Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 21 январ 2017, 11:28

Русия ва Чин мухолифи таҳримҳо алайҳи Сурия мебошанд

29 сентябр 2011, 05:24

Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ахиран баррасии ду лоиҳаи қатъномаро дар мавриди Сурия ба анҷом расонид.


Тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ, тарҳи аввал, ки аз ҷониби Британияи Кабир, Фаронса ва Олмону Португалия бо пуштибонии ИМА омода шудааст, ҷорӣ кардани таҳримҳои эҳтимолӣ алайҳи райисҷумҳури ин кишвар Башор Асад ва ҳукумати ӯ дар сурати қатъ накардани амалиётҳои низомӣ бар зидди сокинони осоишта ишора шудааст. Лоиҳаи дуввум, ки аз сӯи сафири Русия дар СММ Виталий Чуркин пешниҳод гардидааст, фишору тазйиқ аз сӯи ҳам ҷонибдорон ва ҳам мухолифини режими Башор Асад маҳкум шуда, дар бораи таҳримҳо чизе гуфта нашудааст.

Хабаргузориҳо ҳамчунин менависанд, ду узви комилҳуқуқи ША СММ-Русия ва Чин   ва кишварҳои дигар- Бразилия, Ҳиндустон ва Африқои Ҷанубӣ ба ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи ҳукумати Сурия мухолифанд. Гуфтанист, шурӯъ аз аввали намоишҳои эътирозӣ дар Сурия то ин замон беш аз 2750 нафар сокинони ин кишвар ба ҳалокат расидаанд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!