Бахшҳо

Донишгоҳи омӯзгорӣ: Фаъолияти мо идомаи ибтикороти пешина аст

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба як хабари “Озодагон” вокуниш нишон додааст, ки ҳоло пешниҳод мешавад.

“Ба роҳбари Оҷонсии иттилоотии “Озодагон”. Дар сомонаи иттилоотии шумо ахиран навиштае бо номи “Ректори нав камбудиҳои Донишгоҳи омӯзгориро ифшо кард” пахш шуд, ки марбут ба навгониҳо дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ мебошад. Маълум, ки он дар заминаи иттилое, ки тавассути сомонаи донишгоҳ бо номи “Интиқоди ректор аз саволномаҳои тестӣ” пахш шуда буд, таҳия шудааст. Мо аз он ки як иттилои сомонаи маърифатгоҳ боиси таваҷҷуҳи шумо гардидааст, сипосмандем, вале тариқи истифодаи иттилои мазкур аз ҷониби шумо шигифтовар аст. Нахуст, номи иттилоъ бо чӣ ҳадафе тағйир ёфтаасту дигар, муҳтавои он то ҷое таҳриф шудааст. Хонандаи аз асли иттилоъ ноогоҳ чунин меандешад, ки ректори нав нисбат ба ҳамтои собиқи хеш хушбин несту дар фаъолияти ӯ ҳамчун ректор камбудӣ меҷӯяд. Ҳол он ки дар ин нишаст Н.Салимов бо камоли возеҳият зикр карда буд, ки фаъолияти минбаъдаи раёсати донишгоҳ дар идомаи ибтикорот ва тозакориҳои ректори пешина ҷараён хоҳад ёфт. Мебояд гуфт, ки ҳадафи иттилои мазкур, пеш аз ҳама, огоҳ кардани хонандагон аз навгониҳо дар донишгоҳ мебошад. Мо ҳамеша ҷонибдори ҳамкории судманд бо шумоем ва зимнан аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки минбаъд дар истифодаи матолиби сомонаи мо бомулоҳизаву амиқбин бошед.

Маркази матбуотии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ”
Мӯҳр
Саид
О монед хамин бечора хам камтар кор кунад, а то сараша даравда нахуред

Ин холат як бори дигар аз бе масъулияти ва сохтакории журналистони фитнаангези "Озодагон" дарак медихад. То кай маводхои дигаронро аз пеши худатон росту дуруг ба манфиати худ суистифода мекунед ????? Хамаи ин аз он гувохи медихад, ки дар "Озодагон" мутахассисони гайрикасби фаъолият мекунанд.

Журналистони "Озодагон" мехостанд ба ин бахона дигар касонро бадном кунанд. Мутаассифона, тирашон ба нишон нарасид (шояд интизор набуданд, ки Донишгохи омузгори вокуниш баён мекунад). Пардаи сиёхи руи "Озодагон" бардошта шуд. То кай хамин хел бе масъулияти давом мекарда бошад ???????????????????7

ХГУ
... Хануз хастанд фанну, соатхое, ки но лозиманду онхоро бояд ихтисос кунем. Танхо дар сурати тахияи дурусти накшахои таълими метавон маоши кормандонро боз баланд бардошт. Устоди мухтарам ин суханхои ректори нави мо Максудов Анвар Темурович ку! «Хакикати Сугд» №151.16.12.2014. Салимов Н. собик ректори кордони мо сармухосиби донишгохи худро 15 сол хабз карда худро сафед кард. Чоп кунел.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)