Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 00:46

Кумитаи андоз: 8 тонна пахтаи «Вахш» ба ҳабс гирифта шуд

28 сентябр 2011, 09:11

Тибқи маълумоти раёсати андоз, идораи давлатии хоҷагии оби ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз буҷаи давлат 1 миллион 520 ҳазор сомонӣ қарздор аст.


Бино ба қавли манбаъ,  беш аз 40 фоизи бақияпулиҳои қарзи андози ноҳия ба идораи зикршуда вобаста аст. Сабаби  асосии қарздор шудани корхонаро масъулин аз ассотсиатсияҳои обхизматрасон арзёбӣ карданд. Ба гуфти иҷрокунандаи вазифаи роҳбари идора Абдувалӣ Назаров истифодабарандагони об аз корхона 7миллиону  560 ҳазор сомонӣ қарздор мебошанд, ки аз ин шумора 2 миллион 600 ҳазорашро  оби истифодашудаи соли ҷорӣ  ташкил медиҳад. Корхона дорои 96  коргар мебошаду қарзи андозаш низ рӯз то рӯз афзоиш меёбад. Айни замон аз ҷониби нозироти андози ноҳия тамоми чораҳои зарурӣ барои рӯёнидани  маблағи қарзи андози идораи давлатии оби ноҳия андешида шуда истодааст.

Ҳамчунин,  рафти санҷиш дар хоҷагии давлатии Рустами Абдураҳим, воқеъ дар ҷамоати Дӯстӣ муайян намуд, ки хоҷагӣ дар ихтиёри худ 660 гектар замин дораду дар назди буҷет 110 ҳазор сомонӣ қарздор мебошад. 160 гектари замини хоҷагӣ агар заминҳои  обӣ бошад, боқимонда 500 гектарашро талу теппа  ва чарогоҳ ташкил медиҳад, вале хоҷагӣ ҳамагӣ дорои 170 сар чорвои хурди шохдор мебошаду халос.

Тибқи иттилои кумитаи андоз, 8 тонна пахтаи нимтайёри хоҷагии деҳқонии “Вахш”- роҳбараш Амонулло Шарипов аз ҷониби мутахасисони кумитаи андоз зери  ҳабс қарор дода шуд. Хоҷагии мазкур дар назди буҷет ба миқдори 55 ҳазор сомонӣ қарздор буда, сабаби  зиёд гардидани бақияи қарзи андозро масъулин аз камҳосилии замин ва баланд рафтани нархи сӯзишворӣ маънидод карданд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!