Бахшҳо

“Сихкабоби хуҷандӣ” маҳалгароӣ нест, балки бренд аст

Иршод СУЛАЙМОНӢ

Баҳсҳои марбут ба забон ва забоншиносӣ дар Тоҷикистон ҳамеша як мавзӯи доғ ҳам дар расонаҳо ва ҳам дар ҷомеи фикриву донишгоҳӣ мебошад. Албатта сароғози ин баҳс бармегардад ба ғасби Осиёи Миёна аз ҷониби Русия ва ташкили ҳукумати Шӯравӣ дар ин минтақа. Аз соли 1920 ба баъд масъалаи забони мо дар Осиёи Миёна аз баҳси илмӣ ба масъала ва баҳси сиёсӣ табдил шуд. Аз унвони забон гирифта то масъалаҳои вожасозиву қавоиди дигари дастуриву сарфу наҳвӣ ҳамеша як баҳси сатҳи миллӣ буд. Дар неҳзати миллигароӣ ва ҳаракати рушанфикрии поёни солҳои 80-ум ва оғози солҳои 90-уми асри гузашта масъалаи забон баҳси меҳварӣ буд ва ҳатто мардумро ба нишондани забон ба ҷойгоҳи худаш ба майдон кашид. Ин кор ба ҳадде ҷиддӣ гирифта шуд, ки Тоҷикистон аз ҷумлаи аввалин кишварҳои Шӯравии собиқ буд, ки ба қабули қонун забон (дар 22-юми июли соли 1989) даст ёфт. Ҳамаи ин натиҷаи сиёсати истеъмории ҳукумати идеологии Шуравӣ буд, ки баданаи нозуки забони моро ҷираҳдор кард ва то ҳол ин бадан хуншор асту захмҳои сиёсиаш ба табобат ниёз дорад. Бар асари ин сиёсати истеъморӣ руҳи бузурги миллӣ ва худшиносии мо садама дид ва то кунун мағзи миллат аз асароти ин садама ранҷ мебарад. Аммо баҳси мо ин нест.

“Сихкабоби хуҷандӣ” маҳалгароӣ нест, балки бренд астБаҳси мо бар пояи як изҳороти раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонум Гавҳар Шарофзода мебошад, ки дар нишасти хабарии ниҳодашон дар 28-уми январи соли равон гуфта буданд: “Шиору овезаҳои хӯрокҳо бо номи маҳал, масалан, сихкабоби хуҷандӣ, оши... ва ё дигар намуди шиору овезаҳо аз ин қабил хеле зиёданд, махсусан дар минтақаи Калхози Россия”.

Хонум Шарофзода чунин шеваи номгузориро “маҳалчигӣ” унвон карда ва гуфта буд, ки "бо раисони чор ноҳияи пойтахт гуфтугӯ карда ва ваъда гирифтаанд, дар наздиктарин фурсат чунин шиору овезаҳоро аз пойтахт тоза хоҳанд кард”.

Ин изҳороти раиси Кумитаи забон на ин ки аз ҷониби забоншиносон ва хонандагони расонҳо истиқбол нашуд, балки ба вокуниши шадиди расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ мувоҷеҳ шуд. Ислоҳи номи хӯрок аз назари забон ва ё забоншиносӣ ё ба қонунмандиҳо ва сохтори овоии забони мо мутобиқ кардани истилоҳоти хориҷӣ кори Кумитаи забон мебошад ва дуруст аст. Дақиқан кореро, ки ин Кумита дар ростои “пицца” бо пешниҳоди “питзо” кард ва дуруст буд.

Маҳалгароӣ як падидаи бисёр манфӣ ва манфур аст. Ин падидаро ҳама бояд маҳкум кунанд, вале гузоштани номи хӯрок ба ин ё он маҳал ҳеч гоҳ маҳалгароӣ нест. Ин падида як таҷрибаи бисёр собиқадор ва суннати дерина дар тамоми олам аст ва изҳороти хонум Шарофзода нодида гирифтани ҳамин таҷриба мебошад ва баҳси забоншиносӣ низ несту ба фаъолияти Кумита рабте надорад. Инро дар таҷрибаи бозаргонӣ бренд мегӯянд, ки дар форсӣ номи туҷҷорӣ гуфта мешавад ва дар асноди расмии Тоҷикистон “тамғаи тиҷоратӣ” унвон дорад. Номи туҷҷорӣ аз ҳувият ва хусусиятҳои мунҳасир ба фард бархӯрдор аст ва ғолибан аз номи ширкат ва ё коло ва ё хусусиёти дигаре, ки ҳамон мол ё ҳар василаи дигаре барои фурӯшро муаррифӣ ва реклом мекунад. Хӯрокҳоро “сихкабоби хуҷандӣ”, “самбусаи Самарқанд” ва ё “палави Панҷакент”-у “қурутоби кӯлобӣ” ном гузоштан на ифодакунандаи рӯҳи маҳалгароӣ доштани соҳибони ин ошхонаву тарабхонаҳост, балки бо шеваи хоси ҳамон маҳал омода шудани ғизоро дар назар дорад, ки ғолибан тафовути чашмгире аз ғизоҳои ҳамноми маҳалҳои дигар дорад ва ё лазизтар аст.

“Сихкабоби хуҷандӣ” маҳалгароӣ нест, балки бренд астИн ки оши палавро дар Истаравшан дигару дар Хуҷанд бо шеваи дигару дар Самарқанд бо ҷузъиёти дигар мепазанд ҳам ба хонум Шарофзода ва ба ҳар тоҷики дигар маълум аст. Ё сихкабоб. Сихкабоби хуҷандӣ маҳалгароӣ нест, балки бренд аст ва имрӯз дар хӯрокпазиҳои Душанбе харидори зиёд ҳам дорад. Мисли ҳамин, ҳар хӯрдании дигар, ки дар маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон бо шеваи пухта мешаваду маъруфияти чашмрасе дар сатҳи кишвар дорад. Барои намуна дар як тарабхонаи итолиёӣ дар Маскав, соли 2009 банда дар таъомнома (меню) хонда будам: “Грудинка баранья по-флорентийски, Отбивная из телятины по-милански, Шницель по-тоскански, Клецки по-венециански, Филе миньон по-неаполитански, Медальоны телячьи по-милански, Стерлядь с фльоранси, Тосканский фасолевый суп...”.

Дар навиштаҷоти дуруст ҷустани маҳалгароӣ баҳси марбути забон нест. Саъдӣ Маҳдӣ, устоди забоншиноси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳам мегӯяд, ки ин шакли номгузорӣ ҳеч гоҳ ба маънои маҳалгароӣ нест: “Ростӣ, мо мегӯем, ки дӯст доштани Ватан аз зодгоҳ сар мешаваду лекин номи зодгоҳро, ки гирифтем, ҷурми маҳалгарои-ш мезанем. Баъзеҳо ҳатто ба номҳои Ҷалолиддини Балхиву, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ ва Искандари Хатлонӣ ҳам зид мебароянд, ки гӯё маҳалгароӣ бошад. Масалан дар Бойсун отала ё атола-ро номаш кӯлобӣ аст. Сихкабоби хуҷандӣ ё қурутоби кӯлобӣ низ аз ҳамин қабил аст. Дар Эрон рафтем, баъд лаззати нони тоҷикиро, ки асосаш нони Самарқандӣ аст, фаҳмидем. Ман фикр мекунам, ки ҳунар, санъат, шеър ва варзиш агар ба номи маҳал ишорат шавад, андешаи мусбат дорад, на маҳалгароӣ. Дар байни халқи аввом маҳалгароӣ нест. Маҳалгароӣ ҳамон вақт пайдо мешавад, ки шахсеро ба хотири маҳаллаш аз ҳунарманде, ки арзандааст, боло гузорӣ ё вазифа диҳӣ”.

Ислоҳи номи нодурусти таъомҳо, ки марбути Кумитаи забон мешавад чизи дигар аст, масалан "қуянбирён"-и ошхонаи назди бинои Ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур ва ё гузоштани унвони “Ошхонаи миллӣ” ба ҳар ошхонаҳои дувуму сеюмдараҷа дар Душанбе (дар асл тарҷумаи нодуруст ва гартабардории “национальная кухня”-и русӣ, ки дурустараш таъомҳои миллист). Ошхонаи миллӣ, агар хӯрданиҳои як миллат, фарзи мисол, тоҷик мавриди назар бошад бояд он ҷо танҳо ва танҳо хӯрокҳои марбути миллати тоҷик пухта ва фурӯхта шавад. Аммо дар Душанбе одатан хӯрокпазиҳое “Ошхонаи миллӣ” номгузорӣ мешаванд, ки хурданиҳои ғайритоҷикӣ низ доранду аз диди тозагиву покиву тамизӣ чандон мақбул нестанд.

“Сихкабоби хуҷандӣ” маҳалгароӣ нест, балки бренд астНависанда ва забоншиноси варзида Қодири Рустам бар ин назар аст, ки “гумон намекунам, номҳое чун "сихкабоби хуҷандӣ...." ва ... эҳсоси маҳаллгароиро бармеангехта бошанд. "Сихкабоби хуҷандӣ", самбӯсаи Самарқанд", "палави Панҷакент" ва ғайра ба навъе рекламаи навъи ғизоест, ки дар ин ошхона ва ё қаҳвахона пухта мешавад. Албатта, исми Хуҷанд ва ё Самарқанд дар бархе аз ин ошхонаҳо дурӯғ аст ва танҳо барои ҷалби муштариён насб шуда. Вале, ин масъалаи дигар аст, ки иртиботе бо фаъолияти Кумитаи забон надорад”.

Ба назари Қодири Рустам, “бо чунин муносибат Кумитаи забон метавонад ба номҳои Фарзонаи Хуҷандӣ, Салими Хатлонӣ, Салими Зарафшонфар, Аъзамшоҳи Ширговадӣ ва ғайра низ эрод бигирад ва онҳоро ба барангехтани эҳсоси маҳалгароӣ муттаҳам бикунад. Албатта, мо ҳамагон бояд бо падидаи зишти маҳалгароӣ мубориза бибарем, вале Кумитаи забон ин зиштиро на дар ҷойе, ки мебояд ҷустааст”.

Бештари забоншиносон ҳам бар ин ақидаанд, ки дар баробари ин ки баҳс ба масоили забон рабт надораду нодуруст ҳам нест, кори Кумитаи забон нест ва Кумитаи забон барои покиза кардани забон бештар кор кунад. “Кумитаи забон дар заминаи ислоҳ кардани номи муассисаҳо, корхонаҳо, ресторанҳо ва фурушгоҳҳо ва овезаю огаҳиҳои хиёбонҳои шаҳрҳои кори зиёд дорад, ки бояд ба ин корҳо машғул бишавад. Кумитаи забон, ки тавонист огаҳии аблаҳонаи "Любой ҷо"-и ширкати "Билайн"-ро аз хиёбонҳои пойтахт барчинад, ҳамчунин қудрате дорад, ки навиштаҳои серушумор ва таҳкиромезеро амсоли "Мо кушода шудем" мамнуъ эълом бикунад ва исмҳое бемантиқеро чун “Корхонаи воҳиди давлатии обу корези Душанбе" (чун канализатсия ба забони тоҷикӣ ба ҳеч рӯй наметавонад "корез" тарҷума бишавад), дигар кунад, барои эҷоди истилоҳоти илмии тоҷикӣ талош бикунад. Мубориза бо "сихкабоби хуҷандӣ" кори беҳуда асту бас, на забони моро беҳтар мекунад, на ба дарди мардум мехӯрад.

Забоншиносон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки аксаран коршиносони соҳаи забон мебошанд, ин иқдоми Кумитаи забонро кори беҳуда хонда, нуқтназарашон ин аст, ки агар Кумита мехоҳад дар поккории ному ҷойномҳо саҳм бигирад, беҳтар аст, ки прокурору суду милисаву адвокатро ба додситону, додгоҳу, шаҳрбону додрас тағйир бидиҳад. Ё номи корхонаву ниҳодҳои чӣ давлатӣ ва чӣ ҷамъиятиро ба забони модарӣ баргардон бикунад. Ё истилоҳоти соҳаи ҳуқуқу коргузориро ба забони меъёр мувофиқ бигардонад.

Кумитаи забон ниҳоде бошад, ки гузиниши истилоҳ ва муҷоз донистани он бояд салоҳияти истисноии он бошад, ки тавонад ин сардаргумро барҳам занад. Кореро ки Фарҳангистони забону адаби форсӣ дар Эрон мекунад ё рисолатеро, ки Кумитаи истилоҳоти Академияи улум ба дӯш гирифта буду чандон иҷро намекард. Мо аз муаллимаи муҳтарам Гавҳар Шарофзода ин ин умедвориро дорем.

АЗ ИДОРА: Баҳси номгузории анвои ғизо ба номи ин ё он маҳал дар торнамои Хабаргузории Озодагон ҳам ба вокунишҳои зиёд рӯбарӯ шуд, ки онро бо нохун задан рӯи ин нишонӣ мутолиа намоед:

Вокунишҳои хонандаҳо ба навиштаҷоти “сихкабобу оши хуҷандӣ”
Мӯҳр
Муслим
Ассалому алайкум
Дар он шароите,ки мо карор дорем ва он афкори ичтимоию менталитете ки,алон дорем ин раванд яъне ба номи махал гузоштани номи ошхонахо ангезаи махалгароиро зиёд хам накунад ба хар хол дар мавкеъаш нигохаш медорад.
Дар вучуди мо аз профессор сар карда то як дехкони оди ва аз рохбарони аввали давлат саркарда то коргари катори падидаи махалгарои шакл гирифтааст. Мо бояд хама якдилона бегаразона ва ба хотири ояндаи нек махалгароиро ба миллатдусти иваз намоем ва ба якдигар бовари кунем.

диетолог
Офарин Иршодчон, бехтарин гуфти, зинда бод акли солим, ин раису раисахо сихкабоби хучандиро печонда ду лунча мезананду боз ба чои шукрона окраскаи сиёси медиханд, аслан бояд, ки ба инхо ахамият додан даркор не.

махалнагаро
рост гуфти, дигар кор надоред, ки дар хунару дастпухтхои мардуми ангезаи махалгарои мечуед?

"Пойафзолдузи бепойафзол" - ро мондед устод. Ибораи "Маъруфияти чашмрасе" чи маъно дорад? Оё мешавад Маъруфияти чашмнорас бошад? Харчи маъруфро ном гиред алакай дар пеши чашм чизе зохир мешавад. Гайр аз ин, вожаи МАЪРУФИЯТ дар з. точики мавчуд нест.

хучанди
Дуруст аммо на Би ин дарача кидар Душанбе туалете намонд ки болон сихкабоби хучанди нанавишта бошанд.охир то индарача хам не дия!!

Хонум Шарофзода дигар коре надоранд ,ба гайр аз ному насаби мансабдорон,номи корхонаву магоза.... Дар Точикистон забони ягонаи адабй вучуд дорад?НЕ!!! "ХАНДИНКАМОН"и хучандро дар Кулоб харидорй мекунанд?"ГАРИБШОРО" дар Хучанд чй? Забони театрхо лахчавй шудаст,хар як мачалла забони худро дорад... Ана ба Шумо "фронт"и кор.Дукону корхона гашта пул кандан осонтару форамтар-да?!

Шахрванд
Мухтарам муаллиф, вокеан номгузории таом вобаста ба хусусиятхои тайёркунии он дар махалхо як амри вокеист, лекин масъала сари номгузории чунин ошхонаву дигар чойхои хурокпази рафта истодааст. Худи Шумо кайд намуда истодаед, ки дар як тарабхонаи итолиёви дар Маскав дар таомнома оиди намудхои хурокхои махалхои гуногун хондаед. Вокеан дар таомнома навиштани сихкабоби Хучанди, оши палави Самарканди ---- ва г.х. амри вокеист, лекин гузоштани номи ошхона бо ин номхо ба андешеи ман он кадар кобили кабул нест, ва хонум Шарофзода хакканд.

рутон крут шумоворе журналистакои навбаромада биеен агане итари мекунем
сихкабоби кулоби
сихкабоби помири
сихкабоби курготетаги
сихкабоби ра
о аз инда сихкабоби точики е узбаки гуе намеша

Фаридун
Дар тролейбусхои шахри Душанбе, ки асосан дар маркази пойтахт хизматрасони мекунанд дар зери оинахо шиорхои калон калон навишта шудааст. Бо диккат хонад ба чои вазифаи мост "вазафаи мост" навишта шудааст. Ачоиб харруз дар пеши назарамон мегузарад, чандин сол аст, ки ислох намекунанд.

Пас аз ин мебояд номи гусфанди хисори ва аспи хатлониро низ ислох кард.

Кумитаи номбурда кай кори худашро дурусту ба сомон ичро карда буд, ки имруз боз онро такрор кунад? Хуб мебуд агар кормандони онро пеш карда худи кумитаро ба хотири он ки таъиноти функсионалиашро ичро карда наметавонад, махкам кунанд. Ба ки даркор ин гуна кумита? Ягон фоида дорад, ки эхсос карда шавад? Агар ба кормандони кумита аз андозе ки аз маоши ман мегиранд, маблаг диханд, ба он рози нестам! Андози месупоридаи шахрвандонро ба кори сихату халол сарф кунед!

Сангак
Пешниҳод мекунам, ки памидор минбаъд дар шакли тоҷикӣ - помадр навишта шавад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)