14 октябри соли равон бахшида ба 100-солагии шоири бузурги тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айни маҷлиси тантанавӣ баргузор мешавад.
Тавре ба «Озодагон» аз маркази матбуотии вазорати фарҳанг хабар доданд, дар чорабини мазкур Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар ва меҳмонон аз хориҷи кишвар иштарок хоҳанд кард. Ёдовар мешавем, устод Мирзо Турсунзода яке аз барҷастатарин шоир ва шахсияти сиёсию адабии рӯзгори тоҷикон мебошад. Бо осор ва ашъори ҷаззобу пурмӯҳтавояш ҳангоми сафарҳои расмӣ ва эҷодӣ ба кишварҳои дуру наздик ному нишон, зебоии табиат, фарҳанг ва меҳмонавозии тоҷиконро муарифӣ намудааст.{jathumbnail off}
Мӯҳр