломмеҳвар бояд чигуна бошад.
2. Мақомот бо ин кирдор бохтанд, худро шармандаи ин дунёву охират карданд. Аз ин намоиш боз Кабирӣ дастболо баромад.

4.Наворҳо аз ҷониби мақомот дар ютюб гузошта шудааст.
5.Кабирӣ сарфи назар аз ҳамаи ин ҳарфашро тавонист, ки ба мардуму интихобкунанда расонад
6.Посух ба суолҳо хеле дандоншикан буд, танҳо суолтайёркардаҳо ба фаҳми он мерасанд
7.Кабирӣ нишон дод, ки ба сатҳи як раҳбари мустақил расидааст

Устоди Кабириро баъзе мардум в.Сугд хуб пешвоз нагирифтанд вале тамоми мардуми бо фарханги ЧТ хуб медонанд ва мушоида кадаанд, ки ягон раиси хизбхои мухолиф, ки дар ин интихоботи иштирок меварзанд мисли ин Устод дониши дини ва дуняви надоранд ва аз хамин хотир ин шахси бо маърифатро чикадаре метонанд мувофики сенаряи ташкил кардаашон мечуканд. Шиори ин сенаристхо "Номард бошу зинда бош".

Толиб
наход барои курси шуда Кабири ба хамаи ин суханхо токат мекунад. Рав Туркия ончо хона дори ку

МУХТАРАМ МУХИДДИН КАБИРИ ШУМО ВА ХИЗБИ ШУМО ИМРУЗ ДАТ ТОДЖИКИСТОН ХАТМАН ДАРКОРАСТ МАН ХАЙРОНАМ БАРОИ ЧИ ШУМО ХЕСТА РАФТЕД БА МАРДУМИ БЕ ФАРХАНГУ БЕ МАДАНИЯТ ВА АЗ ХИСЛАТХОИ ИНСОНИ ИНХО ДУРАНД ШУМО ЯГОН ВАКТ БА ИН ХЕЛ КОРХО АХМИЯТ НАТЕН АГАР ТАРАФДОРИ ШУМО НАБОШАД ДИГАР ВИЛОЯДХО ШАХРХО ХАСТ 1 МИЛОН МАРДУМИ ГАРИБ БО ШУМОЯНД ХАЗОРОН КОРВОН РАФТАНДУ ДАВДАВ! ХАНУЗАМ ИН САГОН ДОРАНДУ АВАВ БЕХТАРИН ХИЗБ БЕХТАРИН ШАХС БЕТАРИН ИНССОН МЕБОШЕД ИН МАРДУМИ ИСТАРАВШАН АЗ ДИНУ ФАРХАНГ ВА АЗ ХИСЛАТИ ИНСОНИ ДУР БУАНД ХАЙФ БА ШУМО БЕ МАДАНИЯТ

Ассалому алейкум ба хамаи мардуми шариф ! Истаравшан хо ро ин кадар танкид накунед хамаи мо мусалмон дар хама чо инсони бад хаст хуб як -ду нафар хамаи мо нест к у у у

комил
нисбати намояндаи ХУКУМАТ нохурмати аз руи инсоф не албата

Рахмати калон бар ту устод кабири ман дар сабру тахаммули ту коил шудам ва мехрам нисбати шумо зиёд шуд ва як чизро доимо мегуфтам ва бозхам мегуям ки точик мардум дар ду чиз мушкили зиёд доранд.
1- ум зулму ситамро дуст медоранд.
2-ум хечгох итиход яъне якчо намешаванд.
Кани халки истаравшан мард ва баходур бошед тарафи раиси хизби халки демократии хоким ё масъулаш доду фигон бардорен баъд очаи зоратона бинед.
Шумо кабири халиму хоксорро ёфтаед ки магал мебардоред , хайф бар шумо шармандахо. Акнун мисли гуломдори зиндагиатонро пеш баред .
Чапфахмхо шумо мегуед , ки тенчию субот мехохед не хато мекунед бар ъакс шумо халки истаравшан чангу ноороми мехохед.

Ахмад,
Бародари гироми! Аксари онхое ки аз чояшон хеста, бенавбат сухан мегуфтанду ба сухани бемаъние карсак мезаданд, истаравшани нестанд.Як чанд нафари онхоро шинохтам...дигар занхову псевдо-варзишгаро низ ташкил шуда будандююю сониян у "бемаданияти"-и баркасдона буд пасттарин рохи мубориза бо ракиб ин уро ба сухан гуфтан нагузоштан аст, хангоме ки тудае ба сараш дод мезананд...

Бо ин 2-3 нодон, ки чунон медонанд,
Аз чахл ки донои чахон эшонанд..
Хар бош ки ин чамоа аз фарти харист....

Махлум аст ки ин хамаи шахсони махсус омодакардашуда ва ё бо истилохи хунари гирем"актёрхо" мебошанд. чунин ашхос дар хамаи давру замон дар хамаи чойхо буданд ва хастанд)))))

Муҳаммад
Баъзе одамон мегӯянд барои як ду нафар ҳамаи В. Суғд ро бе маданият гуфтан мумкин нест аммо шумо бо маданиятҳои В.Суғд куҷо будед ки ба ин но адолати роҳ надиҳед ҳоло ҳамаи шумо муқассир дониста мешавед барои ки мегуянд як гуви рихин подара рихин мекунад ва имрӯз дар ким куҷо як мулло ким чи коро мекунанд ҳамаи мкллоҳоро гунаҳкор мекунанд ва як фоҳиша бо ҳиҷоб фоҳишаги мекунад ҳамаи ҳиҷобдоронро гунаҳкор мекунанд

Иброхим
Кишвару Миллати Бемор!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)