Бахшҳо

ВИДЕО: Бо як SMS як дарахт “биншонед”

Дар шаҳри Душанбе иқдоми “Як SMS -- як дарахт” роҳандозӣ шудааст.

Мубтакирони ин иқдом имрӯз, 14 март бо баргузор кардани як нишасти хабарӣ гуфтанд, ҳадафи онҳо "сабз" кардани шаҳрҳои Тоҷикистон ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилоти экологӣ мебошад. Ҷаъфар Асимов, намояндаи ширкати “Вавилон” дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ҳар нафар метавонад дар ин маърака иштирок кунад: “Муштариёни ширкатҳои мобилии “Tcell”, “Beeline”, “Babilon” ва “MегаФон” метавонанд бо ирсоли СМС иштирокчии аксияи мо бошанд. Танҳо лозим аст, ки СМС-ро бо матни “nihol” ба рақами “5150” (арзишаш 5 сомонӣ) равон кунанд. Дар ҷавоб ба онҳо СМС меояд, ки навишта шудааст:
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад”.


Мубтакирони иқдом мегӯянд, бо маблағҳои гирдовардашуда ниҳол харидорӣ гардида, дар нуқтаҳои гуногуни кишвар нишонда хоҳад шуд: “Дар дарахтони шинондашуда рақами СМС-ҳои ирсолшуда ишора мешавад ва акси онҳо дар сомонаи “nihol.tj” нашр мегардад, то шаҳрвандон бубинанд, ки дар шинонидани кадом навъи ниҳол саҳм гузоштаанд”.

Иқдоми мазкур бо ташаббуси Барномаи рушди СММ, Агентии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон ва ташкилоти “Зервана” роҳандозӣ мегардад. Мадиброн Саидов, раҳбари Муассисаи давлатии Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Агентии хоҷагии ҷангал дар нишасти мазкур шинонидани ниҳолу дарахтро барои ҳар фард “ҳам қарзу ҳам фарз” дониста, афзуд: “Шаҳрвандон бо иштирок дар ин чорабинӣ барои ояндаи сабзи фарзандонашон саҳм хоҳанд гузошт”.

Ӯ мегӯяд, Агентии хоҷагии ҷангал ҳамасола ҳудуди 3 миллион ниҳол парвариш карда, то 1,5 миллиони онро ба фурӯш мебарорад.


Мӯҳр
gdfgdsf
Бисер икдоми нек, лекин нихолро шинондед, ба он об доданро аз хотиратон набароред.

точикистон
рохи дарахтро шинониданро гуфтед рохи об равонканданро чихел фахмем ки обхам равон кунем?

Rustik
Бехтарин икдом иншоаллох худам смс рои мекунам ва агар дарахте ки ба номи ман шинонида мешавад иншоаллох аз вай дарахт савобро интизорам.

Насрулло
Бисёр хуб, аммо Саидов якум ин ки Рохбари Агенти нест, балки рохбари яке сохторхои агенти аст. Дуюм ин ки насабаш Саидзода шудааст. Вакте журналист ба иштибох рох медихад, ин хуб нест.

Беҳтари иқдом, Худо хоҳад ман равон мекунам. СМС-и ҷавобие, ки дар ивази СМС-и равонкардаи мо меояд, мазмунан хеле кам рабт дорад ба ниҳолшинонӣ ва хуб мебуд бо ин шеърҳо ҷавоб дод, чун таҳриккунандаанду воқеан ҳам бедоркунандаи эҳсоси мусбии мардуманд...: Барандоз бехе, ки хор оварад,
Дарахте бипарвар, ки бор оварад.
(Абдулқосим Фирдавсӣ)

Шоҳиди боғ аст дарахти ҷавон,
Пир шавад, бишканадаш боғбон.
(Низомии Ганҷавӣ)

Дар ҷавонӣ саъй кун гар бехалал хоҳӣ амал,
Мева бенуқсон бувад, чун аз дарахти навбар аст.
(Абдураҳмонӣ Ҷомӣ)

Зи боғе, ки пешинагон коштанд,
Пасояндагон мева бардоштанд.
Чу кошта шуд аз баҳри мо чанд чиз,
Зи баҳри дигарҳо бикорем низ.
(Низомии Ганҷавӣ)

Дарахте, к-аввал аз пайванд каҷ хост,
Чу хушку пир гардад, кай шавад рост!?
Гилеми нав, к-аз ӯ гармӣ наёяд,
Куҳан гардад, куҷо гармӣ физояд!?
(Низомӣ Ганҷавӣ)

Дарахте, ки талх аст вайро сиришт,
Гараш барнишонӣ ба боғи биҳишт.
В-ар аз ҷӯи хулдаш ба ҳангоми об
Ба бех ангубин резию шаҳди ноб,
Саранҷом гавҳар ба кор оварад,
Ҳамон меваи талх бор оварад.
(Абдуллоҳи Ҳотифӣ)

Ниҳоле, ки корӣ дар ин тирахок,
Чунон корӣ, к-аз вояи табъи пок
Диҳад номи некӯт имрӯз бор,
Ба фардот хушнудии кирдгор.
(Абдураҳмони Ҷомӣ)

Аз аввал дарахти ҷавона бикор,
Пас он гаҳ куҳанро ҳаме бар зи кор!
Яке нонишонда, яке барканӣ,
Бувад, бегумон, хештандушманӣ!
Бад-ин ҳасбу ин ҳолу ин доварӣ
Яке байт гӯяд аҷаб Унсурӣ:
«Чу аз кӯҳ гириву нанҳӣ ба ҷой,
Саранҷом кӯҳ андар ояд зи пой!»
(аз «Пандномаи Анӯшервон»)

Чу худ хӯрдаӣ барги пешинагон,
Дарахте пасояндагонро нишон!
(Шамсиддин Шоҳин)

Ҳар кӣ кард обод як саҳрои ноободро,
Ҳар ниҳол аз ҳиммати ӯ ёдгорӣ мешавад.
Дона то дар хок н-афтад кай ба боло қад кашад?
Қадри одам ҳам баланд аз хоксорӣ мешавад.
(Аминҷон Шукӯҳӣ)
ҚАБЛАН АЗ ИБТИКОРОНИ ИН ИҚДОМ ВА МАСЪУЛОНИ ИН САЙТ СИПОСГУЗОРЕМ!

ааа
драхтшинониям ба бизнес ва тиҷорат табдил додед. Бо баҳонаи дарахтшинони мехоҳед пул кор кунед, ин роҳи фиреб аст. Як деҳқони оди метавонад бо 1000 сомонӣ як боғи дарахтзори чанд гектари ташкил кунд, шумо бошед пула мегиреду баъд дарахтои берешаи арзона аз ким кадом кишвари хориҷи харида меоред ва баъди ду сол хушк месозеду баҳонаатон шоҳи Ҳоанд фиреб дод аст.

Аз яактараф хандаовараст ва аз тарафи дигар шармандагист.

Rost
Барои об додан, бо ягон икдоми нав мебароят ба монанди SMS "дарахтхо бе об мондиян" нархи як SMS 4 сомони бо арзиши ААИ.....

ободи
Аз умри азаз ин бувад ормонам. Аз худ ба чахон ягон нишоне монам. Як шахр агар зи ман намонад боки Як бог ва ё нихолаке сабзонам...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)