Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:07

116 килограмм маводи мухаддир ба коми оташ рафт

28 сентябр 2011, 07:41

Имрӯз (28-уми сентябр) дар бухории махсуси агентии назорати маводи нашъаовар беш аз 116 кило маводи мухаддир нобуд карда шуд.


Тавре ба “Озодагон” аз ин ниҳод иттилоъ доданд, аз ин миқдор нашъаи сӯзонидашуда  24 килову 875 грами онро ҳероин ташкил медод. Ҳашиши ба коми оташрафта 67 килову 292 грамм буд, афюн 24 кило ва маводи нашъадори гурӯҳи каннабис 131 грамм. Ҳамчунин 115 грамм аз ҷумлаи моддаҳои психотропии МДМА (экстазӣ) ва 100 адад ҳаббҳои кодеин низ ба оташ кашида шуд.

Манбаъ афзуд, маводи нашъадори сӯзондашуда далели шайъии чор парвандаи ҷиноӣ будааст, ки барои нобудсозии онҳо ҳукми додгоҳ содир гардидааст. Дар маросими нобудсозии маводи нашъадор намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва хабарнигорони ватаниву хориҷӣ ширкат намуданд. Бино ба гуфти масъулини агентӣ аз рӯзи таъсисёбии ин ниҳод то ба имрӯз бештар аз 13,5 тонна воситаҳои нашъадор сӯзонида нобуд карда шудааст.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!