Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 03:04

Хатти 220 киловолтаи интиқоли нерӯи барқи Хуҷанд-Айнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

27 сентябр 2011, 04:11

Райисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои ба кор даровардани як нерўгоҳи хурд ва хатти 220-киловолтаи Хуҷанд-Айнӣ бо зеристгоҳи муҷаҳҳази Айнӣ ва шиносоӣ бо вазъи кору зиндагии мардум ба вилояти Суғд сафар кард.


Тибқи иттилои хадамоти матбуотии президент боздиди кории ӯ аз деҳаи Марзичи ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ оғоз ёфт. Дар ин ҷо Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ ва пахши тугма нерўгоҳи Марзичро, ки иқтидори 4300 киловатт/соат мебошад мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.Тавре зикр гардид, ин нерўгоҳ бо харҷи 4 миллион доллари амрикоӣ аз маблағгузории муштараки ширкати «Барқи Тоҷик» ва Бонки исломии рушд дар муддати кўтоҳ, вале бо сифати баланд сохта ва омодаи кор гаштааст.Барои кори бемонеа ва якмароми  нерўгоҳ ҳамагӣ 3,5 метри мукааб об лозим будааст, аз ин хотир бо назардошти серобии рўди Зарафшон ин нерўгоҳ метавонад тобистону зимистон бо иқтидори лоиҳавиаш кор кунад.

Зимнан, дар рустои Искодари ноҳияи Айнӣ бо иштироки райисҷумҳур зеристгоҳи 220-киловолтаи Айнӣ ва хатти 220 киловолтаи интиқоли нерўи барқи Хуҷанд-Айнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.Тавре зикр гардид, бунёди ин зеристгоҳ ва ба масофаи 83 км кашидани хатти 220 киловолтаи Хўҷанд - Айнӣ моҳи июли соли 2010 бо иштироки   Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфта буд ва имрўз 5 моҳ пеш аз мўҳлат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, бо вуҷуди он, ки қисмати зиёди хат аз болои қаторкўҳҳои баланди ҳамеша барфпўш мегузарад. Кунун мардуми ноҳияҳои водии Зарафшон – Кўҳистони Мастчоҳ, Айнӣ ва Панҷакент пурра бо нерўи барқи истеҳсоли ватанӣ таъмин мегарданд.Тавре иттилоъ дода шуд, ин зеристгоҳ ва хатти 220 киловолтаи Хўҷанд Айнӣ бо харҷи 37 миллион доллари амрикоӣ бо истифода аз техникаю технологияи навтарини ҷаҳонӣ бунёд ёфтааст. Аз деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ президенти кишвар ба деҳаи дурдасти Роғи ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ, ки 80 км аз маркази ноҳия дур қарор дорад, ташриф оварда, бо кори намунавии картошкапарварони он наздик шинос шуд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!