Бахшҳо

М.Кабирӣ: Орзу дорам, дар симои мо душмани сарсахту оштинопазирро набинанд

Суҳбати ихтисосии хабарнигори “Озодагон” Атохон Ғаниев бо раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ


Озодагон: Лутфан, ба таври мухтасар дар бораи барномаи пешазинтихоботии ҲНИТ маълумот бидиҳед.

Муҳиддин Кабирӣ: “Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон.
Шарҳ додани тамоми паҳлуҳои Барномаи пешазинтихоботӣ дар колаби як савол ва ба таври мухтасар душвор аст, вале мухтавои аслиашро метавон гуфт. Мо тамоми дидгоҳҳо ва авлавиятҳои хизбро дар марҳалаи оянда дар қолаби як шиор ҷо додем, ки он ҳам “Мо барои Тоҷикистон ва Тоҷикистон барои ҳама” мебошад. Ба ибораи дигар, бояд ҳамаи шаҳрвандон омодаи хидмат ба миллат ва кишвари азизамон бошанд ва инро қарзи шаҳрвандии худ бидонанд. Аз тарафи дигар, бояд ҳама шаҳрвандон, новобаста аз дину мазҳаб, қавму нажод ва ҳизбияту минтақа дар назди қонун баробар бошанд ва ҳама эҳсос кунанд, ки Тоҷикистон баробар ватани ҳама мебошад. Ҳеч қавме, гуруҳе ва ҳизбе назди қонун ва ҳукумат бартарият надорад. Инчунин, мо таҳкими сулҳу ваҳдат ва субботу амниятро аз масъалаҳои меҳварии барнома медонем, зеро, бидуни ин имкон надорад, ки барномаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар амалӣ гарданд. Агарчи, барномаи мо тамоми паҳлуҳои ҳаёти кишварро фаро гирифтааст, мо авлавиятро дар таҳкими ваҳдат ва суботи дохилӣ мебинем ва дар оянда ҳам болои ин масоил кори бештар хоҳем кард”.

ДАР ҲНИТ НАҚШИ ШАХСИЯТ АВВАЛИНДАРАҶА НЕСТ

Озодагон: Ба фаъолияти парлумони гузашта, ки яке аз намояндаҳояш будед, чӣ баҳо медиҳед?

Муҳиддин Кабирӣ: “Агарчи парлумони гузаштаро борҳо матбуот “парлумони хомуш” ном ниҳод, чандон хомуш набуд ва дар муқоиса бо парлумони қаблӣ баҳсҳои зинда бештар мешуданд. Пештар вакилон худ ташаббускори баҳсҳо ва муноқишаҳо мегаштанд, вале ин дафъа шояд бо далели камфаъолиятӣ ва беташаббусии худи вакилон, роҳбарияти парлумон бо амалҳо ва ҳатто бо забон ташвиқ мекарданд, ки фаъолтар бошанд, ки натиҷаи зиёд намедод. Фаъолияти парлумон муносиб ба фазои сиёсӣ ва вазъияти умумии кишвар буд, на кам, на беш”.

Озодагон: Оё нуфузи ҲНИТ ба шахсиятҳои алоҳида рабте дорад? Умуман, потенсиали ҲНИТ чӣ гуна аст?

Муҳиддин Кабирӣ: “Мо мехоҳем ё не, дар ҷомеаи мо шахсият дар фаъолияти ин ё он ҳизб нақш мебозад. Чун фарҳанги бисёрҳизбӣ акнун шакл мегирад ва бояд ин марҳаларо гузашт. Вале, ҳизби мо шояд яке аз ҳизбҳоест, ки нақши шахсият аввалиндараҷа нест, балки андеша ва идея нақши асосиро мебозад. Агар ин тавр намебуд, пас аз Устодон -- Нурӣ ва Ҳимматзода ҳизби мо ҳам мисли дигар аҳзоб, ки пас аз рафтани роҳбарон ё муассисонашон пароканда шуданд, дучори мушкил мегашт”.

БА УСТУВОРИВУ САБРИ АЪЗО ВА ТАРАФДОРОН АҲСАН МЕГӮЯМ

Озодагон: Дар ВАО оид ба фишору монеасозиҳо нисбати баъзе ҳизбҳои сиёсӣ зиёд мегӯянд. Инро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

Муҳиддин Кабирӣ: “Ба касе ин монеаҳо пӯшида нестанд ва рӯзҳои интихобот шиддат гирифтаанд. Мо инро як падидаи муваққатӣ медонем, ки хоси ҳамин давра аст ва бояд онро тоқат кард. Аз тарафи дигар, маҳз ҳамин ҳолатҳо як ҳизбро обутоб медиҳад, паҳлуҳои қудрат ва заъфи онро ошкор месозад. Кадом ҳизб ё нерӯи қавии сиёсӣ ин марҳалаҳоро нагузаштааст? Мо ин ҳамаро табиати роҳ медонем ва то ҳадде омода ҳам ҳастем. Инсофан, бояд эътироф кунем, ки ин миқдорашро мунтазир набудем, вале таҷрибаи фишорҳои қаблӣ кумак кард, ки ба фишорҳо оромона муносибат намоем.

Тарафдори он нестам, ки аъзо ва тарафдорони ҳизб аз фишорҳо шикояти зиёд кунанд, балки ҳамеша тавсия медиҳем, ки барои кам кардани онҳо талош кунанд ва устувор бимонанд дар мавқеашон. Бо истифода аз ин фурсат, ба устувориву сабри аъзо ва тарфдорони ҳизб аҳсан мегӯям, ки ҳатто, баъзеҳоро дар ҳайрат ва хашм ҳам овардааст, ки то кай ва чи қадар метавон тоқат кард? Ҳоло яке аз интиқодҳои сахт алайҳи мо ҳамин сабри мост, вале онро идома хоҳем дод”.

Озодагон: Кадом ҳизбро дар интихобот рақиби асосии худ ҳисоб мекунед?

Муҳиддин Кабирӣ: “Ҳама ҳизбҳоро! Набояд ягон ҳизбро нодида гирифт ва нописандӣ кард. Албатта, ҲХДТ нерӯ ва имконияти калони маъмуриву сохторӣ дорад, ки бартарияти онро нисбат ба дигар ҳизбҳои рақиб нишон медиҳад. Вале, гоҳо эҳсос мекунем, ки дар муқобили мо нерӯи қавитар аз як ё якчанд ҳизб рақобат мекунад. Ин аз як тараф хуб аст, чун рақибони қавӣ боиси қавӣ гаштани мо ҳам мегарданд. Аммо, агар рақобат солим, қонунӣ ва ҷавонмардона набошад, нобоварӣ ва беэътимодӣ ба қонун ва низоми бисёрҳизбиро ба вуҷуд меорад, ки таъсири манфиаш ба фазои умумии кишвар мерасад.

Худое накарда, агар мардум одат кунанд, ки дар сиёсат ҳама чиз равост ва метавон барои пирӯзӣ аз болои рақиб аз ҳама васоил истифода намуд, фарҳанги сиёсии носолим шакл мегирад, ки барои ояндаҳо хатарнок аст. Ба ғайр аз меъёрҳои навиштаи қонунии рақобати сиёсӣ, бояд марзҳо ва меъёрҳои фарҳангиву ахлоқии рақобат ҳам дар ҷомеа шакл бигирад, ки он бештар дар амали нерӯҳо ва сиесатмадорону масъулин падидор мешавад ва мардум ба он одат мекунанд. Агар мо ҳизбҳо ва номзадҳо имрӯз рақобати солим ва фарҳангӣ дошта бошем, маънии онро дорад, ки насли баъдии мо дар ҳамин руҳия тарбият меёбад. Ё баръакс, рақобати носолим бештар ба нафъи касоне мешавад, ки умуман ба интихоботҳо бовар надоранд ва зидди он ташвиқ ҳам мекунанд. Мо набояд ба онҳо далели бештар бидиҳем”.

УМЕДВОРЕМ ЗАРУРАТЕ БАРОИ ШИКОЯТУ ЭЪТИРОЗ НАМЕМОНАД

Озодагон: Агар интихобот воқеан шаффоф гузарад, ҳизби шумо ба чанд курсии вакилӣ дар парлумон умед мебандад?

Муҳиддин Кабирӣ: “Ҳадди ақал як фраксия хоҳем дошт. Инро мо дар асоси таҳлилҳо, назари коршиносон ва натиҷаи мулоқотҳову вохӯриҳо мегӯем. Доштани фраксияҳои гуногун, аз ҷумла, фраксияи як ҳизби оппозитсионии созанда ба нафъи кишвар ва худи парлумон мебошад. Ин баёнгари рушди мардумсолорӣ, бисёрҳизбӣ ва ҷомеаи озод мебошад. Инчунин, дар таҳкими ваҳдат ва суботи кишвар нақши муҳим дорад. Муҳимтар аз ҳама, дасти ифротгароён ва доираҳои муқобили интихоботу демократияро кутоҳ мекунад ва боиси паст шудани ақидаҳои тунди сиёсиву динӣ мегардад”.

Озодагон: Баҳои воқеии Шумо ба шаффофияти ҷараёни маъракаи пешазинтихоботӣ дар Тоҷикистон. Дар сурати мағлубият дар интихобот роҳбарияти ҳизб чӣ чора хоҳад андешид?

Муҳиддин Кабирӣ: “Агар аз рӯи воқеиятҳо суҳбат кунем, хеле душвор мегузарад ва шаффофияти раванд аз тарафи мақомоти маҳаллии ҳокимият таъмин нашуд. Ба хусус, фишор болои номзадҳои маҳаллӣ хеле зиёд буд, ки аз нисф бештар ночор аз рақобат даст кашиданд. Чун аксари онҳо бо мансабдорони маҳаллӣ вориди рақобат шуда буданд, фишори бештар доштанд. Агар тақаллуби густарда ва ошкоро сурат бигирад, мо аз тамоми василаҳои қонунии дифоъ аз раъйи тарафдорони худ истифода хоҳем кард. Аммо, умедворем, ки натиҷагирии интихобот дар муқоиса бо худи раванд беҳтар сурат мегирад ва зарурате барои шикояту эътироз намемонад”.

Озодагон: Орзуи Шумо ба рақибони сиёсии худ?

Муҳиддин Кабирӣ: “Пеш аз ҳама орзуи саломатӣ дорам. Сониян, орзу дорам, ки танҳо дар сиёсат мо рақиб бошем, дар ҳаёти оддӣ ҳама дӯст ва ҳамватан боқӣ бимонем, чуноне ки то имрӯз будем. Орзу дорам, касе дар симои мо душмани худ ё рақиби сарсахту оштинопазирро набинад, балки битавонем, тамоми мушкилоти ҷомеаро аз роҳи ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ ҳал намоем.

Озодагон: Саломат бошед!
Муҳиддин Кабирӣ: “Шумо ҳам тансиҳату сарбаланд бошед!”
Мӯҳр
Рафик Кабири як бор "Ракиб"-иатонро ба таври "Озод"-у "Шафоф" нишон дода будед, окибаташ чанги шахрванди сар заду Точикистони азизро ба ду махал таксим кардеду "Кулобихоро" кофир хондеду "Гармихоро" мусулмон гуфта чанги хунинеро ба миён овардед, ки чони хазорон хазорон чавононро аз барои манфиатхои шахсиятон шуда бурдед. Ягон бор аз мардум хам бахшиш хам пурсидед ??? Имруз тамоми давлатхои Осиёи миёна иктисодиёташон аз Точикстон баландтар аст, медони барои чи ??? Агар хамин манфиатхохи хамин хизби ба ном "Исломи" намебуд, имруз мо бар зидди Узбекистону Киргизистон ки сархадхои моро хоханд мекушоянду хоханд махкам мекунанд, гап зада метавонистем. бо мухочирон во мехуреду сабаби аксари мухочирони Точикро ба онхо намегуед??? Сабабаш иктисодиёти пасти мост. Иктисодиёти мо аз кадом хисоб паст аст?? Боз баргашта меоем ба хамин чанги шахрванди. Сабаб, омилхо ва максадхои сар задани чанги шахрванди. Дар пушти ин хама бадбахтихои ба сари мардуми точик омада ки меистад инро шумо рафик Кабири нагз медонед.

Бародар Кабири ! Орзу мекардам, ки суханонатон сидкан бошанд. Чунки бисёрхизби дар як давлати кучак хеч мушкилоти чомеаро куллан хал наменамояд ! Мисолашро дар давлати Афгонистон хамагон медонем ба чи оварда расонидааст .

Бисёр суханхои нарму дилангез. Аммо чаро чунин савол ба Кабири дода нашудааст: Шумо сарчашмаи нофахмихо дар чомеаи Точикистон шуда истодаед, барои чи????

Рости бади қироати суханҳои заифона ва алакай бохта шyдаи бародар Кабири хyдро дар ҳолати яъсy навмеди дарёфтам. Ақалан сyханаш дилгармкyнанда мебyд инсон каме ҳам бошад эҳсоси хyши мекард. Мавқеи наҳзат аз рузи ташкил шавиаш ҳаминхел калавидан бyдy бовар надоштан ба пирyзии комил. Фикр мекунам барои мавқеи yстyвор доштан аввал аз ҳама ақидаи комил доштан ба талимоти ислом ҳастy бадан рафторy кирдори хyдро мутобиқ бо ин талимот дар ҳаёти ҳарруза ба роҳ мондан аст. Мyтаасифона кирдори аксари раҳбарони наҳзат аз кирдори давлатмардони имрузаи мо фарқияте надорад. Мардyм аз сиёсатбози,хешyтаборбози, карyпсия, маҳалгарои, лаганбардори ба раҳбарон,фақрy нодори, ва зyлмy ситам хаста шyданд вале имруз мардyми оди дар кирдори ҳеҷ як ҳизбе наҷотдиҳандае намебинанд.

Уважаемый Кабири, лично я и моя семья и родственники будут голосовать за вашу партию так как без оппозиции в стране передвиги небудут. Больших успехов всем вам

Охоо ин фабрикаи чавоб хамаи гунохро ба гардани кабири задку иктисод паст аст хнит гунахгор 2 милион мухочир кабири гунахгор авлоди чаноб бизнеси одамора кашида мегирад сохибкоронро зиндон мекунанд хнит гунахкор дар тамомичо ришваситони кабири гунахгор. Барои бартараф кардани хисороти чанг хамаги сесол кифоя аст аммо шумо дар 23 сол хечнеки давлата пешбаред агар бисёр гирем 5 сол хисороти чангро бартарафкардед о дар 18 соли дигар чикоркардед ки инкадар мардум гулому дарбадару гуруснаву бечора аст? Туркия хамаги дар 11 сол аз чои 111 ум ба 16ум чой расид аммо мо хечнеки акалан аз гуломи бароем. Вакте аз призденти туркия пурсиданд шумо чикоркардед ки инкадар дар кутохмуддат пешрафтед онкас гуфтабуданд ман дузди намекунам. Пас худатон хулоса бароред барои чи инкадар касру дачаву тамоми чизро ин чанобони мо доранд аммо мардум гулом аст?

Хамватан,
Бале бародар хак тарафи туст, дар давлате, ки кариб 100% мусалмон аст, боз ин Хизби исломи ба ки даркор??? Гап танхо сари як чи меравад, вазифа, пулу молу мансаб вассалом. Чи хеле ки тачриба нишон дода буд, ки ин мансабхохи ба чи оварда расонида буд. Дар телевизионхои ТВ Россия Жириновскиро аз хизби ЛДПР тамошо мекунам, вай одам оппозитсионери ашадитарин зидди хукумати Россия мебошад, аммо вакте, ки ягон проблема сари хукумат меояд, дар катори давлатдорон истода бар зидди онхо баромад менамоянд, Амммо хизбхои сиёсии мо аз чумла ХНИТ баръакс аст, кушиш менамояд ки ягон камбуди ё ягон мушкилоти Хукуматро кофта ёфта обруи давлати Точикистонро дар арсаи байналмиллали резонад. Аз ин чи хулоса кардан мумкин аст, ки ХНИТ танхо расидан ба хадафхои сиёсии худ ба мисли ДИИШ-у ал-Коидаву Толибон зери парчами динни Ислом хадафхои худро пиёда сохта истодаанд

Зоиров
Посух ба Ахмад, Хамватан,Садриддин ва Фозила.
шабе бо хамсаратон хамхобаги карда натавонед, хам онро аз Кабириву Хизбаш ва Ислом бидонед, зеро инхо боис шуданд, то Шумо "Мухтарамон" ба ин хол гирифтор шудед.
Охир аз барои савоб ягбор чашм кушоед, хакикатро бинед, баъд андешаи худро баён созед. Дар чомепаи мо Шумобарин ракибони сохта ба миён омадандду сухан мегуянд ва сохибони минбаранд, дустони азиз майдони ракиби осон нест.
Ангела Меркел-конслери Олмон аъзо ва Раиси Хизби Хиристиании Германия мебошад, чаро вай хизби хиристиани доштааст, мешудааст аммо, дар мо не!!!!!!!!?????????????
Мардона бояд буд, то мардона бимирем!
ААААФФФФСССУУУССС!!!!ОООХХХХ!!!!
Озодагон фикри маро хам чоп кун, чаро чоп намесози андешахои маро????

Ба Ахмад, Хамватан,Садриддин ва Фозила!!!

Агар ба шумоён бигуянд, ки Точикистон дигар давлати истиклол нест ва ба ягон давлати дигар (Худо аз он руз нигох дорад!) тобеъ мешавад, ба фикрам 100% фикр нокарда чавобатон мусбат хохад шуд. Аз дастатон ягон кор намеояд ва хавасхам надоред. Чунин одамхоро пессимист меноманд. Чашмонатонро бикушоед! Таракки нест ва чомеъа акибмонда аст. Дар ин гунохи Рахмон нест, балки гунохи ману Шумо хаст. У президент мебошад ва аз хама беш танхо як шахс аст. Ва у хакки хато куниро дарад, чун ману Шумо! Барои он ки ба хатоги рох дода нашавад, новобаста аз он ки дар сари курсии президенти менишинад, бояд як институти фаъоли шахрванди ташкил кард ва ин номаш ПАРЛАМЕНТ! Ману Шумо абади нестем ва ин сарзамин бояд ояндаи худро дошта бошад. Хатархо на факат аз хорич мешаванд, балки аз дохил хам хастанд! Фаромуш накунед, ки мо Республика хастем ва хар яки мо дар назди конун хаки интихоб ва овози озодро дорем.

Мусаддик
Мусаламан окои Кабири хундро маъюс вонамуд кардааст!!! Аммо дар хусуси хизб чои таасуф аст, ки дар вокеият хизби мазкур дар огуштаи хун бунед ва ташаккул ёфтааст, ки инро касе пок карда наметавонад. Бо ин ибора гуфтани нестам, ки ХХДТ дар тули 20 тавонист шароити арзандаи зиндаги бунед кунад на чун бештар дар вартаи таасуби махал монанди хукумати 7 солаи Шимолиён мубтало шуд. Аммо Исломи сиёси низ афсус, ки хатар дорад(((((

Эй мардуми бепарво то дар мачлисхо дар бораи кабули конунхо бахсу кошокаши набошад пешрави дар Чумхури намешавад. Наход дар муддати 20 сол аз парлумони хоболуд безор нашуда бошен боз мегуед,ки бисёрхизби зарар дорад.Охир дилатон ба мардуми точик намесузад дар гариби гаштиянд хору зор, дилатон ба зани Точик намесузад,ки дар тамоми дунё танфуруши кардаистодаанд дар шахрхои;
Грузия,Асетия,Русия,Дубай,Турция,Аврупо,Хин
дустон,ана навбати Африко хаст касали СПИД то Чумхури то ба 3000 расидааст,Хулоса бароред.

Миллат,
(Агар ба шумоён бигуянд, ки Точикистон дигар давлати истиклол нест ва ба ягон давлати дигар тобеъ мешава, ба фикрам 100% фикр нокарда чавобатон мусбат хохад шуд.) Бародар ин ба фикрам фикрхои худат аст, ки ба забон меовари

Рустам
Озодагон мардум харчи чоп мекунанд хамонро чоп кун худат тагир нате Мухидин Кабири то вахте ки аз Пушти Хумаини гап мезаниву почои Одилаш метароши мо ахли сунат шуморо хамчун Рофизи мешиносем вахте тавба куни мо бародар мешем бо шумо.

асланшох
ман ин посуххои шуморо хонда бисёр гамгин мешавам.медонед барои чи барои он,ки масълалагузори карданро кай ёд мегирифта бошем. факат ба эхсосот ва тахкири якдигар кор дорем э хавтанхо биёед мо аввал аз худ пурсем мо худ чикор кардем барои ин ватан. баъзехо на хамма ба россия рафта зану кудак падару модарашро фаромуш мекунад агар мо ин маблагхоро,ки аз ончо меоранд хар як оилаи точикистони дар тули солхои пеш самаранок истифода дар оила мекардем бизнеси майда кишту кор ва дигар корхо озод аст ку вале мо пул ёфтем тамом (китоб нест хондан чидар кор кор намеёбем гуфта фикри носолим меронем) мошин мехарем савод набошад хамма кормона осонак мехохем бо пул хал кунем. баъд пул ки тамом шид Давлат гунахгор илтимос маро дуруст фахмед. бародаро холо давлати мо чавон мисли баъзеи Шумо ояндаи нек албата хаммаи моро интизор аст.худо нигахдоратон.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)