Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 00:12

Рашид Раҳимов дастаи «Амкар»-и Пермро тарк гуфт

28 сентябр 2011, 11:55

Рашид Раҳимов, собиқ капитани дастаи овозадори «Помир»-и Душанбе аз вазифаи сармураббии тими футболи «Амкар»-и Перм (Русия) барканор шуд.


Дар нишасти матбуотӣ бо иштироки президенти клуб Генадий Шилов ва акнун сармураббии пешини «Амкар» Раҳимов президент гуфт, ки шартномаи сармураббӣ охири моҳи декабр анҷом меёбад ва дароз кардани он зери суол мондааст. «Мо бо Рашид Маҳмадқулович маслиҳат карда, ба қароре омадем, ки аз мўҳлат пеш шартномаро қатъ созем. Ин қарор дуҷониба буда, бо ҳамдигарфаҳмӣ гирифта шудааст», - гуфт президенти клуб. Шилов ба Раҳимов барои хизмати сазовораш дар «Амкар» сипос гуфт.

Рашид Раҳимов дар навбати худ гуфт, ки аз вазифа рафтани ў ба хотири беҳ шудани вазъи даста аст. Раҳимов афзуд, иваз шудани сармураббӣ метавонад, ба рўҳияи даста таъсири мусбӣ расонад, шўълаи наве дар дили бозигарону мухлисон бедор кунад. «Ин тасмим бо маслиҳат ва розигии ҷонибҳо ба амал омад», - илова кард Раҳимов.

Тибқи иттилои расида, Миодраг Божович, ки аз ин пеш Рашид Раҳимовро дар ин вазифа иваз карда буд, ба ҷои ӯ сармураббӣ таъин шавад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!