Бахшҳо

(САДО) “Милоди ман” ва “Борони шишаҳо”-и Орзу Исоев дар оҳанги Ҳабиб Ҳакимов

Ҳабиб Ҳакимов, овозхони гуруҳи “Фарзин” ду таронаи нави худро нашр кардааст.

Ин таронаҳо “Милоди ман” ва “Борони шишаҳо” ном дошта, матни ҳардуи он ба таронанависи тоҷик – Орзу Исоев таалуқ дорад. Ҳабиб Ҳакимов ба “Озодагон” гуфт, оҳанги ин сурудҳоро худаш эҷод кардааст: "Оҳанги суруди “Милоди ман”-ро ҳанӯз замоне ки дар Русия зиндагӣ мекардам, навишта будам, аммо чанд рӯз қабл он дар студия сабт гардид”.

Таронаи "Борони шишаҳо"



Ҳабиб Ҳакимов мегӯяд, барои клип бардоштан ба таронаи “Борони шишаҳо” бо студияи “Hyseiniyon production” тавофуқ кардаанд ва рӯзҳои наздик ба наворгирии он оғоз мешавад.

Таронаи "Милоди ман"



Ҳабиб Ҳакимов соли 1972 дар Душанбе ба дунё омада, соли 1994 Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ яке аз муассисони гуруҳи овозадори “Фарзин” мебошад, ки соли 1999 таъсис шуда, бо таронаҳои ғайриоддияш маъруфият касб кард. Аммо ин гуруҳ соли 2004 пароканда шуд ва Ҳабиб Ҳакимов тасмим гирифт, ба танҳоӣ овозхонӣ намояд. Маҳсули ин давраи фаъолияти вай албоми “Шикасти фиреб” буд.

Соли 2012 Фирӯз ва Ҳабиб Ҳакимовҳо эълон карданд, ки дигарбора зери бренди “Фарзин” баромад мекунанд. “Фарзин”-и баъди “эҳё” соҳиби беш аз 10 суруд аст, ки “Опс-опс”, “Анор-анор”, “Камкамак”, “Master and Servant”, “Сенерита”, “Ки сага сар дод”, “Қаҳр макун”, “13 &3”, “Ҷигак-ҷигак” ва “Мисли қанд” аз ҷумлаи онҳоянд.
Мӯҳр
Илтимос хамун Фирузша дигар илова накунед эчодиети хамин шахсда. Хама сурудои Хабиба хавай чазир карда буд. Бигзор дар танхои ва бо дигар такмилгарои мусики кор кунад Хабиб, бисьер корхояш зебо аст. Хабиб ахсан барои таронахот! Бисер макбул!

Мусикишинос
Номгуи таронахои Хабиб Хакимовро хонда кас алакай ба хунару истеъдод ва интихоби шеърхои "БАЛАНДМАЗМУН"и у бахо медихад. "Опс-опс", "Сенерита", Ки сага сар дод, Чигак-чигак....... Э вой дод аз санъати точик....... У аслан овозхон нест як маскарабозест,ки нагмакунон ба ин тараф он тарафи сахна меравад. Хабиб илтимос сахнаи точикро шарманда накун. Хубатараш ба тичорат сару кор гир, ин хуанрро хам дори ку ..... Туро ки буданата мардум медонанд алакай .....

Мухандис
Мусикишинос,
Ту Мусикишинос неву, кадом артисти бахили))

Мусикишинос
МУХАНДИС
Бахил????????????? Ба у маскарабоз чи хочати бахили аст!!! Намеарзад ба ягон бахили ))))) Хандонди неки Мухандис, вале ман медонам, ки ту кисти.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)