Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 23:15

Шӯрои МН сарфаи энергияро ба баррасӣ гирифт

26 сентябр 2011, 09:58

Дар Душанбе таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии шӯрои Маҷлиси намояндагон сурат пазируфт.


Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, дар шўро масъалаҳо дар бораи таъсис додани гурўҳи корӣ оид ба лоиҳаи қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷўии энергия», дар бораи таъсис додани гурўҳи корӣ оид ба лоиҳаи қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика», дар бораи таъсис додани гурўҳи корӣ оид ба лоиҳаи қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истихроҷ ва истифодабарии ангиштсанг», лоиҳаи қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо», Дар хусуси Санади Женевагии Созишномаи Гаага дар бораи бақайдгирии байналмилалии намунаҳои саноатӣ, дар бораи даъват кардани ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум ва лоиҳаи қарори МН «Дар бораи рўзномаи ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» баррасӣ шуданд.

Манбаъ афзуд, раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Амир Катаев, Марҳабо Ҷабборова ва дигар аъзои шўро роҷеъ ба масъалаҳои рўзномаи шўро фикру андешаҳои худро иброз дошта, таъкид намуданд, ки мақсади асосии таъсис додани гурўҳи корӣ оид ба чанд лоиҳаи қонунҳои ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани маърифати аҳолӣ ҷиҳати самаранок истифода намудани нерўи барқу ангишт, хубтар ба роҳ мондани фаъолияти осорхонаҳо ва беҳтар намудани сифати маҳсулоти саноатӣ мебошад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!