Бахшҳо
27 сен 2011 03:58Хабарҳои ҷаҳон

Кудрин ба истеъфо рафт, Путин ҳанӯз хомӯш аст

Дмитрий Медведев, президенти Русия ахиран истеъфои ноиби нахуствазири ин кишвар, ҳамзамон вазири молияи Русия Алексей Кудринро пазируфт.


Бино ба иттиллои дафтари матбуотии райисҷумҳури ФР сабаби аслии истеъфои ӯ ихтилофи назараш бо Медведев аст, ки пас аз ҷойиивазкунии Путину Медведев дар ҳукумати оянда кор кардан нахостааст. Ин нуктаро Кудрин зимни як суоли рӯзноманигор дар Вашингтони Амрико иброз доштааст. Зимнан, Дмитрий Медведев аз изҳороти вазир нороҳат шуда гуфтааст, ки ҳар нафаре, к ибо ҳукумат ва президенти Русия ихтилофи назар дораду кор кардан намехоҳад, метавонад бо ариза муроҷиат карда, курсиро холӣ кунад. Ман ҳамчун президенти Русия ҳақ дорам, то 7-уми майи соли 2013 пеши роҳи гапҳои бемасъулиятонаро бигирам.

Расонаҳои хабарии Русия менависанд, Алексей Кудрин дар шарҳи изҳороташ афзудааст, афзоиши харҷи низомӣ, ки президент дар пеш гирифтааст, ба вазъи молиявии кишвар хатар дорад. Кудрин, ки аз соли 2000-ум ба ин сӯ вазири молияи Русия аст, дар ин ришта як муҳофизакор дониста мешавад ва тавонистааст, даромади кишвар аз нафтро ба самте равона кунад, ки таъсири бӯҳрони ҷаҳонӣ ба Русия нармтар шавад.Вай ҳамчунин гуфтааст, ки сари чанд масъалаи муҳим бо Медведев ихтилофи назар дорад.  
Тибқи қавонини роиҷ дар Русия президенти ин кишвар наметавонад, бо қарори худ ноиби сарвазир ва ё вазири ҳукуматро ба истеъфо фиристад, чаро ки барои ин розигии нахуствазир зарур аст. Ҳамин тавр, изҳороти дугонаи «Путин-Медведев» дар анҷумани ахири ҳизби «Русияи Воҳид» (Единая Россия) бӯхрони ҷиддиро дар ҳукумати Маскав ба вуҷуд оварда, блоки иқтисодии ин кишвар як барномасози воқеиро аз даст дод. То ин соат вокуниши Владимир Путин дар ин маврид садо надодааст.   {jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)