Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 07:17

Жерар Аруд: Ғарб аз Эрон дар ҳарос афтодааст

29 сентябр 2011, 03:05

Жерар Аруд, сафири Фаронса дар СММ таҳдид кард, ки дар сурати идомаи барномаҳои ҳастаии Эрон ин кишвар метавонад бо ҳамлаҳои низомӣ рӯ ба рӯ шавад.


Дипломати фаронсавӣ зимни суханрониаш дар як ҷаласаи СММ дар Ню-Йорк ба саволи ин ки дар сурати ба тавлиди силоҳи ҳастаӣ наздик шудани  Эрон, чӣ хоҳад шуд, гуфтааст, бовар дорам, баъзе кишварҳо инро қабул нахоҳанд кард. Аммо сафири Фаронса дар мавриди кадом кишварҳо инро намехоҳанд, чизе нагуфта хомӯширо авло донистааст.

-Агар мо ба музокира бо эрониҳо даст наёбем, хатари зиёди шурӯъи амалиёти низомӣ вуҷуд дорад, илова кардааст Жерар Аруд. Ғарб метарсад,Эрон ба тавлиди силоҳи ҳастаӣ даст меёбад. Шӯрои амнияти СММ чор маротиба Теҳронро барои манъи фаъолият дар ростои ғанисозии ураниум таҳрим кардааст, ҳарчанд худи Эрон пофишорӣ дорад, ки танҳо бо ҳадафҳои сулҳомез мехоҳад, барномаи атомиашро амалӣ кунад.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!