Бахшҳо

"Tamoshow Music Awards": Салавоти Фарзона, ҷоизаи Нигина ва насиҳати Ҷӯрабек Муродов

“Таронаборон”-и Меҳринигори Рустам сербинандатарин навор дар шабакаи интернетии "Tamoshow” эътироф шуд.

НИМ МИЛЛИОН БОЗДИД

Дар расми муаррифии клип ва навори таронаҳои сербинандаи хонандаҳои тоҷик дар соли 2014, ки шоми имрӯз, 22 феврал дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, эълон гардид, “Таронаборон”-и Меҳринигори Рустам беш аз ним миллион маротиба тамошо шудааст. Ин маросим "Tamoshow Music Awards" ё Ҷоизаи мусиқии Tamoshow ном дошт. Дар он танҳо клипҳое муаррифӣ шуданд, ки давоми 12 моҳи соли 2014 дар шабакаи интернетии Tamoshow беш аз 50 ҳазор боздид доранд. Ба ин тариқ навори “Таронаборон” бо 501384 боздид сербинандатарин унвон шуд.

ДУ ҶОИЗАИ ФАРЗОНАИ ХУРШЕД ВА ТАРОНАИ “БАР МУҲАММАД САЛАВОТ”-И Ӯ

Фарзонаи Хуршед барои ду клипаш ҷоизаи "Tamoshow Music Awards"-ро ба даст овард. Клипи “Ашк”-и 137934 ва “Ёрам”, ки бо хоҳараш – Шабнам иҷро кардааст, 218741 боздид доштаанд. Шабнам дар ин маросим иштирок надошт, аммо Фарзона таронаи нави худ бо номи “Бар Муҳаммад салавот”-ро иҷро кард. Баъди анҷоми суруд гуфт, дар ҳар маҳфиле, ки ба паёмбар – Муҳаммад (с) салавот фиристода нашавад, он маҳфил маъно надорад.

ТАРОНАИ РУСИИ ВАЛИҶОН ВА МАВРИГИИ НИГИНАВУ ДАМИРБЕК

Клипи таронаи "Мавригӣ" ё “Кабутар”-и Дамирбек Олимову Нигина Амонқулова ҳам беҷоиза намонд. Эълон шуд, онро 467544 маротиба тамошо кардаанд. Инчунин, клипи “Дар оғӯши ту”-и Нигина бо 402021 боздид соҳибҷоиза шуд. Нигина дар маросими ҷоизасупорӣ ҳузур надошт. Як бонуи дигар, ҳам ки эълон шуд, клипаш ҷоиза гирифтааст, дар "Tamoshow Music Awards" набуд: Нозияи Кароматулло, ки гуфта шуд, “Ман акнун” 80143 тамошобин дорад. Валиҷон бо шарофати 84447 боздиди клипи таронаи русии “Ангел мой” ба ин маросим омад.

ҶОИЗАДОРОНИ ДИГАР...

Аниса (клипи “Чӣ кунам”, боздид 63929), Фарангис (Лабонат қанд, 51268), Суруш Холов (Азизи дида, 51527), хоҳараш - Нигора Холова (Бе ту, 73821), Шаҳроми Абубакр (Ҳамин ишқ аст, 50401), Фаридуни Хуршед (Ғами дил, 318710), Баҳроми Ғафурӣ (Нару, 66726), Зулайхо (Сартарошон, 316315), Ҷонибек Муродов (Шодамонеҳ, 79437), Зайнура Пулодова (Даф бизанем, 72320)...

ТАХФИФ БАРОИ ХАРИДИ ХОНА БА ҶӮРАБЕК МУРОДОВ, СУРАЙЁ ҚОСИМОВА ВА...

Дар баробари ин дар маросими ҷоизасупории "Tamoshow” хонандаҳои саршиносе монанди Ҷӯрабек Муродов ва Сурайё Қосимова ҳузур дошта ва бо ҷоизаҳои махсус – Чеҳраи мондагор, қадр шуданд. Инчунин, яке аз сарпарастони ҷоиза, ширкати Диёри Қатар ба онҳо барои хариди манзил тахфиф пешниҳод намуд. Аз чунин тахфиф Фарзонаи Хуршед ва Валиҷон Азизов низ бархӯрдор шуданд.

Ҷӯрабек Муродов, ки маросими ҷоизасупорӣ бо таронаи "Ало шодоб соҳилҳо"-и ӯву Ҷонибеку Валиҷон анҷом ёфт, аснои суханронӣ аз баргузории чунин маросимҳои истиқбол намуда, изҳор дошт, дастгирии овозхонҳо ба рушд ва ташаккули онҳо кумак мерасонад: "Эҷодкорон бисёр нозук мешаванд. Вақте сари як сарояндаро бо меҳр сила кардед, пайваста пайи эҷод мешавад. Аммо вақте танқид шунид зуд дилмонда мегардад".

"TAMOSHOW MUSIC AWARDS"

Ин нахустин маросими ҷоизасупории шабакаи интернетии "Tamoshow” буд. Ба иддаи созмондиҳандагонаш он ба таври тавассути ширкати телевизиони PMC, радиоҳои “Азия Плюс”, “Ховар” ва “Диёр ФМ” мустақим пахш шудааст. Продюсери тоҷик – Беҳрӯз Зеваров мегӯяд, онҳо қасд доранд, ҷоизаро ҳамасола баргузор намоянд.
Мӯҳр
чинди
Ягон нафараш на овози хуб дорад на суруди бамаъни!!!
Ин фарзона 180 дарача тоб хурдааст-ку.

Zarafshoni
Хитоб ба хохарон Шабнаму Фарзона!!! Илтиомос номи поки исломро бо ин рафтори руякиатон ки гуё ба ислом руй овардед ва хочи шудед бад насозед. Рафтору кирдоре ки шумо барои пул шуда дар туйу маъракахои шахсони хукумати мекунед дар чахорчубаи Ислом рост намеояд.

Саидшо
Ин маҳфилҳое, ки анҷом медиҳанд аслан ягонташ маъно надорад. Боз гуфтанӣ ҳастӣ, ки дар онҷо салавот фиристӣ маҳфилат маънодор мешавад?
Саловот дар ҷое фиристода мешвад, ки дар онҷо сухан аз Худо ва Расулаш гуфта шавад.
Мисли ашхосе, ки аз Худо наметарсанд, (Намоз намехонанд, рӯза намегиранд, закот намедиҳанд, ҳиҷобро риоя намекунанд ва ғайраҳо) бар зидди амрҳои Худо амал мекунанд, вале аз онҳо пурсанд, ки аз Худо метарсӣ мегуянд БАЛЕ пас дар ҳақиқат аз Худо битарсӣ бояд аввалиндараҷа бар амрҳои Худо амал намои. Ин аст тарсидан аз Худо!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)