Бахшҳо
19 фев 2015 12:50Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Баҳси додгоҳии Babilon то ду моҳи дигар тул мекашад

Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон мегӯяд, шикояти ширкати мобилии Вавилон (Babilon) аз ҳалномаи Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе, ки ба баҳси судии ин ширкат бо Кумитаи андоз ба нафъи дуюмӣ нуқта гузоштааст, мавриди омӯзиш қарор дошта, баррасии он то ду моҳи дигар тӯл хоҳад кашид.

Ҷамшед Файзуллоев, раҳбари дастгоҳи Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикисон дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “Ҷамъияти саҳомии “Вавилон мобайл” ҷиҳати аз нав дида баромадани санадҳои судӣ ба Додгоҳи олии иқтисодӣ муроҷиат кардааст ва ҳоло парвандаи мазкур дар марҳалаи назоратӣ қарор дорад ва баррасии он то ду моҳ тул хоҳад кашид.”

Нофаҳмӣ миёни Кумитаи андоз ва ширкати мобилии “Вавилон” дар ҳоле ба миён омада, баҳси онҳо то зинаҳои додгоҳӣ кашида шуд, ки аввалӣ дуюмиро дар риоя накардани нархномаҳои таъинкардаи Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон муттаҳам ва 337 миллион сомонӣ қарздор намудааст. Ҳарчанд ахиран Додгоҳи иқтисодии Душанбе ин баҳсро ба манфиати Кумитаи андоз ҳал намуд, вале масъулини ширкати Вавилон ин ҳалномаро ноодилона хонда, аз болои он ба Додгоҳи олии иқтисодии кишвар шикоят бурданд.

Масъулини ширкати мазкур иддаои Кумитаи андоз дар мавриди риоя нашуданги нархномаҳои давлатиро комилан рад карда, мегӯянд, онҳо то кунун ҳар хидматрасониеро, ки ба муштариён пешкаш кардаанд, нархномаи он бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ мувофиқа шудааст. Холиқназар Ҷумъаев, сухангӯи ширкати Вавилон дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “ширкат ҳамаи хизматрасониҳои асосӣ ва иловагии худро ҳамеша бо мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ роҳандозӣ намуда, дастраси муштариён гардонидааст. Мо ба суд ҳам нусхаи «Нақшаҳои тарофавӣ»-и бо мақомоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 декабри соли 2010, 17 майи соли 2012, 12 апрели соли 2013 мувофиқашударо пешниҳод намудем. Хидматрасониҳои иловагии мо дар радифи хидматрасониҳои асосии «Выгодный», «Обичный», «Особый», «Активный, «Успешный», «Бизнесмен» тасдиқ шудаанд ва ҳар яке дорои хидматрсониҳои иловагии «Илова ва иваз кардани рақамҳои дӯстдошта» мебошанд. Хидматрасонии иловагии дигари мо «Мобипакетҳо» мебошанд, ки онҳо низ бо мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ пешкаши муштариён гардонида шудаанд. Мо ба суд инчунин таҳлилҳои хаттиеро низ пешниҳод кардем, ки аз рӯи санадҳои муҳосибию молиявӣ ҳолати воқеии хароҷоти дар давраҳои баҳсӣ масрафкарда, инчунин даромади дар давраҳои баҳсӣ гирифташуда, маблағи андозҳои мустақим ва ғайримустақими ба буҷет пардохтаи ширкатро дар бар мегирад. Дар пешниҳодҳои худ мо ҳаматарафа собит кардем, ки хизматрасониҳои асосӣ ва иловагӣ ҳама бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ мувофиқа шуда, онҳо ба муштарӣ пулакӣ пешниҳод шудаанд ва аз онҳо даромад гирифта шуда, супоридани андоз низ таъмин карда шудааст.”

Ҷаноби Ҷумъаев низ илова намуд, ки ҳалли баҳси онҳо бо Кумитаи андоз ба нафъи дуюмӣ ва додани ҳақ барои дастрасии кумита ба суратҳисобҳои онҳо дар ҳолест, ки бо дархости онҳо додгоҳ ду корманди Хадамоти зиддиинҳисориро низ ҳангоми баррасӣ парванда даъват карда, аз онҳо посух гирифтааст, ки воқеан ҳам Вавилон тамоми хидматрасониҳояшро танҳо баъди мувофиқа бо Хадамот манзури муштариён гардонидааст: “Ҳайратовар он аст, ки агар чӣ суд намояндагони Хадамоти зиддинҳисориро пурсида бошад ҳам, аммо дар ин бора дар қисми баёнии ҳалнома маълумотеро зикр накардааст ва дар қисми асоснокунии ҳалнома бошад, ба нишондоди намояндагони Хадамоти зиддиинҳисорӣ баҳои ҳуқуқӣ надодааст. Асоси ҳуқуқӣ ва мантиқии ба инобат нагирифтан ва рад кардани нишондоди онҳоро, ки иртиботи бевосита ва пайваста бо ҳолатҳои ба парванда аҳамиятдоштаро доранд, дар санади судӣ наовардааст. Агар ширкат хидматрасониҳои мавҷударо бемувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва ройгон ба муштариён пешниҳод мекард, чигуна метавонист аз ҳамаи хидматрасониҳои давраҳои баҳсӣ, яъне, солҳои 2011, 2012 ва 2013, ки мақомоти андоз онро ройгон меноманд, даромад ба даст оварда, дар маҷмўъ 406 миллиону 923 ҳазору 419 сомонию 93 дирам андоз супорад?”

Ба гуфтаи сухангӯи ширкати Вавилон, бори охир хидматрасониҳо ва тарофаҳои ин ширкат аз тарафи Хадамоти зиддиинҳисорӣ охирҳои моҳи апрели соли 2014 мавриди санҷиш қароргирифта буданд: “Рӯзи 28-уми апрели соли 2014 аз тарафи се нафар сармутахассисони соҳибтаҷрибаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳама тарофаҳои ширкат, мавриди санҷиш қарор гирифта, дар асоси он «Санади санҷишӣ» тартиб дода шуд. Дар қисми хулосавии «Санади санҷишӣ»-и тартибдодаи масъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ гуфта мешавад: «Аз ҷониби ҶСП «Вавилон-Мобайл» ҳангоми иҷрои кору хидматрасонӣ дар соҳаи хидматрасонии алоқаи барқӣ талаботи қоунунгузории Ҷумҳурии Тоҷикитон рақобат ва маҳдудкунии инҳисорӣ дар бозорҳои мол, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва реклама риоя гардидааст». Пас чи гуна метавон хулосаи як Хадамоти масъули давлатиро зери суол бурд, ки ҳама тарофаҳо бо он мувофиқа шуда, бо нархҳои муайян пешкаши муштариён гардонида шудааст?”

Мусоҳиби мо дар мавриди он ки дар сурати риоя шудани тамоми нархномаҳои давлатӣ аз сӯи Вавилон масъулини Кумитаи андоз бо чӣ далел ин ширкатро ҳудуди 340 миллион сомонӣ қарздор кардааст, мегӯяд, худи онҳо низ намедонанд, ин қарз аз куҷо омадааст. Ҷумъаев мегӯяд, иддаои беш аз 300 миллионии Кумитаи андоз дар ҳолест, ки дар “Санади санҷишӣ”-и ин ниҳод хатоҳои зиёди “барқасдона” ва ҷиддӣ ба назар расида, даромади умумии ширкатро дар соли 2011 «4 миллиарду 232 миллиону 789 ҳазору 393 сомонӣ», баробар ба нисфи ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2011 нишон дода шудааст: “Мо намедонем, ки ин рақамҳо аз куҷо гирифта шудаанд. Вале дар «Санади санҷишӣ» -и мақомоти андоз ғалатҳои зиёди ҷиддии арифметики ҳисоб кардани манбаи андозбандии андозҳои овардашуда, хироҷи иҷозатномавӣ ва бар илова ҳисоб кардани андозҳоро мо ошкор кардем, ки аз куҷо гирифта шудаанд, касе намедонад ва ба назар чунин менамояд, ки чунин иштибоҳҳоро тафтишгарон махсус барои зиёд намудани манбаи андозбандӣ содир кардаанд. Масалан дар саҳифаи 11 «Санади санҷишӣ»-и Кумитаи андоз даромади умумии ширкат дар соли 2011 «4 миллиарду 232 миллиону 789 ҳазору 393 сомонӣ» нишондода шудааст, ки ин баробар ба нисфи ҳаҷми умумии Буҷети давлатии ҶумҳурииТоҷикистон барои соли 2011 мебошад. Ин магар боваркарданӣ аст? Чунин ғалатҳои барқасдона кам нестанд, ки ба назари мо масъулин махсус бо чунин роҳ манбаи андозбандиро афзун намуда, андозбандиро зиёд кардаанд ва мометавонем дар оянда ҳар яке аз онҳоро дар алоҳидагӣ ба матбуот пешкаш гардонем. Ҳол он ки дар соли 2011 даромади ширкат ҳамагӣ 423 миллиону 789 ҳазору 391 сомонию 64 дирамро ташкил медод. Дар ин ҳолат, масъулини мақомоти андоз, даромади ҷамъиятро ба маблағи 3 миллиарду 809 миллион сомонӣ зиёд нишон додаанд ва аз ҳамин ҳисоб андозҳои гуногунро дар солҳои 2011, 2012 ва 2013 барзиёд ҳисоб карда, ширкатро зиёда аз 340 миллион сомонӣ қарздор намудаанд. Чунин иштибоҳҳои ба назари мо ҳадафмандона кам нестанд ва анқариб дар тамоми саҳифаҳои «Санади санҷишӣ» ба чашм мерасанд, ки омӯзиши хеле ҷиддиро тақозо мекунад.

Дар ҳамин ҳол, масъулини Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ҳарчанд зимни як нишасти хабарии ин ниҳод гуфта буданд, ки фаъолияти “Babilon-mobile” зери назорати қатъист ва то ҳол қонуншиканиеро аз ҷониби ин ширкат сабт накардаанд, вале ба суоли “Озодагон”, ки “оё боре дар марҳалаи баҳсӣ ҳолатҳои риоя нашудани нархномаҳои давлатӣ аз ҷониби ширкати Вавилонро ба қайд гирифтаанд?” ҳозир нашуданд дубора посух гӯянд. Масъулини ин ниҳод гуфтанд, баҳси Кумитаи андоз ва ширкати Вавилон дар марҳалаҳои судӣ қарор дошта, онҳо ҳоло наметавонанд, дар ин бора чизе гӯянд.”

Раҳбари дастгоҳи Додгоҳи олии иқтисодӣ эҳсоси таъсирӣ берунӣ ба баррасии ин парвандаро рад карда, ба баррасии одилонаи он таъкид менамояд: ”Аслан парванда аз сӯи як судя баррасӣ мешавад ва вақте яке аз ҷонибҳои баҳс норозӣ бошад, дар сурати даъво ин бор аз сӯи колегияи судӣ, яъне се судя баррасӣ мешавад ва ман шахсан ҳамчун раҳбари дастгоҳ боварӣ надорам, ягон таъсиррасонӣ аз берун бошад ва хабарҳо дар бораи он ки аз берун ба мо “амр”-е барои муфлискунии ин ширкат омада бошад, комилан рад мекунам ва онҳо беасос мебошанд.”

Ин баҳси додгоҳии кумитаи андоз бо ширвати Вавилон дар ҳолест, ки қаблан, ин ниҳоди давлатии кишвар бо ширкатҳои мобилии "Билайн" ва "Мегафон" низ баҳсҳои додгоҳӣ дошт ва ниҳоят Додгоҳи олии иқтисодии кишвар баҳсро ба фоидаи ин ду ширкат ҳал кард.
Мӯҳр
Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикисон додгохи мустакил аст. Агар бахс то ба ин зина ворид шуда бошад, пас кафолат хаст, ки муй аз хамир чудо карда шавад. Банда бисёр бахсхоеро медонам, ки махз дар хамин зинаи суди халли нихоии худро ёфтаанд. Вакте хам далелхои ширкат кави бошад, хатман метавонад махз дар хамин зина адолатро баркарор намояд.

Хамчун шахрванди Точикистон,бахси байни макомоти андоз ва ширкати Вавилонро пайгири мекунам.
Ба м асъулини макомоти андоз, ки заминаи ба вукуъ пайвастани инр сару садохоро гузоштаанд, тавсия медихам, ба масъала, на аз нигохи "чахл",балки акл нигох намоед. Ё чи таре Президенти кишвар, Эмомали Рахмон, да чаласаи Шурои амният таъкид кард, афсар, аскар, генерал, мапршал мо хама инсон хастем" Бинобар ин бо бахонаи "ночиз", ки албатта, на дар натичаи рафтор хар ду тарафи бахс ба миён омадааст, ба такдири ширкат, ки аз гаронии андоз, муфлис шавад "хати батлон" накашед, ки ин бнинсофист.

Ба пахлухои хукукуии ин бахс ман коре надорам ва умедворам, ки Суди Олии иктисоди ба он бахои холисона хохад дод.
Вале, мехахам, аз масъулини макамоти андоз бипурсам:
1. Магар, таи солхои пеш, шумо холати конунвайронкунии андоз дар ин ширкат насанчида будед?
2. Агар санчида бошед, барои чи конунвайронкунихое, ки мруз раоонаи кардаед, ошкор карда, чихати барьараф намудан, чора наандешидед?
3. Шумо гуфта метавонед, ки дар ин асл "маблагхо"-и ба сифати манбаи андозбанди мукарар кардаи масъулини макомоти андозро Вавилон, аз муштариён гирифтааст. ё не.?
4, Такдири кормандони ширкат, хатто агар хазор нафар хам бошад, чи мешавад?
5. Оё Кумитаи андоз, барои ин хазор нафао, чои кори доми ёфта дода метавонад?
6. Бигуед, т акдири муштариёни ин ширкат, чи мешавад?
7. Такдири, карзхои аз бонкхои хоричи гирифтаи Вавилон, чи мешавад? Оё Кумитаи андоз, масъулияти таъмини пардохти он карзхоро ба ухда мегирад?
Чанобон! Масъалаест, ки сахлнигори бо он, маънои "бепарво" будан, нисбати такдири шахрвандони кишвар мебошад, ки аз гушаву канорхои мухталифи кишвар, ба кор фаро гирифта шудаанд.
Шумо чанобон, бо ин амали худ, на танхо "дус се рохбари" ширкатро, ки "ба иззати нафси шумо, мумкин расида бошанд"-у мехохед, онхоро, дар "чояшон нишонда чазо дида, ки ки буданашро нишон дихед", балки таукдири хамватанони худро ,ки дар ин ширкат кор мекунанд, "мешиканед" ва онхоро, водор мекунед, худро ба "багали куввахои зиддихукумати", партоянд.
Бинобар ин, хохешмандам, мушкилиро дар доираи акл на чахл хал намоед.
Агар, шумо инро хохед, хеч мушкилие нест. Охир, мардум мегуянд: "Аввал пурсиш баъд...", "Аз хурдон хато, аз бузургон ато". Камбюудихоро, агар чой доштанд, бояд бартаоаф кард, на барои ин чазо дод.

Сухроб
Хадамоти зиддиинхисори ягона макомоти масъули давлати аст, ки нархнахоро муайян намуда, аз болои он назорат мебарад. Вакте тарофахо тасдик шуда, нархномахо муайян шуда бошанд ва тафтиши хадамот вайрон шудани конугузории зиддиинхисориро мушохида накарда бошад, пас Кумитаи андоз хам хакке надорад, ки ин нархномахоро мувофиканушуда гуяд. Хама гуна андозбанди дар ширкатхои монополи танхо дар асоси нархномахои тасдиккардаи махз хамин хадамот сурат гирад. Дар акси хол хама ончи берун аз ин нархномахо андозбанди карда мешавад, гайриконуни аст.

Ачиб ку. Нав мефахмем, ки дар Точикистон хам ширкате будааст, ки баробар ба нисфи бучаи кишвар даромад доштааст. Агар ин авр бошад 4-5 чунин ширкат басанда аст, ки бучаи Точикистонро ба 20 миллиард расонанд. Ба фикри ман ин бахс басо тахлили чидди мехохад. Вагарна ин кадар маблагхои бузургро тафтишот аз кучо пайдо карда бошад?

«Ҳол он ки дар соли 2011 даромади ширкат ҳамагӣ 423 миллиону 789 ҳазору 391 сомонию 64 дирамро ташкил медод. Дар ин ҳолат, масъулини мақомоти андоз, даромади ҷамъиятро ба маблағи 3 миллиарду 809 миллион сомонӣ зиёд нишон додаанд ва аз ҳамин ҳисоб андозҳои гуногунро дар солҳои 2011, 2012 ва 2013 барзиёд ҳисоб карда, ширкатро зиёда аз 340 миллион сомонӣ қарздор намудаанд». Мехохам бигуям, ки чунин навъи тафтишот на танхо дар ширкати Вавилон, балки дар бисёр ширкатхои дигар хам ба чашм мерасанд. Ин ягона усулест, ки манбаи андозбандиро зиёд карда масъулин андозхои иловагиро ба ширкатхо бор мекунанд. Бар ин адозхо чаримахоро илова намуда бо хамин бучаро гани мегардонанд. Инро мо хам хуб медонем.

Мафтуна
Хама гуна бахс хуб нест, вале бояд тарафхо ба карори суд эхтиром гузоранд ва то анчоми бахсхо сабр кунанд. Вакте бахс то додгох омад дигар на сухани ширкат ва на Кумитаи андоз хеч роле намебозад. Карори нихои чист танхо дар асоси хамон бояд амал кунад. Вале казияи мазкур хануз аз давраи огози бахс расонаи шу два имруз низ дар матбуот ин бахс идома дорад. Нахуст Раиси Кумита карзи ширкатро эълон кард ва баъдан ширкат ин карзро рад кард ва бо хамин хануз идома дорад. Маслихат медихам, ки дигар харду тараф ба бахс хотима дода, карори судро интизор шаванд ва ба он эхтиром гузоранд

Rohat
Парво накунен. Бахси Созиданиеро русхо хал карданд. Бахси Вавилон-ро ки ширкати милли аст, хатман худи хамватанон хал мекунанд ва бовари хаст, ки ин бахс то судхои байналхалки кашида намешавад. Зеро агар ба судхои байналхалки кашида шавад, ин хам бар зарари нуфузи кишвар дар арсаи байналхалки ва хам зарар ба чалби сармоягузории хоричи аст.

Наим
Дар Шурои рушди назди Президент масъалаи Вавилон хам мавриди бахс карор гирифт ва ин бахс то Президенти кишвар расид. Так что бачахо бепарво бошед. Як ишораи Чаноби Оли хама конуншиканиро бархам дода, адолатро баркарор мекунад

Ман як шахрванди ин кишвари давлати сохибистиклол гуфтаниям, баъди ин кадар баромадхои президенти кишварамон, ки таъкид карданд! Мо хама бояд якчоя ба манфиати давлат кору фаолият кунем. Аммо кореро, ки макомоти андоз пеша худ кардааст, ин ба манфиати давлат нею ба зарари давлат мебошад. Чунки кариб чор хазор шархрванд, дар ин ширкат кору фаолият мекунад ва хар яки онхо боз оилахои худро мехуронанду мепушонанд, ба хамаи ин нигох накарда макомоти андоз боз мехохад, ки ин ширкатро мафлис намояд....Макомоти андоз камтар истеду фикур кунед, то чи андоза кори пеша кардаи шумо дуруст мебошад??????

Хак бар чониби Мавзуна аст. Кумитаи надоз набояд хилофи гуфтахои президент амал намуда, ба муфлис намудани ширкат ва бекор шудани хазорон нафар рох дихад. Дар чунин давраи бухрони баръакс мо бояд ба ширкатхо имконият дихем, ки чойхои кории бештаре ташкил кунанд

Бо бахонаи пур намудани бучаи давлат як ширкати азимро бо гуноххои бофта, зада аз пой афтонда, муфлис карда истодаанд. Боварии кас намеояд, ки чунин як маблаги хангуфт аз назархо дур монда бошад, ин як миллиону 2 миллион нест ку? Ин хама аз он далолат медихад, ки кумитаи андоз манфиати пасипардагиеро думболагир аст. Ки кафолат дода метавонад, ки соли 2020 ин кумита аз сари нав аз соли ташкилёбии ширкат андози нав фикр карда, боз ревизияи навбати намегузаронад? Бо чунин азм, фикр мекунам, ки кумитаи андоз, рузе аз шахрвандони аз Руссия пул равон карда ва шахрвандони дар ин чо пул кабул карда андози талаб мекунад. Хамааашро вакт нишон медихад...

Мавзуна,
Зик нашавед мавзунахони азиз. Поёни шаби сиях сафед аст гуфтаанд. Хеч шаби беохире нест, Хатто тулонитарин шаб хам хатман сахар мешавад.
Ризк азали аст ва худованде ки дар дахони ману Шумо дандонро офаридааст, хатман барои хоидан нонро хам медихад. Факат кушиш бояд кунем ва саъю чадал ва дар баробари ин худоро фаромуш накунем. Инхо хама бозихои боло аст. Онхо бояд накшаи бучаашонро ичро кунанд, ба бекор мондани ману Шумо коре надоранд.

Масъулини макомоти андоз, чи тавре, Президенти кишвар дар чаласаи Шурои амният таъкид карданд, вазифаи шумо ин танхо ошкор кардани конунвайронкунихои андоз ва ба чавобгари кашидани андозсупоранда ё ки ба хар васила, хатто гайриконуни хам бошад, ганигардонии бучет нест.
Чи тавре аз сомонахои мухталифи хабаргузори ва рузномахои мухталиф фахмидем, Вавилон сахми боризе дар ганигардонии бучети кишвар, мухаё кардани чойхои кори барои мутахассисони баландихтисос, вориду дастрас кардани технологияи навини коммуникатсиони дорад. Пас чаро, дигар ширкатхо не, махз ин ширкат боиси "таваччухи хоса"-и шумо карор гирифтааст?

Набояд, масъулини макомоти андоз фаромуш кунанд, ки пардохти маблаги андозро макомоти андоз не, балки андозсупоранда таъмин мекунад. Вазифаи масъулини макомоти андоз бошад, ин фахмонидани мохият ва мухтавои талаботи Кодекси андоз дар масъалаи андозбанди ва андозситони мебошад. Чи тавр, шумо дидаю дониста ширкате, ки таи фаъолияташ таворнистааст, ба бучет пардохтани андозро ба маблаги 830 миллион сомони, дар давраи бахси(солхои 2011, 2012, 2013) зиёда аз 406 миллион сомони ва соле на камтар аз 140 миллион сомониро ба бучети кишвар, вилоятхои Сугд, Хатлон, ВМКБ, шахри Душанбе, Кулоб таъминкунандаро ва онро боз аз хисоби маблаггузори хоричи, ки шумо "оффшори" мегуед, таъмин кардааст, ин кадар азоб медихед? Сабаб чист?

Мехохам, аз масъулини макомоти андоз, махсусан Нусратулло Давлазода, суди иктисодии шахри Душанбе, суди иктисодии мархилаи кассатсиони бипурсам, магар Кодекси андоз ва Кодекси мурофиавии иктисодии Чумхурии Точикистон, шуморо вазифадор накардааст, ки чихати оштии тарафхои бахс ва бастани "Созишномаи ошти" байни тарафхои бахс, дар аввал чора андешед. Барои чи ин корро накарда, хануз дар огоз, ба ин бахс хотима нагузоштед? Баръакс, конунвайронкунихои дар рафти санчиш рох додаи масъулини макомоти андозро нодида гирифта, заминаи муташанич шудани бахс ва хатто расонаи шудани ин бахсро гузоштед. Инчо сирре нихон аст ва аз он шаходат медихад, ки дар кори худ мустакил нест ва "супориши ким кадом хочаро ичро мекунед? Вагарна хамаи шумо мутахассиси сохаи худ мебошед, хеч вакт ба инштибохи "сузанда", ки метавонад окибатхои номатлубро ба бор оварад, рох намедод?

Солхост, барои пайдо кардани кути лоямуте, дар ин кишвар икомат мекунам. Дида истодаам, шахрвандони ТОчикистон дар чи хол карор доранд ва то чи андоза азоб мекашанд. Бинобар ин, Чаноби Нусратулло Давлатзода, "аз аспи чахл фаромада", ба чашми акл, масъалаи мазкурро барраси карда, онро хал кунед. Ман намехохам, як хамватани ман, ки дар ин ширкат чойи кори дорад, аз чойи кори доими махрум гардида, сафи мухочирони "сарсону саргардон"-ро зиёд намояд.

Ман медонам, ки масъули макомоти андоз бо номи Мэлс, намояндагони воситахои ахбори кишварро ба хураи кории худ хонда, ба онхо талкин мекунад, ки "Вавилон ширкати "оффшори" аст. Чазо хохад дид.

Ashur Samadov
Баромади Президентро он руз гуш кардам. У гуфт: -Чаро як нафар хама даврахоро санчида айбе намеояд, вале дигаре баъди чанд вакт омада месанчад ва даххо миллион камбуди меёбад. Аз матубот бармеояд, ки казияи ин ширкат низ чуни наст. Даврахои бахси борхо аз тарафи макомоти андоз санчида шуда, камбудихои ёфта баркарор шудаанд. Вале чаро ин кадар маблагро дар даврахои пешин касе наёфту якбора соли 2014 хамаашро пайдо карданд?

Инчо ду чавоб хаст: а) Тафтишгари якум ё барои ёфтани камбудихо супориш нагирифта буд ё маблагеро сохиб шуда аз камбудихои ёфта чашм пушид. Б) Тнафтишагарони нав нихоят чидди санчиш гузарониданд ва тибки супориш бояд ширкатро муфлис кунанд. Ман дигар чавобе намебинам. Инчо бояд дар баробарри Вавилон масъулине, ки пештар ин даврахоро санчида хатоие наёфтандниз чавобгар карда шаванд/

Ситора
Одолати суди хамеша мавчуд аст, вале халли он вобаста ба он аст, ки сарчашмаи тафтишот аз кучо нуфуз гирифта. Яъне агар ин хама кор супориши набошад ва танхо бахси миёни Кумитаи андоз ва ширкат бошад, хатман халли окилонаи худро меёбад. Вале агар парванда супориши бошад ба доди Вавилон хеч кас расида наметавонад. Хеч як судя хам барои конун шуда,курсии худро зери хатар намегузорад. Чунин тачрибахо аллакай борхо мушохида шудаанд.

Это явно заказуха,
толи конкурентов, толи месть налогого комитета за предыдущий проигрыш перед Вавилоном!

А налог это преподносить по другому, и чернить имя Судебных работников.

афон доляра Налогба чикидиданд суда буриданд!

Вавилон ширкати миллияй худуш ба бовари дора, налог ба даже обедпули надода мебура ширкати честный буд честный мемона ва честни суда мебура.

иншоллох судои моям четниянд!

Ман муштарии Вавилон нестум неки шуданиюм.

боши Вавилон!!!

Максад
Сохибкоронро буги накунед!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)