Писари як соҳибкори бозори «Султони Кабир»-ро гаравгон гирифтаанд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии ВКД иттилоъ доданд, Искандаршоҳи Раҳматшоҳи 24-сола фарзанди тоҷири бозори мазкур Фахриддин Раҳимовро, ки ҳамагӣ 9-сола аст, ба мошини тамғаи «Нисан-Сефиро» савор карда, ба тарафи номаълум бурдааст. Пас аз чанд вақт аз тоҷир талаб кардааст, ки ба ивази 5000 доллари амрикоӣ Рустамро бозпас ба падараш месупорад. Манбаъ мегӯяд, гаравгонгир ҷияни соҳибкор буда, айни замон дар ҳеч кучо кор намекунад.
Оиди ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.{jathumbnail off}
Мӯҳр