Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 22:42

Кен Гросс: Тақаллуб вуҷуд надорад

17 май 2011, 04:44

Кенн  Гросс, сафири Амрико дар Тоҷикистон зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, низоми раводид ва дастрасӣ ба он барои сафари ИМА соддатар гашта, имкониятҳо бештар шудаанд.

Ҳамзамон, дипломати амрикоӣ оид ба намудҳои гуногуни раводидҳо иттилоъ дода, ба суолҳои хабарнигорон дар мавриди раводид посух гуфт.

Маврид ба ёдоварист, қаблан сафорати мазкур иттилоеро пахш карда буд, ки тайи чанд соли ахир сафи донишҷӯёни тоҷик дар Амрико афзудааст. Дар ҳамин ҳол нафароне, ки аз консулгарии Амрико ноумед шудаву раводид ба даст наовардаанд, иброз медоранд, ки сафорат бидуни ягон далел аз додани виза барои аксари ҷавонон худдорӣ менамояд.

Инчунин сафарҳоро аз рӯйи барномаҳо ба Амрикоро, бештари афроде, ки аз сафар ба Амрико ноумед шудаанд, тақаллубӣ унвон менамоянд. Чанде қабл як гурӯҳ  аз роҳбарони васоити электронии кишвар аз рӯйи барномаи «Табодули таҷриба» ба Амрико сафар карда буданд. Бархе аз ин нафарон ҳатто тайи ду соли ахир қариб саҳме дар рушди ВАО надоштанду барномаеро таҳияву пахш накардаанд. Субҳон Ҷалилов ровии шоубарномаи «Субҳи Ватан», ки аз рӯйи ин барнома мебоист сафар намояд, бе далели рӯшан натавонист дар ҳайати мазкур сафар намуда бошад. Ба қавли  ҷаноби Ҷалилов телефонӣ ба ӯ ваъда шудааст, ки «ӯ  нафари алтернативӣ (эҳтимолӣ) мебошад» , агар касе боя гон сабаб аз сафар даст кашад, он гоҳ ӯ имкони боздид аз Амрикоро пайдо мекунад.

Аммо   Кенн Гросс ҷой доштани тақаллуб дар мавриди сафари ин ашхосро рад намуда гуфт, барнома тибқи чорӯби санадгузорӣ таҳия шуда, қонуншиканӣ зимни он вуҷуд надошт.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!