Бахшҳо

Ифшои ҷузъиёт ва гунаҳкорони садамаи ҳавоӣ дар Кӯлоб

Кумитаи байнидавлатии ҳавонавардӣ бо нашри як гузориш мегӯяд, соли 2014 дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 47 ҳодисаи нохуши ҳавоӣ ва садамаҳо ба қайд гирифта шудаанд, ки якеаш дар Тоҷикистон рух додааст.

Ба иттилои манбаъ, 38 ҳодисаи нохуши ҳавоӣ дар Русия, чор ҳодиса дар Қазоқистон, се то дар Украина, яке дар Тоҷикистон ва як ҳодисаи дигар дар Молдов рух дода, дар натиҷа 81 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Кумитаи байнидавлатӣ дар ин гузориш ҷузъиёти садамаи тайёраи ширкати “Ист-Эйр” дар фурудгоҳи Кӯлобро, ки 2 феврали соли 2014 рух дода, баъдан яке аз омилҳои қатъи фаъолияти ин ширкат арзёбӣ шуд, ифшо намудааст. Инчунин гунаҳкорони қазияро ҳам ном бурдааст.

Манбаъ мегӯяд, тайёраи А-320-и “Ист-Эйр” бо 187 мусофир, 2 халабон, 4 хидматрасони тайёра ва як мусофири хидматӣ аз Домодедова ба Кӯлоб парвоз дошт: “Вазъи тайёра ва кори халабонҳо мутобиқи меъёрҳо сурат гирифт ва ягон камбудие надошт. Идоракунандаи парвозҳои фурудгоҳи Кӯлоб барои нишаст ба халабонҳо иҷозат дод, дар ҳоле ки хатти нишаст барои қабули тайёра омода набудааст. Аз ҷумла, паҳноии хатти нишаст 45 метр аст, аммо ҳамагӣ 22 метри паҳноӣ аз барф тоза шуда буд ва қад-қади қисмати тозашуда тӯдаи барфи баландиаш аз 50 то 95 сантиметр ба вуҷуд омада буд. Баъди 2 сонияи нишаст чархи тарафи рости тайёра ба тӯдаи барф бархӯрда, қад-қади сарҳади рости хатти парвоз ҳаракатро идома дод. Баъди 480 метр аз сабаби ворид шудани барфи зиёд ва тахриби чархи пеши тайёра ҳар ду муҳаррик аз кор монданд. Дар натиҷа тайёра 1190 метр дуртар аз оғози хатти парвоз ва 20 метр дуртар аз сарҳади рости хатти парвоз қарор гирифт”.

Кумита мегӯяд, дар ин ҳодиса, ки бе талафоти ҷонӣ ва сӯхтор анҷом ёфт, идоракунандаи парвозҳои фурудгоҳ гунаҳкор аст, ки барои қабули тайёра дар хатти омоданашуда иҷозат дод ва ё ҳадди ақал барои таъхири нишаст то мувофиқ кардани хатти парвоз чораандешӣ накард.

Ин дар ҳолест, ки қаблан раёсати авиатсияи шаҳрвандии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфт, санҷиши дарозмуддат нишон дод, ин садама аз беэҳтиётии масъулони ширкат рух додааст.

“Ист-Эй” аз фурудгоҳҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа ба шаҳрҳои мухталифи Русия парвоз анҷом медод, аммо тирамоҳи соли гузашта иҷозатномаи парвозаш аз ҷониби Вазорати нақлиёт бо далели ислоҳ нашудани камбудиҳо қатъ карда шуд.
Мӯҳр
"Авиатсияи шаҳрвандии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон" тарчумаи бесаводjнаи ва бемаънои ибораи русии "Гражданская авиация Министерства транспорта Таджикистана"! Магар немешавад онро "Хавопаймоии мусофирбар" ё "Хавонавардии кишвар" ном барем????

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)