Бахшҳо

ВИДЕО: “Ҳамнишинӣ”-и бабрҳои нодири барфӣ дар Рӯзи ошиқон дар Дарвоз

Сомонаи National Geographic навори нодири “ҳамнишинӣ”-и бабрҳои барфии камёфтро нашр намудааст, ки аз ҷониби пажуҳишгарони тоҷик 13-уми феврали соли равон, дар арафаи Рӯзи ошиқон дар Тоҷикистон сабт гардидааст.

Татяна Розен Мичел, хатмкардаи донишгоҳи Ҳарвард ва чанд донишгоҳи дигари бонуфузи ҷаҳон, ки ба омӯзиши масоили олами вуҳуш машғул аст, бо пешниҳоди ин навор аз беҳтар шудани шароити зист дар Тоҷикистон барои бабрҳои нодири барфӣ тавсиф кардааст.

Ӯ мегӯяд, соли 2015, ки соли ҷаҳонии ҳифзи бабрҳои барфӣ эълон шудаст, дар ин ҷода як соли бабарор хоҳад буд ва зикр кардааст, ки дар арафи Рӯзи ошиқон, 13-уми феврал дар минтақаи Дарвоз пажуҳишгарони тоҷик боз ду бабри барфиро ба навор гирифтаанд, ки хеле нодир мебошад. Ба навиштаи Татяна Розен Мичел талоши мақомоти Тоҷикистон барои ҳифз ва зиёд кардани саршумори пармашохҳо низ метавонад, барои зиёд шудани саршумори бабрҳои барфӣ мусоидат намоянд. Ӯ таъкид намудааст, ки ҳадафашон дар Тоҷикистон моил кардани аҳолӣ барои ҳифзи олами вуҳуш, аз ҷумла бабрҳои барфӣ аст, ки ҳанӯз ҳам шикори ғайриқонунии онҳо аз ҷониби қочоқчиён идома дорад.

Ин олими ҷаҳонӣ бо такя ба навори пажуҳишгарони тоҷик, ки дар минтақаи Дарвоз сабт шудааст, таъкид мекунад, ки феълан мавсими бордоршавии бабрҳои барфӣ идома дорад: “Мавсими бордоршавии бабрҳо моҳи январ оғоз шуда, то миёнаҳои моҳи март идома меёбад. Дар ин мавсим бабрҳои модинаю нарина якҷоя мегарданд ва пас аз бордоршавӣ ҳар як онҳо боз ҳаёти алоҳидаи худро пеш хоҳанд гирифт. Бабри модина баъди 93-110 рӯзи бордоршавӣ, моҳҳои июн-июл таваллуд мекунад ва одатан фарзандонашро дар ғорҳои хеле бехатар ҷой мекунад”.

Дар ҳоле, ки навори бабрҳои барфӣ ҳатто дар алоҳидагӣ хеле кам аст, "National Geographic" видеои “ҳамнишинӣ”-и онҳоро дар Дарвоз нашр кардааст:


Мӯҳр
щ
Шарт аст боз аз рузи ошикон ном гирифтан? Мо мардуми точик ин гуна ид надорем.

хайвони хеле зебо, уро бояд эхтиет кард.

Мегум хами бабрхои барфини нодир тирамохи соли 2014
хела бузу гови мардуми Дарвоз хурданд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)