Бахшҳо
25 фев 2015 14:23Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Бонки Миллӣ ҳаҷми рублу доллари муҳоҷиронро эълон кард

Бонки Миллии Тоҷикистон дар пасманзари норӯшаниҳои бозори нақд эълон доштааст, ки дар соли 2014 ба ҷумҳурӣ 3,9 миллиард доллари амрикоӣ ворид шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 8,3 фоиз кам аст.

Ин ниҳод мегӯяд, аз ҳаҷми умумии маблағе аз Русия ба Тоҷикистон ворид мешавад, қариб 90 фоизашро рубл ташкил медиҳад: “Аз ҳаҷми умуми маблағҳое, ки аз Федератсияи Русия ба ҷумҳурии мо ворид шудаанд, 89,1 фоизро рубли русӣ, 10,8 фоизро доллари ИМА ва 0,1 фоизро Евро ташкил медиҳад”.

Бонки Миллии Тоҷикистон таъкид мекунад, ки коҳиши бесобиқаи нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ ва таҳримҳои сиёсию иқтисодии давлатҳои Ғарб нисбати Русия ва таъсири онҳо ба паст шудани суръати рушди иқтисодиёт, кам гардидани ҷойҳои корӣ дар ин кишвар ва беқурбшавии ниҳоят зиёди қурби рубли русӣ нисбати доллари ИМА оварда расониданд: “ Русия яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, қисмати зиёди муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар кор мекунанд ва онҳо тавассути бонкҳо, бе кушодани суратҳисоби бонкӣ бо рубли русӣ маблағи зиёд интиқол медиҳанд”.

Ин дар ҳолест, ки имрӯз, 25-уми феврал қурби доллари амрикоӣ дар Душанбе то ба 6,0 ва 1000 рубли русӣ ба 95 сомонӣ расидааст.
Мӯҳр
Акнун ба кадри Россия нав мерасем..

Мухаммад
Салохи гироми то ба кадри руссия расидан барои мухочирон роххои алтернативиро бояд пайдо кард.

Дар бораи тархимхои иктисоди нисбати Руссия бояд дар мархилахои аввалаш оиди зарар ба иктисодиёти чумхури фикр кардан зарур буд. Як сол пеш Бонки милли аз он хафаги намуда буд, ки маблагхои воридоти кисмати зиёдаш аз хисоби содироти махсулоти мевахои хушк, сабзавотхо ва мевахои барвактии сохибкорон мебошад. Дар холо хозир бошад сабаби бекурбшавии пули миллиро ба кам воридшавии маблаги мардикорон вобастаги додааст. Барои хамин, то истехсоли махсулоти талаботи хозираи чахони аз руи сифат ба рох монда нашавад, бо фуруши коки себу, пиёзи барвакти ва пахтаи дар асл набуда, хеч иктисодиётро боло бурдан номумкин аст.

Tojikpisar
Факат истехсоли махсулоти дохили метавонед моро аз ин бухонем, ки дар пеш АСТ рахо созад, ман хамчун як иктисодчи рохи дигари рахоиро намебинам. Болоравии нарххо таварруми шадид дар пеш АСТ!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)