Ширкати «Газпром»-и Русия дар бораи тафтиш дар намояндагиҳояш дар бархе кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо иттилоъ пахш кардааст.
Тибқи хабари як расонаи русӣ, ки ба нақл аз суханони сухангӯи ширкати мазкур мавод омода кардааст, тафтиш аз сӯи кормандони Комиссиюни Аврупо, аз ҷумла, дар ширкатҳои «Газпром Олмон» ва VENEX (Ҷумҳурии Чех) сурат гирифтааст. Ба иттилои Комиссиюни Аврупо, иқдоми онҳо бо шакку шубҳаҳо оид ба аъмоли мухолифи “Газпром” зимни содироти газ ба Аврупо бастагӣ дорад. Ширкатҳои олмонии RWE ва Ruhrgas, ки бо “Газпром” ҳамкорӣ мекунанд, низ тафтиш шуданд. Сухангӯи ширкат афзудааст, ки дар сурати тайид шудани аъмоли хилоф дар содироти газ ба Аврупо ба “Газпром” ва ширкатҳои ҳамкораш пардохти ҷаримаи бузург таҳдид мекунад.{jathumbnail off}
Мӯҳр