Бахшҳо

(САДО) Мирзохӯҷа Аҳмадов: Дар ҳаққи Ҷаноби Олӣ дуо кунед, ки абарқудратҳо ҷанг андохтаниянд...

Мирзохуҷа Аҳмадов, собиқ фармондеҳи мухолифин ва як гуруҳ имомхатибони масоҷиди минтақаи Рашт имрӯз, 27-уми феврал тариқи Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон баромад карда, аз мардуми кишвар даъват намуданд, ки дар интихобот аз Ҳизби Ҷаноби Олӣ пуштибонӣ кунанд.

Руҳониёни Рашт бо раҳбарии сархатиби худ ҷонибдории хешро аз Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) эълон карда, таъкид намуданд, ки рӯзи 1 марти соли равон дар интихоботи парлумонӣ ба ҷонибдорӣ аз ин ҳизб овоз хоҳанд дод. Ин гуруҳи руҳониёни минтақаи Рашт, ки дар даст аксҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон доштанд, афзуданд, ки ба нерӯ ва тавоноии ин ҳизб барои наҷот додани онҳо аз ҳар гуна хатару чанги камбағалӣ бовар доранд.

Мирзохӯҷа Аҳмадов зимни ин гузориш баромад карда, изҳор дошт, ки тавре Ҷаноби Олӣ дар паёмашон ба парлумон, гуфтанд, “вақте ҷойнамозро гузоштед, дар ҳаққи тинҷию оромӣ дуо кунед. Ман ҳам даъват мекунам, ки мусалмонони кишвар дар ҳаққи оромӣ дуо кунан. Мо дида истодаем давлатҳои абарқудрате, ки дар гирду атрофи мо ҳастанд, мехоҳанд моро ҷангу ҷидол андозанд. Аммо чун зӯри мо ба вайҳо ба ҳеч тариқат намерасад, мо мусаламонони тоҷик беҳтарин силоҳ дорем. Мо дуо мекунем, ки Худо вайҳоро ба мақсадашон нарасонад, мамлакатро моро тинҷ нигаҳ дорад. Ман аз ҳамаи сархатибони Тоҷикистон, илтимосу хоҳиш мекунам, ки беҳтарин силоҳи мо назди Худованд дуо аст ва дар ҳаққи миллати тоҷик, тинҷии Ватан ва дар ҳаққи Ҷаноби Олӣ дуои нек кунед, ки Худованд моро аз ин балоҳо нигоҳ дорад”.

Мирзохӯҷа Аҳмадов



Яке аз онҳо, ки худро Сархатиби минтақаи Рашт муаррифӣ намуд, таъкид кард, ки 1 марти соли равон ҳамаи онҳо ба тарафдорӣ аз ҲХДТ овоз хоҳанд дод: “Вазифаи сархатибии ноҳияи Раштонзамин бар дхши ман аст ва дар ин минтақа 6 масҷиди ҷомеъ ва 143 масҷиди панҷвақта фаъолият дораду дар ҳамаи онҳо вохуриҳо анҷом додаем. Бо итминони қалб гуфта метавонем, тамоми намозгузорони онҳо ваъда додаанд, ки ҷонибдори сарвари давлат – Эмомалӣ Раҳмону сиёсатҳои пешгирифтаи ӯ мебошанд ва ба ҳизби таҳти раҳбарияш овоз медиҳем ва бовар дорем, ки ин ҳизб қудрату тавоноӣ дорад, ҳамаи моро аз вартаи камбағалӣ ва таҳдидҳои дигар наҷот диҳад. Аз ин рӯ, мо бояд овози худро ба тарафдории Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон диҳем.”

Сархатиби минтақаи Рашт дар идома низ хост, калимаи Ислом аз номи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ягона ҳизби умдаи мухолифи кишвар гирифта шавад. Ӯ гуфт, “Исломи мо ба ҳизб ниёз надорад ва мо мардуми Раштонзамин таклиф дорем, ки калимаи “Ислом” аз номи ҲНИТ берун карда шавад ва ин ҳизб, Ҳизби наҳзати Тоҷикистон номгузорӣ шавад”.

Сархатиби минтақаи Рашт




(САДО) Мирзохӯҷа Аҳмадов: Дар ҳаққи Ҷаноби Олӣ дуо кунед, ки абарқудратҳо ҷанг андохтаниянд...

(САДО) Мирзохӯҷа Аҳмадов: Дар ҳаққи Ҷаноби Олӣ дуо кунед, ки абарқудратҳо ҷанг андохтаниянд...


Садоҳо аз гузориши Шабакаи аввал сабт шудааст
Мӯҳр
Ракси Хитойи 2
Хитой хатибхои мусалмонро мачбур ба ракс кардан ва дар миёни мардум шармандаашон кард. Аммо ин серияи дуввуми хамон филм аст!!!???Дилам ба холи хамин хатибхои бечора ки мачбурашон кардаанд. нею дилам ба хамон каси дар дасташон буда сухт ки наход бо ин кадар кудрат ба дастгириии хамин бечорахо эхтиёч дошта бошад? ташкилкунандагони ин кор обруи хамон одами дар дасташон бударо бурданд. Аммо магар ин суистифода аз макому мансаби хатибхову масочид ба фоидаи хизби хоким нест?? Хамин кадар нозироне ки аз кишвархои хоричи омадаанд ин ходисаро як кашфиёт дар ташвикоти интихобот гуфта ба кайд мегиранд. шарманда вой шарманда!!!

Фирдавс
Фирдавс
чавоб ба озодагон
Номи Шабакаи якума ба харфи хурд нанавис. Маводша медузди хичит намеган яке камтар хдта эхтиром кн. ё вакти навиштан саросема шиди?

мухочир
изонамекашен шумо бо ин коратон фардо дар пеши худо чи чавоб меген

мусалмон
Дуруст бояд ба ҳизби Ҷаноби олӣ овоз диҳем аммо ман аз дигар чиз тарсидам. Нашавад ки имомхатибони мо Худоро фаромуш кунанд

водии вахё
Салом хонандагони гироми ва хамватанон ман сокини нохияи тавилдараи водии вахё хастам хостам як чизро хотиррасон кунам ки ращт дигар води аст аслан гарм ном дорад ва аз калимаи гар гирифта щудааст водии вахё бощад аз калимаи бурхиё огоз аз нохияи нуробод то хазрати бурхи вали ва пащгар то кулаи исмоили сомони тул кащидааст иардуми ин минтака точиканду точикистонианд ман махалпарасти кардани нестам аммо мардуми гармиро бо хама эмомхатибу саркоронащон гуфтаниам ки аз номи худатон гап занед водии вахёро дар гарми худ кущ накунед мо мардумт вахё иалоикаку нестему амо номус дорем ва беномусхорохам решво интихоб намекунем мо мардуми щарифи водии вахё тарафдори хнит будем хасьем ва мемонем гарчанд дар чанги щахрванди зарари калони иктисоди ичтимои ва маънавиро мо аз хама зидтар дидем щумо гармихо дуруя будед хастед ва мемоне аслан хамай мардум ку не хамон пещвохой беномусатон боки саломат бощед

Ахсан ба пеш мардуми баруманди точик сулххохон такдирсозон ба пеш ба интихобод ба ХХДТ !!!!!!!!!!

ризо
Зинда бошед табармусалмонони хокимпарасти точик

Боз ХХДТ ва хукуматдорон шарм накарда "Дин аз давлат чудо аст" мегуянд, ё "ХНИТ аз ислом суистифода мекунад". Акнун дидем ки ки аз ислом ва минбари Паёмбари Акрам(с) суистифода мекардааст. Бечора имомхатибон, хатто намедонанд ки дар масчид таблигот манъ аст. Аз конуншиканиашон ба тамоми Чумхури хабар медиханд ва баъдан бечорахо чунон ГАМГИН ва ШИКАСТА менамоянд ки гуи дар мотаме карор доранд. Рости дилам ба ин бечорахо месузад

мухочир
салом ба мардуми точик! Рости кас ин сахнаро тамошо мекунад дар хакикат мефахмад,ки конундори дар точикистон то кучо вучуд дорад! Дар ягон давлати дунё рухониёнашон ё попхояшон барои интихобот чунин масхарабозиву лагандбардори накардаанд ва нахоханд кард ба чуз дар точикистон ва дар минтакае,ки хамааш гуё домулохои маъруф дорад боваркунед то ин андоза маъруфият доштанашонро намедонистам кунун фахмидем! Пас ман ба ин рухониёне,ки дар даст расми чанобро доштед чанд суол дорам: 1. Чаро вакте Пайгомбар (с)-рош карикатура карданд хамингуна харф назадед? 2. Чаро руймолхои духтарону хохарони моро дар донишгохову корхонахо аз сарашон мегиранд хомушед? 3. Чаро писаронро то 18 сола аз масчид рафтан манъ карданд аммо аз дискакулубхо не чизе намегуед? Чаро намегуед,ки дар масчидхо таргиби сиёсат манъаст? Ва ё чаро гапнамезанед,ки дар баробари номи исломро аз хизб бардоштан номи динро аз кумитаи дин хам бардоред зеро дар ин кумита ба ном дин истифода мешаваду...? Ба мисли ин чарохо домулохои мухтарами хеле зиёданд аммо хомушду аз сиёсату интихобнт гап мезанед шарм накарда! Хохиш чоп намоед,

Сархатиб мебахшед ту хаки аз номи тамоми мардуми рашт гап заданро надори хар як фар бояд аз номи худ гап занад ва ту бояд намегуфти ки тамоми мардуми раштонзамин бо ин фикри ту барин муллохо розианд!

РАХМАТ ,КУНАД
СОХИБИ ,ХУЧАТРО
,КИ ГАРМ НАВИШТА
БУД ,ДАР ОН.

Хамадони
Гар шудем аз бода бадноми чахон тадбир чист
хамчунин рафтаст дар ахди азал такдири мо

( миллати мо дар хунаш Арбобпарасти чой гирифтааст чорае нест, ки бисузему бисозем )

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)