Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 01:17

Набӣ Акрамов: Генерали афғон ба назари ман дурӯғ намегӯяд

28 сентябр 2011, 07:06

Чанде қабл як генерали афғон бо исми Ҳабиби Саидхел бо изҳороти пурсарусадо дар расонаҳои хабарӣ гузориш дода, иброз дошта буд, ки марзбонони тоҷик фаъолияти номуассир доранд.


Ин мақоми аршади Афғонистон ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ишора карда афзудааст, дар ин авохир ин мушкил рӯ ба густариш аст ва бар асари чунин вазъ чанде сокинони оддии ин ду кишвар қурбони қочоқчиёни нашъа мешаванд.Зеро ба таъкиди вай, марзҳои Тоҷикистон бо дурбину деворҳои симхорпӯш муҷҷаҳазанд, аммо бо «кадом роҳ»-е маводи мухаддир сарҳадотро убур карда, ба дасти харидору муштарӣ мерасад.

Набӣ Акрамови тоҷикистонӣ, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, собиқадори ҷанги Афғонистон, ки алъон дар ташкилоти мададгори мудофиаи Русия (ДОСААФ) дар вазифаи масъул ифои вазифа мекунад, ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» дар робита ба ин изҳороти генерали афғон гуфт, барои баёни ин нукот, ки дар гардиши маводи мухаддири афғонхо афсарону сарбозони марзбони тоҷик низ даст доранд, мебояд аввалан далелу арқоми мушаххас пешниҳод мешуд. Ба ҳар ҳол шахсе, ки чанд зинаи ҳарбиро пушти сар карда, ҳоло генерал аст, ба назари ман дурӯғ намегӯяд ва хушку холӣ гап намезанад. Хубтар мешуд, агар барои муайян кардани ин вазъ мақомоти марбутаи Тоҷикистон машғул мешуданд ва тасмимгирӣ мекарданд.

-Иттилоъе ҳам дар расонаҳо буд, ки чанде қабл, чанд сокини ноҳияи Шӯроободи Тоҷикистон аз сӯи афғонҳо рабуда шуд ва  бо дахолати мақомот онҳо ба манзили худ баргардонида шуданд. Ин далел аз он бозгӯӣ мекунад, ки қочоқчиён нуқтаи заъфро медонанд, новобаста аз девору симхорҳои марз ба ин сӯи рӯди Панҷ убуру мурур мекунанд. Барои ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир, ки мушкили ҷомеаи имрӯз аст,   мебояд марзбонони тоҷик ҳама нерӯяшонро сарф кунанд,-ҷамъбаст кард Набӣ Акрамов.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!