Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 18:52

Садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Айнӣ бойиси марги як нафар гардид

27 сентябр 2011, 11:23

Бар асари як сониҳаи нақлиётӣ дар вилояти Суғд ронандаи 28 сола ба ҳалокат расид.


Дар ин бора аз шӯъбаи ташвиқоту тарғиботи РБДА ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд. Тибқи иттилои манбаъ, субҳи дирӯз дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд, ронандаи автомашинаи тамғаи «ДЕУ Лиганзе» Файзулло Неъматуллоеви 28 сола, аснои ҳаракат ба шоҳроҳи Душанбе- Чанок дар километри 105-уми роҳ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии  30 метр сарозер шуда, дар оби рӯд ғарқ мешавад. Дар натиҷа, сарнишини мошин ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта, дар ҷойи ҳодиса мефавтад. Ба иттилои расида, шабонарӯзи гузашта дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ 3 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 1 нафар ба ҳалокат расида, ду тани дигар ҷароҳати ҷисмонӣ гирифта ба касалхона интиқол ёфтаанд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!