Бахшҳо
25 фев 2015 17:01Тоҷикистон / Иқтисодӣ

То соли 2025 талафоти нерӯи барқро 3,5% кам карданиянд

Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 25 феврал лоиҳаи созишномаи грантӣ оид ба ҷорӣ намудани ҳисоби яклухти интиқоли нерӯи барқ ва беҳдошти низоми интиқоли барқро қабул намуданд.

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини вазири молия зимни баромадаш дар Маҷлиси намояндагон гуфт, ин созишнома миёни Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд 27 январи соли ҷорӣ ба имзо расида буд ва арзиши умумии он 67 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Номбурда гуфт, ҳадафи лоиҳа таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ тариқи баҳисобгирии босифати интиқоли барқ, кам намудани талафоти он ва густариш додани иқтидори интиқоли барқ дар шаҳри Панҷакент мебошад: “Ин лоиҳа аз ду қимат иборат буда, дар қисмати якуми он ворид ва васлу насби қариб 1300 ҳисобкунаки барқӣ, беш аз 1000 трансформатори шиддатӣ ва 700 трансформатори ҷараёнӣ дар тамоми зеристгоҳҳо дар назар дошта шудааст. Қисмати дуюмаш бошад, сохмони хатти интиқолии барқи якзанҷираи 220 киловата аз зеристгоҳи Айнии 110 волта то зеристгоҳи Рӯдакӣ- Панҷакент дар масофаи тақрибан 95 километр ба нақша гирифта шудааст”.

Ҷамолиддин Нуралиев иброз дошт, дар натиҷаи татбиқи ин лоиҳа талафоти нерӯи барқ, ки соли 2013 ба 22 дарсад баробар буд, то соли 2025, 3,5 дарсад коҳиш хоҳад ёфт. Нуралиев мегӯяд, аз 67 миллион долларе, ки арзиши умумии ин созишномаро ташкил медиҳад, 54 миллионаш гранти Бонки осиёи рушд буда, ҳукумати Тоҷикистон 13 миллион сомонӣ ҷудо хоҳад кард. 8, 2 миллиони он аз ҳисоби андозҳо ва 4,8 миллиони дигар ҳамчун уҳдадориҳои “Барқи тоҷик” ихтисос мешавад. Ба гуфтаи муовини вазири молия, талабот ба қувваи барқ аз сабаби набудани газ ва дигар манбаҳои гармидиҳӣ зиёд мешавад ва қудрати шабакаҳои тақсимотии барқ барои интиқоли ҳаҷми воқеии имрӯзаи истифодаи барқ намерасад: “Инчунин ҳисобкунакҳои барқӣ аз лиҳози техникӣ ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ набуда, фарсуда шудаанд. Бо амалӣ гаштани ин созишнома имконият фароҳам меояд, ки назорат ба мониторинги истифодаи барқ дуруст ба роҳ монда мешавад”.

Дар ин ҷаласа вакилони палатаи поёнии парлумон созишномаи лоиҳавӣ оид ба лоиҳаи “Ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ” миёни ширкати “Барқи тоҷик” ва Бонки осиёии рушдро қабул карданд, ки дар он уҳдадориҳои “Барқи тоҷик” пешбинӣ шудааст. Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз Рустам Раҳматзода, раиси “Барқи тоҷик” хост, дар татбиқи созишнома уҳдадориҳояшонро дуруст амалӣ намоянд: “Дар ин созишнома уҳдадориҳои зиёде ба зимаи “Барқи тоҷик” гузошта шудааст, “Барқи тоҷик” лоиҳаро боинсофона ва ба таври самарабахш татбиқ намояд. Ҳамаи он уҳдадориҳое, ки дар созишнома нисбати “Барқи тоҷик” дарҷ ёфтаанд, иҷро намоед. Ҳамчун татбиқкунандаи лоиҳа хоҳиш мекунам, ин масъаларо зери назорати қатъӣ бигиред. Қариб 50 миллион доллар грант маблағи бебозгашт ба Шумо ҷудо карда мешавад, ки ин зери назорати ҷиддӣ гирифта шуда, амалӣ карда шавад”.
Мӯҳр
Ба фикрам кормандони Ozodagon фани физика хондаги нестан. Наход Кила Волта(kV ё кВ) аз Кило Ватт (kW ё кВт) фарк накунанд.

мутахасис
То он рузе ки мутахасисон дар соха кор накунанд бо ин Рустам Рахмадзодаю Хочи Амонулло Саъдулоев талафоти кувваи барк ягон фоиз кам намешавад.Худо шохидаст ки зиёд мешавад.Чунки онхо сарватманд шаванд.Ягонтои инхо энергетик нестанд.Бизнесмен мебошанд.Маблаг барои худ чам намоянд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)