Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 17:12

Ҳукумати Уляновск барои кӯмак ба тоҷикистониёни муқими вилоят омода аст

29 сентябр 2011, 05:48

Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия бо даъвати губернатори шаҳри Уляновск аз ин минтақа дидан карда, якчанд мулоқоту вохӯриҳо доир кард.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии сафорат иттилоъ доднад, боздиди дипломатии тоҷик рӯзҳои 26 то 28-уми сентябр сурат пазируфта, ҳамзамон дар Кунгураи байналмилалӣ зери унвони «Фарҳанг чун захираи навсозӣ» низ ширкат дошт. Анҷумани мазкур бо мусоидат ва иштироки роҳбарияту намояндагони вазорати фарҳанги Русия, кумитаи Думаи Давлатӣ оид ба фарҳанг, Шӯрои ИДМ оид ба ҳамкории гуманитарӣ, Бунёди байнидавлатии гуманитарии ИДМ, Шӯрои Аврупо, ЮНЕСКО, СММ ва ниҳодҳои дигар баргузор гардид. Гуфтанист, дар он Мирзошоҳрух Асрорӣ - вазири фарҳанги   Тоҷикистон низ иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар ҷараёни боздиди худ аз Уляновск, сафири Тоҷикистон бо роҳбарони мақомоти маҳаллӣ, аз ҷумла А. Якунин – муовини якуми раиси ҳукумати вилояти Уляновск, Б. Зотов – раиси Маҷлиси қонунгузории вилояти Уляновск, А. Алексахин – сардори раёсати Хадамоти федеролӣ оид ба муҳоҷирати вилояти Уляновск ва Т. Зайналобуддинов – раиси  Созмони ҷамъиятии минтақавии тоҷикони вилояти Уляновск, инчунин намояндагони тоҷикистониёни муқими вилояти Уляновск дидору гуфтушунидҳо анҷом дод.  Ҳамватанон ба сафири Тоҷикистон аз кору зиндагии худ, фаъолияти созмони тоҷикони вилоят, муносибату равобити хуб бо мақомоти расмии вилоят ва мардуми маҳаллӣ ва  масъалаҳои гуногун ҳикоят карданд. Донишҷӯёни тоҷик аз рафти таҳсилу паҳлӯҳои ҳаёти донишҷӯӣ дар ш. Уляновск, саъю талош ба хониши намунавӣ сухан ронда, омодагии худро ба бозгашт ба Тоҷикистону идомаи кору хидмати арзанда ба халқу ватани хеш изҳор доштанд.

Манбаъ афзуд, Достиев аснои муроҷиат ба донишҷӯёни тоҷик, аз аҳамияти таҳсилшон дар хориҷа, аз ҷумла дар Русия, умеду орзуи падару модар, аҳли хонадон ва умуман, ҷомеаи тоҷику тоҷикистонӣ ҷиҳати омодагӣ ба кору зиндагӣ ва хидмати шоистаашон  ба Тоҷикистони азиз, ёдовар шуд.Ҷаноби Якунин аз номи роҳбарияти вилоят изҳор дошт, ки он ҷониб омодааст, дар асоси пешниҳоди сафорат, пайи баррасӣ ва роҳандозии ҳамкории мушаххас бо шаҳр ё вилояти алоҳидаи Тоҷикистон гардад. Ба ин мақсад ва ҳам муайян кардани соҳаҳои зарурии ҳамкорӣ, ӯ, қабл аз ҳама, ташкили сафари ҳайъатҳои ду ҷонибро ба он шаҳру вилоят мувофиқи мақсад донист. Гузашта аз ин, сафири Тоҷикистон дар бораи баъзе мушкилоти ҳамватанон дар вилоят сӯҳбат карда, бахусус аз масъалаи таъмини донишҷӯёни тоҷик бо хобгоҳ ва имкони ҷудо карда шудани утоқи корӣ ба Созмони ҷамъиятии тоҷикони вилоят ёдрас шуд. А. Якунин посух дод, ки масъалаҳои мазкур дар наздиктарин мӯҳлат ба таври мусбат ҳаллу фасл хоҳанд гардид.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!