Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 16:30

Доллар ба боло, евро ва рубл ба пойин

16 май 2011, 12:30

Қурби миёнаи доларии ИМА дар Тоҷикистон рӯ ба боло рафтан дорад. Таври мисол, рӯзи 16-уми май дар нуқтаҳои фурӯш ва мубодилаи асъори пойтахт қурби миёнаи арзи амрикоӣ  баланд шуда, дар ҳудуди 4,6220-4,6420 сомонӣ қарор гирифт.

Тавре  ба хабаргузории “Озодагон”   масъули маркази матбуотии Бонки Миллӣ   Абдуғаффор Қурбонов иттилоъ дод, дар ин миён, аз рӯи амалиёту мубодилаи пулӣ арзиши рубли русӣ ва евро каме паст фаромада 1 рубли русӣ ба 0,1635-0,1653 сомонӣ ва 1 евро ба 6,5300-6,5500 сомонӣ баробар шудаанд. Бояд гуфт, рӯзи 13 май ва рӯзҳои истироҳат қурби доллари  ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ каме баланд шуда, ба ҳисоби миёна 4,6010-4,6180 сомонӣ барои 1 доллари ИМА-ро ташкил медод.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!