Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 07:17

Ғорати як дӯкони тиллофурӯшӣ дар шаҳри Хуҷанд

29 сентябр 2011, 05:08

Дӯкони тиллофурӯшии  бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд мавриди ғоратгарии дуздон қарор игирифтааст.


Тибқииттилои вазорати умури дохила, Меҳроҷиддин Ҳақдодов, соҳибкори инфиродӣ, ки нуқтаи мазкурро ба иҷора гирифта тилловорӣ мефурӯхт, ҳудуди 5250 сомонӣ зарар дидааст.Тоҷир афзудааст, ки аз дохили ҷевони дӯконаш 3 дона ангуштарӣ, 1 гарданбанд, 1-адад кулони тиллоиро ба яғмо бурдаанд.

Кормандони мақомоти милиса аз рӯи ин ҳодиса амалиёти фаврӣ гузаронида, Вафо Шарипови 22-сола, сокини кӯчаи Борбади шаҳри Кӯлобро бо иттиҳоми дуздӣ боздошт кардаанд. Ба қавли муфаттиши ин парванда, муҷрим дар шаҳри Хуҷанд ба ҷинояткорӣ машғул буда, дар ҳеч куҷо кор намекардааст.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!