Бахшҳо

Бонки Ҷаҳонӣ дар парлумони Тоҷикистон таҳаввулот ворид сохт

Ҷихати тақвияти зарфият ва иқтидори иқтисодии парлумон дар бахши молия дар назди кумитаи иқтисод ва молияи МН котибот таъсис дода шуд.


Тавре Муҳаммадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ дод, ин тасмим бар асоси ёддошти ҳусни тафоҳум ва ҳамкорӣ бо дастгирии Бонки Ҷаҳонӣ, дар доираи барномаи тақвиятдиҳии идоракунии давлатӣ дар Тоҷикистон аз сар гирифта шудааст. Султонов афзуд, котиботи мазкур бояд тавассути пурзӯр намудани мақом ва иштироки парлумон дар ҷараёни буҷет  ва дар тамоми давраи буҷетӣ аз ҳисоби беҳгардонии таҳлили маълумоти буҷетӣ ва самаранок гузаронидани муҳокимаҳои буҷетӣ, баланд бардоштани самаранокии ҳисоботи молиявии ҳукуматдар назди парлумон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ комёб шавад.

Манбаъ ҳамчунин гуфт, амаликунии бомуваффақияти лоиҳа метавонад иқтидори кумитаи иқтисод ва молияро (ва дигар кумитаҳои зирабтро) тавассути таъсиси котибот  бо кормандони варзида дар таҳлил ва таҳқиқ, гузаронидани таҳқиқҳои мустақил ва ҷамъи маводҳои таҳлилӣ барои омодасозии тағйироту тавсияҳо оид ба ҷараёни буҷет тақвият диҳад. Дар доираи лоиҳа чораҳои кӯмак кардан ба ҷараёни коркарди методологияи омодасозии буҷети шаҳрвандӣ муайян шудааст, ки метавонад Тоҷикистонро ба ташаббуси “Шаффофияти буҷет” ҳамроҳ намояд ва иқтидори мониторинги шаффофияти буҷетро баланд намуда, системаи робитаҳои берунаи парлумонро дар масълаи буҷет беҳтар гардонад, тренингҳо ва омӯзиши кормандон, ки барои банизомдарории омодасозии маводҳои лозима оиди буҷет барои ВАО ва аҳли ҷомеа ташкил созад.

Зимнан Султонов қайд кард, ки ба ҳайати котибот афроди зерин шомиланд: Қосим Мӯъминов, роҳбари котибот, Людмила Боронова ва Раҳима Тӯйчиева- мушовирон таҳлилгарон, инчунин Заррина Маҳмадалиев ба ҳайси мушовир-маъмур.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)