Бахшҳо

Вазъи озодии виҷдон дар Тоҷикистонро нигаронкунанда унвон карданд

Нозирони байналмилалӣ дар як гузориш дар ҳамоиши САҲА аз вазъи озодии виҷдон   дар Тоҷикистон интиқод кардаанд.


Дар ҳамоиши солонаи Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар мавриди риояи ҳуқуқи башар, ки ду рӯз қабл дар шаҳри Варшаваи Полша ифтитоҳ шуда ва ду ҳафта идома хоҳад дошт, аз нақзи ҳуқуқи занону ҷавонон барои ибодат дар масҷид ва мавонеъи маснӯъӣ дар роҳи таълими аркони динӣ дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ шудааст. Абдуқаюм Юсуфов, ҳуқуқшиноси тоҷик, ки дар ҳамойиши мазкур ширкат дорад, ба «Би-би-сӣ»  гуфтааст, нозирони байналмилалӣ ба нуқоти қавонини Тоҷикистон дар бораи “Озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ” ва “Масъулияти падару модар дар тарбияти фарзанд” эрод гирифта ва онҳоро муғойир ба меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи башар унвон кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, Содиқ Шоназаров, мушовири калони райисҷумҳурии Тоҷикистон дар масоили ҳуқуқӣ дар навбати худ вазъи озодии виҷдон дар Тоҷикистонро дар муқоиса ба кишварҳои Осиёи Марказӣ беҳтар арзёбӣ карда ва гуфтааст, дар ин кишвар дар канори дини ислом ибодатгоҳҳои адёни мухталифи дигар озодона фаъолият мекунанд. Дар мавриди мамнӯъ будани рафтани занон ба масҷид гуфтааст, ки дар қавонини Тоҷикистон ин масъала танзим ва ҷанбаъи ҳуқуқии он мушаххас нашудааст.Аммо вай дар бораи мамоният барои ибодати ҷавонони зери синни 18 сол дар масҷид таъкид кардааст, дар ин синну сол ҷавонон бояд илму ҳунар омӯзанд ва ширкати ҷавонон дар масҷид метавонад, барои омӯзишии дунявии онҳо халал ворид кунад.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)