Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 23:33

Даъвати тирамоҳии наваскарон ба сафи артиш оғоз гардид

26 сентябр 2011, 10:36

Даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1984-1993 ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз гардид.


Тавре Ориф Назаров, сухангӯи дафтари матбуоти кумитаи ҳолатҳои фақуллода ба «Озодагон» гуфт, фармони президенти ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳатмии ҳарбиро ба итмом расонидаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1984-1993 ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ба тасвиб расид. Дар асоси фармони мазкур ба эҳтиёт рухсат додан, аз сафи ҷузъу томҳои низомии тобеи сохторҳои қудратии кишвар хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муайяни хизмати ҳатмии ҳарбиро ба итмом расонидаанд, оғоз гардидааст. Номбурда афзуд, айни ҳол дар ҷузъу томҳои тобеи кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи ҷумҳурӣ дар асоси супориши раиси кумитаи мазкур генерал -майор Ҳайбулло Латипов барои қабулу ҷо ба ҷо гузории шаҳрвандон ба даъвати навбатии хизмати ҳарбӣ омодагӣ мебинанд. Назаров гуфт, таъмиру аз навсозии хобгоҳҳои махсуси таълимӣ мувофиқ ба шароити замонавӣ ба роҳ монда шудааст.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!