Бахшҳо
27 фев 2015 18:13Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Эълони Бонки Миллӣ: Харидуфурӯши мол бо $ ҷиноят аст

Бонки Миллии Тоҷикистон бо такя ба қонунгузории кишвар дар бораи асъор таъкид намудааст, ки харидуфурӯши молу хизматрасонӣ бо доллар ва дигар асъор дар кишвар, ки феълан васеъ паҳн шудааст, ғайриқонунӣ мебошад ва даъват намудааст, ки ин амалиёт бо пули сомонӣ роҳандозӣ шаванд.

Ин ниҳод имрӯз, 27-уми феврал бо пахши як иттилоия гуфтааст, “мушкилот аслан дар муносибати фориғболона ва дарк накардани масъулият аз тарафи ҳарду ҷониби муомилот –фурӯшанда ва харидор аст. Мутаассифона, имрӯзҳо баъзан бо асъори хориҷӣ муқаррар кардан, гуфтан, таблиғ кардани нархи молу мавод, хизматрасонӣ ва ҳамчун воситаи пардохт пешниҳод кардани асъори хориҷӣ аз ҷониби иштирокчиёни хариду фурӯши амвол ва хизматрасонӣ ҷой дорад. Гарчанде ин амал бар хилофи қонун аст ва муҷозоти сангин дорад”.

Бонки Миллӣ мегӯяд, назорати риояи талаботи қонунгузорӣ ва санадҳои ҳуқуқӣ-меъёрии танзими асъор, аз ҷумла истифодаи асъори хориҷӣ ба зиммаи мақомоти прокуратура ва андоз вогузор карда шудааст: “Дар пайи санҷишҳои ниҳодҳои дахлдори Бонки Миллӣ низ дар муассисаҳои таълимӣ, ширкатҳои мобилӣ, воситаҳои ахбори омма ва дигар муассисаҳои хизматрасонию савдо нархномаҳои ширкатҳои мобилӣ, шартномаҳои мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус, чиптаҳои ҳавопаймоҳо ва дар аксари нуқтаҳои савдои чаканаи молу мавод танҳо бо пули миллӣ муқаррар ва таблиғ карда мешаванд”.

Тибқи иттилоияи Бонки Миллӣ нархгузории амволи гаронарзиш, аз қабили хонаю мошинҳо бо сомонӣ наметавонад омили баландшавии нархҳо ва сатҳи таваррум дар ҷумҳурӣ буда наметавонад: “Барои хариду фурӯш бо асъори хориҷӣ бе иҷозати махсус дар қаламрави ҷумҳурӣ қонунвайронкунии маҳз буда, бояд аз ҷониби тамоми мақомоти ваколатдор қатъиян манъ ва пешгирӣ карда шавад.

Ин ниҳоди назораткунанда илова намудааст, ки хариду фурӯши мол, кор ва хизматрасонӣ бо асъори хориҷӣ дар дохили ҷумҳурӣ танҳо бо иҷозатномаи махсус метавонад анҷом дода шавад: “Имрӯз дар ҷумҳурӣ танҳо якчанд идораю корхонаҳо чунин иҷозатнома доранд ва хизматрасонии махсусро анҷом медиҳанд. Хизматрасонии консулӣ дар фурӯдгоҳи байналмиллалии ш.Душанбе, хизматрасонии махсуси таъминоти парвозҳои ҳавопаймоӣ ва хизматрасониҳои нақлиёти байналмиллалӣ, аз ҷумлаи онҳоянд”.

Бонки Миллӣ афзудааст, ки дигар ягон муассисаи тиҷоратӣ ё савдои яклухту чакана барои фурӯши мол, кору хизматрасонӣ бо асъори хориҷӣ дар дохили ҷумҳурӣ иҷозатнома надорад ва даъват намудааст, ки ин амалиёт бо сомонӣ роҳандозӣ шаванд.
Мӯҳр
Агар дар хакикат хамин хел бошад пас барои чи нархи шиносномаи дохили ва хоричи ба доллар мукаррар кардаги?

Пули сомониро мисли доллару евро устувор гардонед мардум доду гирифташро бо пули сомони кунад.Боз бонки милли проблемахои худашро аз хисоби мардум хал кунад.О вакто ки ман мошин е хонаамро мефурушам чи хел бо ин пули ноустувори шумо ман доду гирифт кунам?Имруз доллар 40 пагох 50 ва 60.Боз акнун ягон камбагали бечораро барои моли худашро бо асъори устувортар фурухтанаш хам молашро гиред ва худашро бурда ба зиндон партоед.Бисер кори хуб мекунед.

шароф
чаро бонкхои точикистон бо доллар пул медиханд аввал бонкохоро ба пулли милли гардоннд бад дигар молхои хариду фурушро

ccc
агр ба сомони хам савдо кнан нархи доллар кати хисоб мекнан ба фаркш си акнун.

Хамачо бо доллар аст.Хатто Хофизхо,Чаррои бо доллар,мебел бо $ хамачо бо $ аст.

90 %-и молу махуслоти ЧТ воридодти аст ва хамааш аз нархи доллар вобасти дорад дар инчо сомони миёнарав аст ва барои хамин сомонии мо то рафт бе курб шуда рафсод ин якум дуюм ин ки икстисоди мо устувор нест мачмуи моли дохила кам аст назар ба воридод барои хамин сомонии мо дар инчо канор мемонаду доллраи ИМА еврои Европа рубли Руссия бозорроо мегирад

Ҳайрон
БМТ-мӯҳтарам,
ШУмо вақте, ки дар бораи "харидуфурӯши молу хизматрасонӣ бо доллар ва дигар асъор дар кишвар, ки феълан васеъ паҳн шудааст, ғайриқонунӣ мебошад ва даъват намудааст, ки ин амалиёт бо пули сомонӣ роҳандозӣ шаванд" ин амалиёт ҳарф мезанед, асоснок карда ба мардум фаҳмонед, ки дар кадом қонун ва кадом намуди ҷазоҳо пешбини шудааст.!Иқдоми хуб гирифтаед, то ҳол дер нашудааст барории кор.
Масъалаи дигар он ки" Қонун дар бораи танзими асъор ва назорати асъор"-ро ислоҳот гузаронед, то ки мафҳуми калимаи "ғайриқонуни" бе асос набошад. Дар телевизион баромад кунед, наход ки дар БМТ ягон нафаре набошад, ки дар телевизион гап задан натонад....Барории кор.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)