Бахшҳо

(ВИДЕО) Нуриддин Қаршибоев: Бастани даҳони расонаҳо ба манфиати ҳукумат нест

Озодии баён. Бузургтарин арзишест, ки инсон дорад. Расонаҳо ҳастанд, ки дар замони мову шумо шароитро барои пос доштани ин арзиш фароҳам мекунанд. 103 сол пеш аз ин буд, ки “Бухорои шариф” бо талоши арҷ гузоштан ба ин арзиш дар фазои торику гунги ногувори Бухорои манғитӣ барои миллати мо таҳти шиори ислоҳот аз худ дарак дод. Ҳанӯз алломаи фақид, устод Айнӣ гуфта буданд: Рӯзномаи ҳар қавм ва миллат забони эшон аст. Қавме, ки рӯзнома надорад, гӯё забон надорад. Шукри Худо, ки мо ин забонро дорем. Вале, оё ин забон қодир аст ҳолат ва вазъияти моро баён намояд? Матбуот ва расонаҳои мо ёвари ҳукуматанд ё душманаш? Ҳукумат чӣ? Расонаҳоро як ниҳоди ҷомеи демократӣ мешиносад ва ё рақиби мубориз? Ва аммо ин забону ёвару душману рақиби мубориз чӣ зарфияте дорад? Баҳси бештари ин мавзӯъ аз Иршод Сулаймонӣ бо Нуриддин Қаршибоев, раиси Шӯрои расонаҳои Тоҷикистон ва раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон.


Озодагон: Ин рӯзи хуб ва ин иди касбиро барои Шумо табрик мегӯем.

Нуриддин Қаршибоев: “Ташаккур! Ман гумон мекунам, дар арафаи рӯзи матбуот сурат гирифтани чунин баҳсҳо ба фоидаи ҷомеа аст, зеро чанд рӯз қабл мо интихоботи порлумониро пушти сар гузоштем ва ҳоло муайян шуд, ки кадом номзадҳо баранда шуданд. Ба андешаи ман дар ҷомеае, ки плюрализми ақидаҳо, гуногунандешӣ вуҷуд дорад, дар ҳамон замон озодии баён рушд хоҳад кард”.

Озодагон: Бисёр дуруст аст. Албатта, интихобот як мавзӯи ҷолиб ва баҳснок дар фаъолияти расонаҳо ҳаст ва ба ин нукта дар суҳбат таъкид хоҳем кард. Яке аз эродҳое, ки ҳайати нозирони САҲА ба интихоботи мо доштанд, ҳамин буд, ки намешавад бе баргузор кардани баҳсҳои расонаӣ (теледебатҳо) дар бораи интихоботи шаффофу демократӣ ҳарф зад...

Нуриддин Қаршибоев: “Ин чиз, мутаассифона, аслан дар Тоҷикистон таҷриба карда намешавад. Ман гумон мекунам, ки дар сурате аз тариқи расона, аз тариқи телевизион номзад ба вакилӣ мавқеи худашро ҳифз карда наметавонад, баҳс карда наметавонад ва исбот карда наметавонад, ки ӯ роҳи дурустро интихоб кардааст ва наметавонад ниёзҳои интихобкунандаи худро қонеъ намояд, пас чӣ гуна метавонад дар порлумон, ки 63 вакил дорад баҳс намояд?”

Озодагон: Аммо, устод бубинед, ҳамаи ин масоиле, ки мову Шумо сараш баҳс мекунем аз он ба вуҷуд меояд, ки як фазои ба истилоҳ комилу мураттабе, ки расонаҳо битавонанд ҳамон ҳокимиятеро, ки барояшон қонун додааст, эҳсос намоянд ва бар асоси ҳамон фаъолият кунанд, вуҷуд надорад.

Нуриддин Қаршибоев: “Албатта, аз лиҳози қонун ин шароит вуҷуд дорад. Вале дар арафаи интихобот, ҳатто роҳбарияти волои сиёсӣ даъват мекунад, ки интихобот бояд баробар, шаффоф, демократӣ баргузор гардад ва расонаҳо метавонанд дар ин интихобот саҳми худро дошта бошанд. Аммо он амалияи талхе, ки дар ҷумҳурии мо вуҷуд дорад шаҳодати он аст, ки дигар марказҳои тасмимгирӣ ҳам вуҷуд доранд, ки баръакси роҳбарияти волои кишвар амал мекунанд. Мо ин суханҳоро аз ҳаво намегӯем, зеро мониторинги озодии баён, ки аз ҷониби мо роҳандозӣ мешавад аз он далолат медиҳад, ки бинобар тасмимгириҳои ҳамин марказҳо, рӯзноманигорон мавриди таъқиб, таҳдид қарор гирифтаанд. Пуштаҳои электронии онҳо ва саҳфаҳои фейсбукашон расонаӣ шуданд. Ҳатто иттилоотеро, ки хусусияти фардӣ дорад ва қонун онро ҳифз мекунад, расонаӣ карданд. Аммо мо наметавонем инро исбот кунем, ки дар ҳақиқат ҳамин корро кӣ кардааст, зеро ошкор кардани онҳо салоҳияти мақомоти қудратӣ аст ва хомӯш нишастани мақомоти қудратӣ беғаразу холис будани онҳоро зери суол мегузорад”.



ДАР ТАМОМИ ҶОМЕАҲОИ ДЕМОКРАТӢ РАСОНАҲОИ МУСТАҚИЛ ҲАМЕША ДАР МАВҚЕИ ОППОЗИТСИЮН НИСБАТ БА ҲУКУМАТ ҚАРОР ДОРАНД

Озодагон: Мавридҳои мушаххасе ҳаст, ки чӣ теъдод аз рӯзноманигорон дар компайни интихобот, рӯзи баргузории интихобот ва чанд рӯзи баъди он мавриди таъқиб ё таҳдиду фишор қарор гирифта бошанд?

Нуриддин Қаршибоев: “Мо дар арафаи интихобот як изҳороти муштараки созмонҳои журналистиро паҳн кардем ва ба як нукта таъкид кардем, ки мутаассифона дар арафаи интихобот маводҳое, ки дар онҳо эҳтимолияти бегуноҳӣ риоя намешавад, паҳн мегарданд. Ҳарчанд мо аз нақз шудани ҳуқуқҳо мисолҳои мушаххас дорем, вале аз ошкор кардани ному насаби рӯзноманигорон худдорӣ менамоем, зеро боз ҳам мавриди фишор қарор нагиранд”.

Озодагон: Яъне, вуҷуд доранд?

Нуриддин Қаршибоев: “Бале, мо ҳадди ақал панҷ қазияе дорем, ки дар онҳо ҳуқуқи рӯзноманигорон нақз шудааст ва мавриди таҳдиди шахсони номаълум қарор гирифтаанд, ки дар миёни онҳо рӯзноманигорони расонаҳои давлатӣ низ ҳастанд ва ҳатто муроҷиати онҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ натиҷа надодааст. Дар рӯзи интихобот низ мо озодии баёнро пайгирӣ кардем, ки дар ҳамон рӯз рӯзноманигорони расонаҳои мустақилро барои инъикос ва иштирок дар участкае, ки раисҷумҳур райъ медод, роҳ надоданд. Баҳона ин буд, ки дар рӯйхат нестанд, агар рӯйхат вуҷуд медошт бояд пешакӣ огоҳ менамуданд, ки расонаҳои мустақил намояндаҳояшонро ворид мекарданд. Дар дигар қитъаҳои райъдиҳӣ низ чунин ҳолатҳо вуҷуд дошт. Чизи дигаре,ки мавриди нигаронӣ буд, ин аст ки дар аз бегоҳии 28 феврал ба баъд то анҷоми рӯзи интихобот хидматрасонии фиристодани паёмакҳои матниву тасвирӣ тавассути телефонҳои мобилӣ маҳдуд шуд. Албатта, дар ҷомеаи муосир чунин иқдомҳо барои тамини амнияти мардум ва ҷомеа гирифта мешавад, вале бояд ошкоро ва дар асоси қонун бошанд. Ҳамзамон, дар ин рӯз баъзе аз сомонаҳои интернетӣ мавриди ҳамлаҳои ҳаккерӣ, аз ҷумлаи сомонаи “Азия плюс” қарор гирифтаанд ва кормандони ин сомона кӯшиш карданд, ки ин ҳамларо пешгирӣ кунанд”.

Озодагон: Аммо фикр мекунам, ҳамаи ин сӯйитафоҳумҳо, ҳамаи ин сардаргумиҳо бармегардад ба як масъале, ки то андозае ҳам назарӣ аст ва ҳам амалӣ. Масъалаи муносибати ҳукумати иҷроия бо матбуот, расонаҳо. Тоҷикистон бар асоси Қонуни асосӣ як кишвари демократӣ ҳаст, арзишҳои демократиро арҷ мегузорад ва ҳар падидаеро, ки ба ин низом хос аст, барои фаъолияташ шароит фароҳам мекунад. Аммо дар ҷомеаи мо як фаҳмиши ғалат вуҷуд дорад, ки ҳукумати иҷроия дар шахси мансабдорон расонаҳо ва бештар расонаҳои мустақилро на ба унвони як ниҳоди ҷомеаи демократӣ, балки ба унвони як рақиби сиёсӣ мешиносанд. Шумо фикр мекунед ҳамин фаҳмиши ғалат, ки боиси душмантарошиҳо миёни ҳукумати иҷроия ва расонаҳову рӯзноманигорон шудааст аз куҷо пайдо гардид ва чӣ сарчашмае дорад?

Нуриддин Қаршибоев: “Ин аз афкори маҳдуди мансабдорони давлатӣ бармеояд ва онҳо бояд барои худ мушаххас бидонанд, ки ҳеч гоҳ расонаҳои мустақил дастёри онҳо нахоҳанд буд. Ва дар тамоми ҷомеаҳои демократӣ расонаҳои мустақил ҳамеша дар мавқеи оппозитсиюн нисбат ба ҳукумат қарор доранд. Агар ҳама, бо як овоз иқдоми ҳукуматро дастгирӣ кунанд, пас камбуду норасоии ҷомеаро кӣ мегӯяд? Дар ҳамин замина, вақте расонаҳои мустақил бештар аз фасодкорӣ ва норасоии ҷомеа суҳбат мекунанд, мансабдороне, ки дар курсӣ нишастаанду ҳам аз нигоҳи донишу маърифат ва ҳам аз нигоҳи таҷриба ва фарҳанги сиёсӣ лоиқи он мансаб нестанд, аз рӯзноманигору расонаҳои мустақил барои худ душман метарошанд. Ва ба дурӯғе он қадар бовар мекунанд, ки гӯё расонаҳо онҳоро аз сари қудрат дур меандозанд”.

Озодагон: Аммо ҳамин душмантарошӣ як хатар дорад. Онҳо муносиботи шахсӣ ва манфиатҳое, ки аз мансаб доранд аз ҳамин дидгоҳ бо рӯзноманигорон дучори мушкил мешаванд, яъне рӯзноманигорон камбуду ноуҳдабароии онҳоро ошкор мекунанд. Аммо онҳо ҳамин мушкилоти худро манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ унвон мекунанд ва мегӯянд, журналистоне, ки алайҳи мансабдорони сатҳи баланди ҳукумат мавод интишор мекунанд мухолифи манфиат ва арзишҳои давлату миллатанд. Фикр намекунед, ки ин бисёр хатари бузург аст?

(ВИДЕО) Нуриддин Қаршибоев: Бастани даҳони расонаҳо ба манфиати ҳукумат нестНуриддин Қаршибоев: “Ин хатари бузург аст ва мутаасифона барои барҳам задани ин хатар иродаи сиёсии роҳбарияти волои кишвар лозим мебошад, ки аз баҳри чунин мансабдорони беҳунар бароянд ва ба роҳбарӣ мутахассисони ҷавонеро, ки ҷаҳонбинии васеъ ва донишу таҷрибаи баланд доранд, таъин намоянд. Ҳатто мутахассисинеро, ки берун аз кишвар қарор доранд даъват кунанду дар низоми роҳбарӣ як навовариеро ҷорӣ кунанд, зеро танқид кардани як мансабдор маънои онро надорад, ки рӯзноманигор мухолифи сиёсати давлат мебошад. Мо дар ҳамин кишвар зиндагӣ мекунем, фарзандони ҳамин сарзамин ҳастем ва мо ҳуқуқ дорем, ҳаққи худро талаб кунем ва бигуем онҳое, ки аз ҳисоби андози мардум, аз ҳисоби меҳнату заҳмати мардуми Тоҷикистон соҳиби обрӯ ва дороиву сарвату мансаб мешаванд бояд дар пеши ҷомеа ҷавобгӯй бошанд. Вақте мо як нафареро, ки дуздӣ кардааст ва ё аз мансаб сӯиистифода намудааст танқид мекунем, маънои онро надорад, ки мо зидди сиёсати давлат ҳастем ва андешаи онро дорем, ки дар Тоҷикистон бояд табаддулот шавад. Мо бояд пеш аз ҳама табаддулотро дар афкори мардум ба вуҷуд оварем. Ба ҳамин хотир рӯзноманигороне, ки рисолати аслии худро иҷро мекунанд ба танқид ва таҳлил даст мезананд”.

НИЗОМИ РАСОНАҲОИ ДАВЛАТӢ НИЁЗ БА ИСЛОҲОТ ДОРАД

Озодагон: Албатта, аз нигоҳи қонун ва ҳам аз нигоҳи сиёсӣ расонаҳо наметавонад, худро оппозитсиюни ҳукумат эълон кунанд, зеро рисолати расонаҳо гуфтан аз ҳодиса ва воқеъотест, ки дар ҷомеа ба вуҷуд меояд. Онро бояд ба мардум пешниҳод намоянд. Қисме, ки аз суҳбати Шумо ҳам дарк шуд, ҳамин муносибати ғалат хеле ногувор аст барои ҷомеаи мо. Ман, ҳамин гуна андеша дорам, ки шояд як консепсияи муносибати ҳокимияти иҷроия бо расонаҳоро эҷод кунем, ки билахира мансабдорон ва мақомот дар асоси ҳамин консепсия бифаҳманд, ки расонаҳо ба онҳо душман нестанд. Ва расонаҳо танҳо пеши мардум аз раванди масъулияте, ки худи мардум ба онҳо бовар кардааст, иттилоъ медиҳанд ва мегӯянд, ки мо ҳамин гуна мансабдорон дорем оё шоиста аст, ки дар мансаб бошанд ё аз мансаб бираванд?!

Нуриддин Қаршибоев: “Гап сари он аст, ки барои омода кардани чунин консепсия заминаҳо вуҷуд дорад. Консепсияи ҳифзи фазои иттилоотӣ ва Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотӣ дорем. Ва дар ҳар дуи ин консепсия, агар дуруст онҳоро таҳлил кунем, бисёр паҳлуҳои муҳиме ҳастанд, ки бояд ба озодии баён мусоидат кунанд. Вале, мутаассифона мансабдорон он чи ки ба фоидаи худашон ҳаст аз ин консепсияҳо истифода мебаранд, лекин ҷониби дигар масъаларо ё дарк намекунанд ё сарфи назар мекунанд. Фарз кардем барои ворид шудан ба низоми пахши рақамӣ, телевизионҳои ғайрдавлатӣ мушкил доранд. На дар барномаи давлатӣ ва на дар дигар асноди марбути ин масъала манфиатҳои телевизиону родиоҳои ғайридавлатӣ ҳимоя нашудааст. Аммо дар он консепсияҳое, ки ман зикр кардам омадааст, ки мо бояд мусоидат кунем ба пайдо шудани сарчашмаҳои алтернативии иттилоотии дохилӣ, ки мардум ба телевизионҳои Русия ё ки ба шабакаҳои давлатҳои дигар нагароянд”.

Озодагон: Яъне мавриди таҳоҷуми иттилоотӣ қарор нагиранд?

Нуриддин Қаршибоев: “Бале”.

Озодагон: Аммо як хосияти ҷомеаҳои суннатӣ ё ба истилоҳ ҷомеаҳое, ки дар собиқ истеъморӣ буданд ва будани мо дар дохили давлати Шӯравӣ ҳам аз ҷониби бештаре аз назарияпардозон даврони истеъморӣ номида мешавад, ин аст, ки аз ҳокимияти қонун то ҳокимияти гап фосила зиёд аст. Дар Тоҷикистон бар асоси қонун гӯё барои озодии баён хеле фазо вуҷуд дорад, аммо асоситарин унсури озодии байён аз нигоҳи назария озод будани расонаҳо аз ҳокимияти иҷроия мебошад. Дар мо бештари мушкилотеро, ки ҳокимияти иҷроия бо расонаҳо дорад ин аст, ки теъдоди зиёди расонаҳои давлатиро дар ихтиёр дорад, ки барномаҳо ва манфитаҳои худро тариқи ин расонаҳо таблиғу муаррифӣ мекунад, инҳо аз камбуду нуқси ҳукумат ҳарфе намезананд. Аммо вақте расонаҳои мустақил ба ифшо кардани ҳамин камбудиҳо рӯй меоваранд, ҳукумат, ки ниёзмандие ба расонаҳои мустақилро намебинад аз ҳамин дидгоҳ вориди мушкил бо расонаҳои мустақил мешавад.

Нуриддин Қаршибоев: “Пеш аз ҳама, Иршод, ман, ки худам зодаи даврони Шӯравӣ ҳастам, дар масъалаи ин ки ба назари шумо гӯё Тоҷикистон ҳамчун як калониа дар ҳайати Шӯравӣ буд, розӣ нестам. Навобаста аз низоми сотсиалистӣ доштан, низом иҷтимоӣ будани давлат дар даврони Шӯравӣ бештар зоҳир мешуд. Баръакс, мо имрӯз ба низоме гузаштан дорем, ки давлат хусусиятҳои иҷтимоии худро рӯз аз рӯз дорад аз даст медиҳад. Дар масъалаи низоми расонаҳое, ки дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, махсусан низоми расонаҳои давлатӣ ман се сол қабл гуфта будам, ки низоми расонаҳои давлатӣ ниёз ба ислоҳот дорад. Зеро он низоме, ки мо имрӯз мерос гирифтаем мероси Шӯравӣ аст ва дар шароити якҳизбӣ ин низом мувофиқ буд. Дар шароити имрӯз, ки мо низоми бисёрҳизбӣ дорем, зери даст гирифтанти расонаҳои давлатӣ аз ҷониби ҳизби ҳоким, ки марбути ҳукумат аст, нодуруст мебошад. Ба назари ман имрӯз мо ниёз ба намуди расонаҳои ҷамъиятӣ дорем, ки ҳатто дар сиёсати идорӣ ва мудирияти онҳо тамоми қишрҳои ҷомеа ва аҳзобе, ки вуҷуд доранд саҳим бошанд ва бояд муайян кунем, ки ин то кадом дараҷа ба манфиати ҷомеа мебошад. Мо медонем, ки қариб 70 нашрияе, ки дар шаҳру ноҳияҳо вуҷуд дорад фақат ба нашри қарорҳо ва таблиғи ин ҳукуматҳо машғул мебошанд, ки аз ин на ҷомеа фоида мебинад ва на худи ин ҳамкорони мо. Баръакс онҳо доим аз камии маош шиква доранд. Аз ин хотир хуб мешуд, ки ин порлумони нави Тоҷикистон дар замина баҳсе дошта бошад”.

Озодагон: Фикр мекунед, иродаи сиёсӣ дар Тоҷикистон ба ҳадде аст, ки ҳамин низоме мову Шумо сараш баҳс дорем, пазируфта шавад?

Нуриддин Қаршибоев: “Ман гумон мекунам дар порлумон вакилоне ҳастанд, ки ҳамин ислоҳотро дарк мекунанд ва ниёз ба ислоҳот доштани расонаҳои давлатиро дарк мекунанд. Фақат мо бояд аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигорӣ ин мавқеъро пешниҳод намоем ва онҳо бояд ба баҳсу баррасӣ бигиранд”.




ШИРИНИИ МАНСАБ ВА АЗИЗ БУДАНИ КУРСӢ ИМКОНИЯТ НАМЕДИҲАД, КИ АЗ ИН КАМБУДИ ХУД РӮЙИРОСТ СУҲБАТ КУНАНД

Озодагон: Ҳоло бубинед, вуҷуди ҳамин низоми номувофиқ ба ин маъност, ки расонаҳои давлатӣ на танҳо ба сифати минбари таблиғу таърифҳои гӯшношунид, балки дар бештари маврид алайҳи расонаҳои мустақил истифода мешаванд. Ҷомеаҳои маданӣ, созмонҳои иҷтимоӣ, шахсиятҳои алоҳида ва ба истилоҳ равшанфикроне, ки дар расонаҳои мустақил мавқеъ ва нуқтаназарҳояшонро пешниҳод мекунанд ва ғолибан бо мавқеи ҳукумат мувофиқ намебошанд, дар матолиби расонаҳои давлатӣ на танҳо мавриди танқид, балки таҳқирҳои рӯйирост қарор мегиранд. Ва ин дар пеши роҳи озодии баён сад мегузорад, фазоро масдуд менамояд.

Нуриддин Қаршибоев: “Ин чиз таърихи қадима дорад. Дар ҳама давру замон кӯшиш мекунанд, ки миёни ин ва он қишрҳои ҷомеа тафриқа андозанду ҳукумронии худро идома диҳанд. Аз ҷумла, дар ҷомеаи рӯзноманигорӣ низ, ҳарчанд мо эътимод ба ҳамрайъӣ дорем ва даъват мекунем, ки дар ин замина мушкил кам дорем. Аммо аз ҷониби онҳое, ки намехоҳанд ҳамрайъии рӯзноманигорон вуҷуд дошта бошад, ин кор карда мешавад. Ман гумон намекунам, ки онҳо аз ин кори худ лаззат мебаранд. Онҳо эҳсос кардаанд, ки кори нодуруст намуданд, вале ширинии мансаб ва азиз будани курсӣ имконият намедиҳад, ки аз ин камбуди худ рӯйирост суҳбат кунанд. Аммо ман гумон намекунам, ки бастани даҳони равшанфикрон, аз ҷумла рӯзноманигорон, ки камбудии ҷомеа ва ҳукуматро фош мекунанд ба манфиати ҷомеа бошад. Дар ҷомеа дигар хатарҳое вуҷуд доранд, ки бо таассуф аз ҷониби мансабдорон нодида гирифта мешаванд. Худо накунаду агар даҳони расонаҳоро бибанданд аз ин қадар хатару таҳдиде, ки вуҷуд дорад кӣ мардумро огоҳ мекунад, кӣ манфиатҳои давлату миллатро ҳимоя мекунад? Бояд пеш аз тафриқа андохтан ва иттиҳоме афкандан сари ин масъала андеша кард”.

Озодагон: Дар ҳоле ки мо дар ин заминаҳо суҳбат мекунем оё метавонед гуфтан, ки вобаста ба он фазое, ки вуҷуд дорад расонаҳои мо аз нигоҳи як ҷомеаи мутамаддин посухгӯи талаботи мардум ҳастанд?

Нуриддин Қаршибоев: “Ман гумон мекунам, ки сол аз сол расонаҳои Тоҷикистон пеш мераванд ва ба талаботи мардум ҷавоб мегӯянд. Аммо як чизи дигар ҳам вуҷуд дорад, ки ба ҳар андозае, ки расонаҳо ҳирфаӣ шаванд ба ҳамон андоза муқовимат аз ҷониби ҳукумат бештар мешавад. Барои ҳамин бояд ҳамеша омода буд, ки мо дар доираи қонун ва ахлоқ фаъолият бикунем ва нони худро дар назди ҷомеа ҳалол бихӯрем”.

МУТМАИНАМ, КИ ЯГОН РӮЗНОМАНИГОР НА ХОИН АСТУ НА ХИЛОФИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ КОР МЕКУНАД

Озодагон: Шумо, ки раванди озодии баён, раванди риоя шудани ҳуқуқи рӯзноманигоронро назорат ва таҳқиқ мекунед, мавридҳое шудааст, ки дар таҳқиқоти худ ошкор карда бошед, ки расонаҳо ва рӯзноманигорони хосе хилофи манфиатҳои миллӣ амал карда бошанд ё даст ба хиёнату ин қабил корҳо зада бошанд? Ё ташвиқот бурда бошанд ба амалҳое, ки барои миллату мардуми мо нангин бошад?

Нуриддин Қаршибоев: “Ҳарчанд чунин иттиҳомот вуҷуд доранд, вале онҳо асоси воқеӣ надоранд. Ман, мутмаинам, ки ягон рӯзноманигор на хоин асту на хилофи манфиатҳои миллату давлат кор мекунад. Мавқеи дигар доштан маънои онро надорад, ки ин ё он расона зидди ин миллату ин давлат аст”.

Озодагон: Бисёр дуруст. Бо он фазое, ки дорем метавонем ҳадс бизанем, ки шароит барои рушди дурнамои расонаҳо камтар вуҷуд дорад. Аммо аз таҷрибае, ки аз дигар давлатҳо доред бигӯед, ки боз кадом роҳбурдҳоеро ҳам ҳукумат ва ҳам расонаҳо роҳандозӣ кунанд, ки боис шавад ба озодии баён ва пешрафти давлат?

Нуриддин Қаршибоев: “Пеш аз ҳама дар қонуни “Матбуоти даврӣ ва дигар ВАО” як нукта аст, ки давлат аз лиҳози молӣ расонаҳоро сарфи назар аз мансубияташон дастгирӣ мекунад. Аммо мутаассифона ин шабу рӯзҳо давлат ин имконотро надорад ва фақат ин меъёри қонун дар шакли як эъломия вуҷуд дорад. Аз ҷониби дигар давлат аз лиҳози молӣ расонаҳои давлатиро пура дастгирӣ мекунад. Хуб мешуд, ки сарчашмаҳои мабалағгузорӣ барои ҳама баробар бошанд ва ин маблағҳо дар асоси озмун, дар асоси тендер бошанд. Зеро вақте расонаҳои мустақил аз созмонҳои байналмилалӣ лоиҳаҳо дарёфт мекунанд дарҳол онҳоро барои доштани хоҷагони хориҷӣ муттаҳам мекунанд”.

Озодагон: Яъне агар иқтисоди расонаҳо рушд кунад ин яке аз заминаҳои рушди сифатии онҳо мебошад?

Нуриддин Қаршибоев: “Аслан, озодии баён нафақат ҷанбаи сиёсӣ, балки ҷанбаи иқтисодӣ ҳам дорад. Бо шиками гуруснаву ҷайби холӣ дар бораи озодии баён суҳбат кардан, қобили қабул нест”.

Озодагон: Ҳамин ҷанбаи иқтисодие, ки Шумо мегӯед барои озодии баён ва рушди расонаҳо бисёр муҳим аст, бармехӯрад ба ҷанбаи сиёсӣ. Реклому таблиғ яке аз василаҳои истиқлоли иқтисодии расонаҳо дар шароити муосир аст. Вале дар Тоҷикистон ширкатҳои тавлидиву дигар корхонаҳо дар расонаҳое, ки ба истилоҳ танқидгари ҳукумат ҳастанд маводи худро реклом намекунанд. Ва агар ин корро бикунанд ба онҳо фишору таҳдидҳо сурат мегирад.

Нуриддин Қаршибоев: “Бале, на танҳо ин аст, балки давлат ҳам бештар эълону рекломи худро ба расонаҳои давлатӣ медиҳад. Ва агар Худо накунаду чунин ҳамкории расонаҳо бо ширкатҳо ба вуҷуд биояд фишорҳо аз ҷониби мақомоти гуногуни давлат, пеш аз ҳама андозу ин гуна мақомот меафзояд. Ин ҳама гуна суйитафоҳум аз набудани волояти қонун шаҳодат медиҳад. То замоне, ки мо, ҳама, аз роҳбар то коргар ба волояти қонун арҷ нагузорем чунин сардаргумиро хоҳем дошт”.

Озодагон: Устод, суҳбати мову Шумо, ки дар ростои Рӯзи матбуот сурат мегирад ва “Бухорои шариф”, ки сароғози матбуоти мост ва сарчашмаи ифтихор мебошад, дар таҷрибаи ҳамин нашрия ҳам як ҳодиса вуҷуд дошт. Ин нашрия аз тарафи ҳукумати манғитияи ҳамун давра барҳам дода шуд, ба хотири ин ки гӯйё иғво меандозаду фазоро барҳам мезанад. Аммо имрӯз фаъолиятҳои “Бухорои шариф” мояи фахри мо гардидааст ва ҳамин тавр аз суҳбати мову Шумо ҳам маълум шуд, ки ҳеҷ расонаву рӯзноманигоре хилофи манфиатҳои давлат ва тарафдори муташанниҷ кардани авзоъ нест. Ва вақте ҷомеа дар дарозмуддат ба огоҳиҳое бештар мерасад инро дарк мекунанд, ки мавҷудият ва амалкарди расонаҳои мустақил ба нафъи давлату миллат мебошад.

Нуриддин Қаршибоев: “Бале, ман бояд як чизро зикр кунам, ки ҳеч вақт расонаҳо тарафдори муташанниҷ кардани авзоъ нестанд. Мо аз тарафи худ тамоми кӯшишро мекунем, ки чунин вазъ ба вуҷуд наояд ва дар сулҳу салоҳ саҳм дошта бошем, аммо аз вуҷуди камбудиҳо мо мардумро огоҳ мегардонем. Тавре сиёсатмадори аврупоӣ, нахустин канслери Олмон Аденауэр Конрад гуфтаст “фақат мардуми огаҳ метавонанд тасмими дуруст бигиранд”. Рисолати мо ҳам ҳамин аст, ки мардумро огаҳ кунем ва онҳо дар тамоми ҷабҳаҳо тасмими дуруст бигиранд”.

Озодагон: Устод, мо, бар ин ақидаем, ки дар замони муосир ҷомеаҳо аз ҳамдигар таъсир мепазиранд ва он фазое, ки дар дунё вуҷуд дорад, эҳсос мешавад, ки давлатҳо торафт барои озодии баён шароит меофаранд. Ва мавҷудияти Анҷуман ва Шӯрои Шумо ҳам бар ҳамин мантиқ аст. Мо умедворем, ки расонаҳои мо дар оянда низ барои огоҳии бештари мардум талош мекунанд, то онҳо битавонанд барои сарнавишти худ тасмими дуруст бигиранд. Сарбаланд бошед!

Нуриддин Қаршибоев: “Муваффақ бошед!”

ШАРҲИ ҲОЛ

(ВИДЕО) Нуриддин Қаршибоев: Бастани даҳони расонаҳо ба манфиати ҳукумат нестНуриддин Қаршибоев. Коршинос дар умури расонаҳо. Дар ростои ҳимояи ҳуқуқи рӯзноманигорон ва расонаҳо фаъолият мекунад. Соли 1961 таваллуд шудааст. Ба донишкади филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, баъди ду сол таҳсилро дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов идома медиҳад. Ба унвони рӯзноманигор аз соли 1984 дар нашрия “Тоҷикистони саветӣ” (ҳоло “Ҷумҳурият”) ба ҳайси хабарнигор, мудири шӯъба, роҳбари иттиҳодияи эҷодӣ ва ҷонишини сармуҳаррир фаъолият намудааст. Як замон ҷонишини директори Агентии милии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” буд. Соли 1998 созмони нави хабариеро бо номи “Интер-пресс-сервис” таъсис дод. Баъдан Ассотсиатсияи миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистонро асос гузошт. Дар Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон бештар аз 200 давраи омӯзишӣ гузаронида, муаллифи бештар аз 600 мақола, очерк ва суханрониҳои илмӣ мебошад. Феълан раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ва раиси Шӯрои расонаҳои мебошад.

Мӯҳр
у ба сиёсати дохилии Точикистон чи кор дарад!?

Устод
Бисёр як сухбати чолиб.Аммо як суол доштам...Касе хаст,ки хамин омузгоронро аз обунахои мачбури ба рузнома ва мачаллахои давлати халос кунад? Бовар кунед безор шудем.

Обуна на танхо мачбурист, балки наметавонем ки рузномахои дилхохамонро интихоб намоем. Кадомеро ки рохбарон мехоханд, мо низ бояд ба он обуна шавем, махсусан дар донишкадахо.

Андарз аз Шугнон
Сухбати хуб аст. Вале имруз замоне фаро расидааст, ки Васоити ахбори омма ёрдамчии хукумат бошанд. Мардум ва насли чавонро ба Ватан хоку санги он дилгарм созанд. Пеши шрохи шомилшавии чавононро ба гуруху харакатхои ифротиву террористи боздоранд. Он вакт мо аз ин матбуот ва кормандонаш боз зиёдтар фахр мекардем.

Ofarin, Az hama muhim tabadulot dar afgor, fikri jomea yo javonon paido shavad. Agar fikri mo taghir nayobad pas man az digar makhluqot farqe nadoram... Yordamchii hukumat shudan faqat sitoishi hukumat nest balki tasir rasonidan ba fikrronii jomea ba vositai rohhoi gunogun meboshad!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)